Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
7 июли соли 2025 мулоқоти муовини аввали Вазири нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо миссияи Бонки Осиёии рушд (БОР) баргузор гардид. Дар мулоқот директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода, намояндаи БОР Дэвид Фей ва дигарон иштирок карданд.
Ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳоро муҳокима карданд ва бо корҳо оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» шинос шуданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, БОР ҷиҳати азнавсозии ин роҳ ба Тоҷикистон тақрибан 87 миллион доллар грант ҷудо кардааст.
Роҳи духатаи «Данғара – Гулистон» бо дарозии 49 километр пас аз таҷдид аз чор хати ҳаракат иборат хоҳад буд.
Дар бунёди роҳи мазкур бори аввал дар Тоҷикистон унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим истифода мешаванд. Илова бар ин, дар канори роҳ барои ҳаракати велосипедронҳо ва маъюбон шароит фароҳам оварда мешавад.
***
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳҳро таъмири ҷорӣ хоҳад кард. Тибқи нақшаи филиали Ҷамъияти саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавсими ҷорӣ дар 3 маҳал – ноҳияи Варзоб, водии Зарафшон ва вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор тонна асфалт сарф карда мешавад, дар беш аз 100 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва 32,65 километр таъмири асосӣ гузаронида мешавад.Дар ин хусус НИАТ «Ховар» бо истинод ба филиали ширкат хабар медиҳад.
Дар ноҳияи Варзоб зиёда аз 2 ҳазор тонна асфалт сарф ва 3,2 километр роҳҳо ба таври куллӣ таъмир карда мешаванд. Илова бар ин, дар ин минтақа бо хароҷоти 572,03 тонна асфалт 4807 метри мураббаъ роҳҳо таъмир мегарданд.
Дар водии Зерафшон 14,35 километр роҳҳо таъмири асосӣ карда шуда, дар вилояти Суғд истифодаи қариб 18 ҳазор тонна асфалт пешбинӣ гардидааст, дар ин замина дар 15,1 километр роҳҳо ва 16000 метри мураббаъ роҳҳо таъмири асосӣ гузаронида мешавад.
***
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 14 июли соли 2025 парвозҳои мустақими байналмилалиро тариқи хатсайри «Душанбе – Теҳрон – Душанбе» аз нав ба роҳ монд. Дар ин бора хадамоти матбуоти интиқолдиҳандаи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд, ки ба мусофирон имконияти муносиб барои сафарҳои корӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эронро фароҳам меорад.
Вақти парвоз аз Душанбе рӯзи душанбе соати 09:10 дақиқа, дар самти баръакс соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ. Рӯзи ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе соат 11: 00, аз Теҳрон соати 13:50.
Аз 20 июл ширкати ҳавопаймоӣ инчунин парвозҳоро тариқи хатсайри «Душанбе – Ҷидда – Душанбе» низ аз сар мегирад. Парвозҳо дар моҳи июл ҳафтае як маротиба (якшанбе) бо афзоиши минбаъдаи парвозҳо (ҷумъа ва якшанбе) анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 23:00, аз Ҷидда соати 04:00.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори ҷаҳонӣ бомуваффақият фаъолият мекунад ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Флоти ширкат аз ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи хатсайри ҳавопаймоҳо ва парки ҳавопаймоҳо нигаронида шудааст ва ҳоло парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.
***
Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон Centrum Air парвозҳои мустақимро аз Тошканд ва Самарқанд ба Душанбе шуруъ кард. Тибқи иттилои ширкат, парвозҳо бо хатсайри «Тошканд – Душанбе – Тошканд» аз 19 июл ва ба самти «Самарқанд – Душанбе – Самарқанд» аз 20 июл бо ду парвоз дар як ҳафта дар ҳар хатсайр оғоз пазируфтанд.
Нархи чиптаҳои парвоз тариқи «Тошканд – Душанбе» аз 653 ҳазор сӯм (тақрибан 495 сомонӣ аз рӯи қурб), тариқи «Самарқанд – Душанбе» аз 608 ҳазор сӯм (460 сомонӣ) нишон дода шудааст.
Зикр карда мешавад, ки парвозҳо дар ин хатсайрҳо аз ҷониби ширкати Centrum Air дар асоси Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расидааст, анҷом дода мешаванд.
