25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) қатъномаи таърихиро бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ (ЗС) дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қабул кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми МУ СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод шуда буд.
Қатънома, ки аз ҷониби МУ СММ якдилона қабул шудааст, намунаи муҳими ташаккули иҷмои (консенсуси) ҷаҳонӣ оид ба истифодаи одилона ва бехатари зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди ашколи худтанзимкунӣ ва идоракунии бомасъулияти технологияҳои ЗС дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ гардид.
Дар қатънома инчунин роҳҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ нишон дода шудаанд. Яке аз тадбирҳои асосии пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки татбиқи ЗС дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Рушди сареъи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон
Бешубҳа, қабули қатъномаи зикршуда нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои зеҳни сунъӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бозгӯ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъйид менамояд.
Тайи 25 соли охир Сарвари давлат ба рушди инноватсионии соҳаҳои барои иқтисодиёт муҳим таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Пешвои миллат ҳар сол бо намояндагони зиёиёни илмию эҷодӣ мулоқоту машваратҳо мегузаронанд ва ҳангоми қабули қарорҳои асосии давлатӣ андешаҳои онҳоро ба назари эътибор мегиранд.
Бо мақсади татбиқ ва истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа бо фармони Президенти ҶТ аз 5 ноябри соли 2003 таҳти № 1174 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин барномаҳои марҳилавии рушди ТИК дар ҶТ қабул карда шуданд. Қисматҳои алоҳидаи Стратегия ба соҳаҳои телекоммуникатсия, системаи бонкӣ, тиҷорати электронӣ, маркетинг, маориф ва илм, тандурустӣ, ташкили ҳукумати электронӣ, амнияти иттилоотӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Бахши махсуси Стратегия «Зеҳни сунъӣ» номида шудааст.
Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 таҳти № 643 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд, ки ба истифодаи технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ равона шудааст.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2019 таҳти рақами 642 тасдиқ гардид.
Соли 2019 бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт КВД «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуд, ки дар таъмини амният, идоракунии самараноки инфрасохтори шаҳр ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ нақши муҳим мебозад. Дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд» зиёда аз 20 лоиҳа, аз ҷумла «Иқтисоди рақамӣ», «Нақлиёти ҳушманд», «Тандурустии ҳушманд», «Маорифи ҳушманд», «Равшании ҳушманд», «Шаҳри сабз», «Харитаи электронӣ» ва ғайра амалӣ карда мешаванд.
31 январи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони рақами 1445 солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.
Дар мамлакат «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул гардид, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 532 аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст.
Ва ниҳоят, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 таҳти № 483 «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул карда шуд. Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, чунин стратегияро мавриди амал қарор дод. Стратегия ба даст овардани 5% ММД-ро аз ҳисоби зеҳни сунъӣ пас аз 15 сол пешбинӣ намудааст.
Зеҳни сунъӣ ба нақлиёт ворид мешавад
Дар Тоҷикистон афзоиши босуръати нақлиёти барқӣ мушоҳида мешавад, ки бо татбиқи Барномаи ҳукуматии рушди нақлиёти барқӣ алоқаманд аст ва ба тамоюли умумиҷаҳонии коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мувофиқат мекунад.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, агар дар соли 2024 ба кишвар 17695 адад мошинҳои барқӣ ворид карда шуда бошанд, пас танҳо дар панҷ моҳи соли 2025 зиёда аз 12821 мошинҳои нави барқӣ ворид карда шуданд. Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни соли 2025 ба 34354 адад расид.
Бо имзои Раиси шаҳри Душанбе «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва Қарор дар бораи гузариши пурра ба истифодаи хизматрсонии нақлиёти барқӣ ба мусофирони таксӣ то 1 сентябри соли 2025 имзо шудаанд.
Лоиҳаи «Нақлиёти ҳушманд» рақамисозии соҳаи нақлиёти пойтахт, аз ҷумла насби POS-терминалҳо дар ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ (пардохти роҳкироро на танҳо бо кортҳои бонкӣ, балки бо пули нақд бо гирифтани чек анҷом додан мумкин аст), истифодаи трекерҳои GPS, сенсорҳои сатҳи сӯзишворӣ ва ҳаҷми мусофиркашонӣ, истифодаи нақлиёти экологӣ амсоли микроавтобусҳои Foton Toanoро, ки 17 мусофирро ҷойгир мекунанд ва метавонанд то 350 километрро бо як заряд тай кунанд, пешбинӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёти барқӣ бо истифода аз технологияҳои нави рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ кор мекунанд.
29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти кишвар Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ аз бахшҳои идоракунии дороиҳои роҳ, барномасозон ва амнияти иттилоотӣ, идоракунии системаи зеҳнии нақлиёт, ки дар ҷаҳон бо номи ITS маъруф аст ва логистикаи рақамӣ иборат аст, ки ҳар кадоми онҳо дар самтҳои алоҳида, аз ҷумла барӯихатгирии дороиҳо ва шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард, рақамисозии соҳа ва татбиқи ҳамаи барномаҳое, ки дар асоси талаботи 30 модули соҳавӣ таҳия шудаанд, барои фаъолияти мураттаб ва босамар шароити мусоид фароҳам меоранд. Аксари ин модулҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ амалӣ карда мешаванд.