Таҳия ва пешбурди лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии ИДМ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, қадами муҳим гардид. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 29 июл дар Минск баргузор шуд, изҳор доштанд, хабар медиҳад ИА «Авеста» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ додааст, дар ҷаласа натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷамъбаст карда шуданд.
Дар бораи рафти иҷрои Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимсолаи аввали соли 2025 ва Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи он ба аъзои Шӯро Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Раиси Шӯро Бахтовар Сафарзода иттилоъ дод.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Стратегия аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ дар доираи татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 таҳия шудааст. Лоиҳаи Стратегия ҳадафҳо ва тамоюлҳои рушди системаи нақлиётро дар фазои ИДМ муайян мекунад.
10 июл лоиҳаи Стратегия дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар Шуъбаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Маскав низ маъқул дониста шуд. Акнун он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 5 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуда, сипас тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии мақомоти олии ИДМ пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки саммити сарони давлатҳои ИДМ дар даҳаи аввали моҳи октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳамоиш таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои сарони Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир хоҳад гардид.