ДАР МИНТАҚА
Чин аввалин қатораи боркашониро тариқи долони мултимодалии Чин – Қирғизистон – Узбекистон ба Осиёи Марказӣ фиристонд. 17 июл аз истгоҳи Утсзяшан дар шаҳри Ухан (музофоти Хубэй, Чини марказӣ) аввалин қатораи боркаш дар доираи хатсайри мултимодалии Чин – Қирғизистон – Узбекистон ба роҳ баромад. Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии Чин «Жэньминь Жибао» хабар дод.
Қатора зарфҳои хӯрокворӣ ва дигар молҳоро интиқол медиҳад. Пас аз расидан ба Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Ӯйғур) бори контейнерҳо ба нақлиёти автомобилӣ бор карда мешаванд ва автомобилҳо тавассути гузаргоҳи сарҳадии Иркештам то Тошканд мераванд.
Зикр карда шудааст, ки лоиҳа дар шакли ҳамлу нақли омехта (тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ) амалӣ мегардад. Ташаббуси мазкур ба густариши робитаҳои логистикӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст. Нақшаи нав, тибқи маълумоти корпоратсияи роҳи оҳани Хубэй, имкон медиҳад, ки мӯҳлати интиқол аз 20 то 10 рӯз, яъне ду баробар кам кеарда, инчунин хароҷоти нақлиётӣ ва суғурта 30% коҳиш дода шавад.
Пештар, аз соли 2021, аз Ухан аллакай хатсайрҳои боркашонӣ то Алмаато амал мекарданд ва аз моҳи апрели соли 2025 интиқол ба Осиёи Марказӣ ба таври мунтазам дар ҳаҷми то 440 контейнер ва зиёда аз 7,5 ҳазор тонна бор дар як моҳ ба роҳ монда шуд.
***
Осиёи марказӣ имконият дорад, ки аз гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва фаромарзӣ пул кор кунад. Лоиҳаҳои нақлиётии мавҷуда аллакай ба минтақа беш аз 1 миллиард доллари ИМА фоида меоранд, хабар дод дотсенти кафедраи молия ва муносибатҳои асъорӣ-кредитии Академияи олии савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия Олег Абелев.
Хабарнигори SputnikUzbekistan хабар медиҳад, ки дар кишварҳои ОМ шумораи зиёди занҷираҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мавҷуданд.
***
Ронандагони таксиҳои Афғонистон рощи ҳалли мушкили ҳавои гармро ихтироъ карданд. Таксиронҳо дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон дар болои мошинҳои худ таҷҳизоти хунуккунии худсохтро бо истифода аз сатилу лулаҳои обгузар насб карданд. Дар ин бора Noi.md бо истинод ба libertatea.ro хабар медиҳад.
Ин дастгоҳҳои худсохт дар посух ба ҳарорати баланди ҳаво, ки дар ҷануби ин кишвар аксаран аз 40 °C зиёд аст, пайдо шуданд. Ронандагони таксӣ мегӯянд, ки кондитсионерҳо дар мошинҳоаз шиддати гармӣ зуд-зуд колрношоям мешаванд. Ягона мушкилот бо ин тарҳ ин аст, ки дар як рӯз ду маротиба дастӣ ба дастгоҳ об мерезанд. Бо вуҷуди ин, мусофирон ихтирои эҷодии ронандагони таксиро қадр карданд.
Афғонистон яке аз камбизоаттарин кишварҳои ҷаҳон ва низ яке аз осебпазиртарин ба таъсири тағирёбии иқлим аст. Ҳукумати он ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки ҳарорат дар аксари минтақаҳои кишвар дар ҳафтаҳои оянда боз ҳам боло хоҳад рафт.
***
Дар Ҷалолобод (Қирғизистон) сохтмони роҳи атрофи фурудгоҳи нав оғоз ёфт, хабар медиҳад шаҳрдорӣ. Тибқи маълумоти ин ниҳод, 12 июл шаҳрдори Ҷалолобод Эрнисбек Ормоков дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Сузак, намояндагони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин роҳбарони идораҳо ва корхонаҳои дахлдор дар ҷои ҳодиса бо роҳи сохташаванда шинос шуданд ва мушкилоти вобаста ба сохтмони онро муҳокима карданд.
Раиси шаҳр зикр кард, ки сохтмони ин роҳ барои сокинони Ҷалолобод ва ноҳияи Сузак аҳамияти калон дорад ва ба роҳбарони масъул як қатор супоришҳо дод.
