23 июл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва муассисаю ташкилотҳои тобеи он дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Ҷаласа бо иштироки роҳбарияти вазорат ва воҳидҳои сохтории он, муассисаю ташкилотҳои тобеи Вазорат, намояндагони вазорату идораҳои марбута сурат гирифт.
Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода ширкат варзид.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаю ташкилотҳои тобеи он дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2025 муовини аввали Вазир Фаррух Неъматзода ҳисобот дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 2837 корхона бо шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2439 субъектҳои хоҷагидории нақлиёти автомобилӣ (корхона ва терминалҳои боркашонию мусофирбарӣ, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва ғайра), 261 корхона ва муассисаҳои нигоҳдори роҳҳо) ва 137 корхонаю муассисаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7% зиёд мебошад.
Айни замон 902 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 179 шаҳрӣ, 536 наздишаҳрӣ, 156 байнишаҳрӣ ва 31 байналмилалӣ амал менамоянд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар мамлакат 701231 адад воситаи нақлиёт (аз ҷумла 53967 нақлиёти боркаш, 16520 мусофирбар, 606296 сабукрав, 6007 нақлиёти махсус ва 18441 мотосикл) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 64938 адад ё 10,8% бештар аст. Аз ин миқдор 54573 адад воситаҳои нақлиёт (тақрибан 10,3%) дар соҳаҳои иқтисоди кишвар истифода бурда мешаванд.
Тайи нимсолаи аввали имсол тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 66,6 млн. тонна бор бо гардиши 6,8 млрд. тонна/км ва 511,1 млн. нафар мусофир бо гардиши 7,6 млрд. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба соли гузашта боркашонӣ 9,3%, гардиши бор 16,4%, мусофирбарӣ 5,8% ва гардиши мусофирон 13,3% зиёд гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки вобаста ба шароити хоси иқлимӣ ва ҷойгиршавии чуғрофии кишварамон нақлиёти автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ нақши бориз дорад: беш аз 94,5% бор ва 99,8% мусофирон маҳз ба воситаи ҳамин намуди нақлиёт ҳамлу нақл карда мешавад.
Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 32,1% боркашонӣ (21 млн.406, 1 ҳазор тонна) ва наздик ба 97,4% мусофиркашонӣ (497 млн. 951,7 ҳазор нафар) тавассути нақлиёти автомобилии системаи вазорат интиқол дода шудааст.
Ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, дар ин давра 70,0% боркашонии байналмилалӣ тавассути ин намуди нақлиёт амалӣ гардидааст. Бо роҳи оҳан дар шаш моҳи соли равон 3 млн.628,6 ҳазор тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст.
Мушаххас карда шуд, ки ҳаҷми боркашонии транзитӣ дар нимаи авали соли равон 18,774 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,761 ҳазор тонна зиёд буда, барои расидан ба ҳадафи навбатии стратегӣ – ба кишвари ҷолиби транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фарҳам меорад.
Дар баробари ин таваҷҷуҳи ҳайати мушовара ва масъулини соҳа ба як қатор камбудию норасоиҳо ҷалб карда шуд. Зикр гардид, ки ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 52% - ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% коҳиш ёфтааст. Ҳанӯз ҳаҷми содирот нисбат ба воридот тавассути нақлиёти автомобилӣ 1,5 маротиба, ба воситаи роҳи оҳан 14, 2 маротиба зиёд мебошад. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ (пахта, хушкмева), хӯрокворӣ, семент ва ғайра ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар ҷаласа роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтори ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорат аз фаъолияти худ дар зарфи шаш моҳ мухтасар гузориш доданд.
Ҷаласаро Раиси ҳайати мушовара, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷамъбаст намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудииҳои ҷойдошта, зиёд намудани теъдод ва анвоъи (диверсификатсияи) масир ва хатсайрҳои байналмилалӣ, ташкили фаъолонаи интиқоли бор, ба хусус пиёзи барвақтӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, сохтмон ва барқароркунии инфрасохтор ва навсозии парки роҳи оҳан бо ҷалби сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳа, тезонидани ташкили марказҳои логистикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмини пурраи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пурра, пурзӯр намудани назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн, беҳдошти нигоҳдории ҳолати роҳҳои автомобилгард ва тайёрӣ мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва ноил шудан ба ҳадафи стратегии ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дастуру супоришҳрои мушахаас дод.
«Барои пурра ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мо бояд чуғрофиёи ҳамлу нақлро густариш бахшем, дар баробари бунёди роҳу пулҳои нав қобилияти итминон ва эътимоднокии иншооти мазкур, тарзи нигоҳдорӣ ва ҳолати роҳҳои автомобилгард, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сифати корҳои лоиҳакашӣ, ҳамлу нақл ва дигар хизматрасониҳои нақлиётиро боз ҳам беҳтар намоем», – хулоса кард Вазири нақлиёт.
Ҳайати мушовараи вазорат аз рӯи масъалаи муҳокимшуда қарори дахлдор қабул намуд.