Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он дар нимсолаи аввали соли 2025 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти рақами АП-1729 ва дар асоси Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки аз ҷониби Роҳбари дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири нақлиёти ҶТ, муовинони ӯ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва корхонаю муассисаҳои тобеи Вазорати нақлиёт гузарноида шуд.
Ба пурсошҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ дар бораи мавзӯъҳои мубрами соҳа, аз қабили сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кушодани хатсайрҳои нави нақлиёт, хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ, рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рақамисозии соҳа ва ғайра Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим посух дод.
Дар нишасти матбуотӣ муовини Сардори Идораи рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода ширкат намуд.