Ҳамин тавр, роҳи атроф якчанд деҳаҳои шаҳри Ҷалолобод ва ноҳияи Сузакро бо ҳам мепайвандад ва аз фурудгоҳи сохташаванда мегузарад. Дарозии умумии роҳ 9,7 километр, паҳнои он 12 метр ва паҳнои қисми роҳ барои автомобилҳо 6,5 метрро ташкил медиҳад.
***
Дар Узбекистон таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди А380 Ғузор – Бухоро – Нукус – Бейнав» идома дорад, хабар медиҳад агентии миллии иттилоотии кишвар УзА. Ин шоҳроҳ дастрасӣ ба инфрасохтори нақлиётии Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Федератсияи Русия, Украина ва Ҷумҳурии Қазоқистонро таъмин мекунад ва инчунин бо хатсайри нақлиётии Трансафғон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон ҳамгиро мешавад.
Барои баланд бардоштани қобилияти гузариши шоҳроҳ, тибқи қарори Сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Узбекистон дар солҳои 2025-2027» аз 24 декабри соли 2024, таҷдиди роҳи автомобилгарди А380 ба нақша гирифта шудааст.
Барои татбиқи корҳои сохтмонӣ 71,2 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Лоиҳа аз гузоштани пӯшиши асфалтбетонӣ иборат аст .
***
Дар Узбекистон сохтмони роҳи пулакӣ байни Самарқанд ва Бухоро шуруъ мешавад. Сохтмони роҳ соли 2027 ва имзои созишнома соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.
Моҳи январи соли ҷорӣ байни ширкати туркии IC Içtaş Inşaat ва Кумитаи роҳҳои автомобилгарди Узбекистон дар бораи лоиҳаи роҳи нави пулакӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин роҳ бояд Самарқанд ва Бухороро тавассути вилояти Навоӣ пайваст кунад.
***
То соли 2027 Узбекистон нақша дорад, ки татбиқи лоиҳаи «Сурхондарё» - ро, ки ба рушди роҳҳои автомобилгарди миллӣ равона шудааст, ба анҷом расонад. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад. Барои ин бояд Бонки Осиёии рушд маблағ ҷудо намояд.
Дар вилояти Сурхондарё роҳи нав сохта мешавад, ки шоҳроҳҳои M39 ва M41-ро бо ҳам мепайвандад. Дарозии умумии роҳи автомобилгард бояд 111 км бошад. Пас аз ба итмом расидани лоиҳа, роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, ки аз қаламрави вилояти Сурхондарё мегузаштанд, бояд роҳи интиқолдиҳандагони байналмилалӣ ва маҳаллиро, ки борҳоро ба Тошканд ва кишварҳои ҳамсоя интиқол медиҳанд, 146 км кутоҳ кунанд.
***
То охири Соли 2027 Покистон, Афғонистон ва Узбекистон роҳи оҳани Трансафғонро бунёд мекунанд, ки се кишварро бо ҳам мепайвандад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Дар натиҷаи вохӯриҳои кории намояндагони се кишвар «харитаи роҳ» барои гузаронидани тадқиқоти техникӣ ва дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ барои зудтар амалӣ кардани лоиҳа мувофиқа карда шудааст.
Тахмин меравад, ки масири роҳи оҳан бо дарозии тақрибан 760 км аз Тирмиз дар Узбекистон, Мазори Шариф ва Лоғар дар Афғонистон мегузарад ва ба қаламрави Покистон дар назди нуқтаи сарҳадии Харлачи дар ноҳияи Куррам мерасад.
Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, роҳи мазкур имкон медиҳад, ки мӯҳлати интиқоли борҳо байни Узбекистон ва Покистон ҳадди аққал панҷ рӯз кам карда, хароҷоти нақлиёт тақрибан 40% коҳиш дода шавад.
Арзиши лоиҳа 6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ҷонибҳо интизор доранд, ки онро то охири соли 2027 ба анҷом расонанд, то ки то соли 2030 тавассути роҳи оҳани Трансафган дар як сол то 15 миллион тонна бор интиқол дода шавад.
***
Вазорати нақлиёти Қазоқистон маълумоти ҷолиб паҳн кард. Дар кишвар нақшаи истифодаи ташаккулҳои минералии техногенӣ дар сохтмони роҳҳо тасдиқ карда шуд, хабар медиҳад Zakon.kz.
Нақша, тавре дар сайти ин ниҳод 10 июли соли 2025 зикр шудааст, татбиқи маҷмӯи тадбирҳоро барои коркард ва истифодаи ташаккулҳои минералии техногенӣ (ТМО) – хокистар, сарбораҳо, сангҳои забола ва ғайраро дар сохтмони роҳҳо пешбинӣ мекунад.
Коршиносон дар илова зикр мекунанд, ки дохил кардани ашёи хоми техногенӣ на танҳо хароҷоти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро кам мекунад, балки фишори экологиро ба муҳити атроф ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
ДАР ҶАҲОН
Қазоқистон дар роҳи борҳои чинӣ ба Беларус як маркази калони логистикӣ бунёд мекунад. Дар минтақаи саноатии Қустанай дар сарҳади Қазоқистон ва Русия сохтмони маҷмааи калони нақлиётӣ-логистикии «Тобил» оғоз ёфт, ки бояд маркази калидии транзитӣ барои интиқоли молҳо аз Чин ба Беларус ва дигар кишварҳо гардад.
Масоҳати иншоот беш аз 130 гектарро ташкил медиҳад ва он метавонад дар як сол то 400 ҳазор контейнерҳои андозаи ҳар кадом 20 футро (беш аз 11 миллион тонна бор) коркард кунад, хабар дод хадамоти матбуоти Роҳи оҳани Қазоқистон.
Тибқи лоиҳа, тамоми функсияҳои зарурӣ барои коркард ва назорати борҳо: аз терминалҳо ва анборҳо то гумрук, минтақаҳои IT ва хидматрасонӣ дар ҳудуди маркази логистикӣ мутамарказ карда мешаванд. Пайгирии нақлиёт бо истифода аз системаи рақамӣ дар вақти воқеӣ ба нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки дар маркази нав тақрибан 500 ҷои корӣ таъсис дода шавад ва ҳаҷми сармоягузорӣ қариб 64 миллиард танга (наздики 392 миллион рубли белорусӣ) - ро ташкил диҳад.
Сохтмони марказ то соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
«Тобил» қисмате аз долонҳои байналмилалии нақлиётӣ хоҳад буд, ки Чин, Осиёи Марказӣ, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Аврупоро бо ҳам мепайванданд.
***
Мошинҳои бесарнишин дар Русия дар соли 2028 ба роҳҳои умумӣ бароварда мешаванд. Дар Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия Гурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани воситаҳои нақлиёти автоматикунонидашуда таъсис дода шудааст.
Гурӯҳи корӣ кӯшишҳоро оид ба танзими меъёрӣ ва техникии татбиқи мошинҳои худгард дар роҳҳо ҳамоҳанг хоҳад кард. Гурӯҳро директори Департаменти рушди рақамии Вазорати нақлиети Русия Артем Юренков роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод, саноат, корҳои дохилӣ, ҳукумати Маскав, ПАО «КамАЗ», ҶДММ «Автотех», ҶДММ «Яндекс», ҶДММ «ГЛОНАСС», ҶДММ «Интиқолдиҳандаи миллӣ», Маркази илмии Вазорати нақлиети Русия, Ассотсиатсияи нақлиети рақамӣ ва логистика, Метрополитен ва Маркази ташкили ҳаракати роҳ дохил мешаванд.
Самти асосии фаъолияти гурӯҳ таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла талаботи техникӣ, стандартҳои бехатарӣ ва қоидаҳои истифодаи бесарнишинҳо мебошад.
***
Дар метрои пойтахти Русия мусофиронро қаторҳои бесарнишин интиқол медиҳанд. Дар Маскав то охири соли 2026 қаторҳои бесарнишини метро ба кор медароянд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА Новости шаҳрдори Маскав Сергей Собянин нақл кард.
Яке аз бартариҳои муҳими метрополитени Маскав – кӯтоҳтарин фосилаи ҳаракати қатораҳо дар 90 сонияро раиси шаҳр дар қатори мушкилоти лоиҳа номбар кард: «Ва барои ин талаботи комилан дигар лозим ааст, вокуниши дигар, эътимоднокии дигар бояд бошад. Ин, албатта, мушкилоти иловагиро ба вуҷуд меорад, аммо ман умедворам, ки мо онҳоро бартараф хоҳем кард» - гуфт ӯ.
Бояд зикр кард, ки дар метрополитени пойтахти Арабистони Саудӣ аз соли гузашта аллакай системаи бесарнишин иборат аз 85 истгоҳ фаъолият мекунад.