Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯи ваҳдати миллӣ командони соҳа ва дар симои онҳо мардуми Тоҷикистонро бо 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ шодбош гуфт.
Матни табрикоти Вазир дар зер оварда мешавад.
Дӯстони арҷманд, ҳамкорони гиромӣ,
Дар тӯли таърихи башарият, дар ҳаёти қавму миллатҳои гуногун воқеаҳое рӯй додаанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради фарзандони фарзонаи ҳамон қавму миллат барои рушди минбаъдаи кишвару давлаташон ҳамчун чароғи ҳидоят пазируфта шудаанд.
Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки мо имсол 28-умин солгарди онро ҷашн мегирем, барои миллати мо, мардуми шарафманди кишварамон – Тоҷикистони азиз, дар қатори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, аз ҳамин гуна рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсоз маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми сокинони кишварамонро ба ифтихори ин санаи муборак самимона табрику таҳният мегӯям!
Ҳамкорони арҷманд,
Ваҳдат чист? Дар Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ маънии ин вожа чунин баён гаштааст: ягонагӣ, яке будан, якдил, якрӯ, якмаром будан. Таърихи гузаштаи начандон дури халқамон нишон дод, ки ин сифатҳо аз омилҳои муҳими амнияти кишвар, фазои тинҷу осуда, рушди давлатдорӣ ва саодату хушбахтии мардум аст.
Тавре мову шумо медонем ва аксарамон шоҳид будем, баъди ҳазор сол, дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта ба истиқлол расидани давлати Тоҷикистон ба чашму гӯшу қалби баъзе ҳасудони дохилию хориҷӣ, худбохтагону имонфурӯхтагон хуш наомад ва онҳо бо истифода аз хушбоварии мардумамон дар сарзамини мо тухми низову нифоқ коштанд ва оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯхтанд.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нангин садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон ва гурезаю дарбадар шуданд, ба иқтисодиёти кишвар ба маблағи миллиардҳо сомонӣ зарар расид.
Баъди панҷ соли даргириҳо, ба ҷони ҳамдигар дарафтоданҳо, худкушию худсӯзиҳо бо саъю талоши фидокоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти тӯлонӣ бо мухолифин 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин санади тақдирсоз аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ҳамчун пайки шодӣ, паёми оромию осудагӣ ва номаи бахту иқбол қабул гардид.
Сокинони кишварамон таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рафъи оқибатҳои даргириҳо, обод намудани харобаҳои ҷанг ва бартараф намудани мушкилоти зиёди ҷомеа камар бастанд.
Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонида, барояшон шароити зарурии зиндагӣ муҳайё карда шуд.
Шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ аз нав фаъол гардиданд.
Ҳамаи мову шумо медонем, ки дар давоми 28 соле, ки дар фазои ваҳдати миллӣ ба сар мебарем, дар натиҷаи табдирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи олам ва санадҳои муҳими ҷаҳонӣ пайваст.
Ду сол пеш дар раддабандии кишварҳои амнтарини олам Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дар ин давра даҳҳо иншооти нави маъмурию маишӣ, мактабҳо, шифохонаҳо, истироҳатгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бунёди калонтарин дар Осиёи Марказӣ неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид ва то ҳол аз 6 чархаи он 2 чарха бо иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта шудааст.
Дӯстони азиз,
Бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Дар тули 28 соли Ваҳдати миллӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи беш аз 26 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Танҳо соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Соли 2024 таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долонҳои транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
Бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар се – чор соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии кишварамонро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонем.
Мавриди зикр аст, ки бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.
Имрӯз Тоҷикистон дар байни кишварҳои мутараққии олам соҳиби обрӯю нуфузи шоиста мебошад. Аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани иқдомҳои сатҳи байналмилии кишварамон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар бахшҳои обу иқлим, варзиш, фарҳанг ва ғайра ношонаи возеҳи эҳтирому эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Тавре Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад».
Ҳаводиси солҳои охир дар зовияҳои гуногуни олам, вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро бояд ба андеша водор созанд. Тавре Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд: бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.
Чунин суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамеша дар ёд дошта башем, ки гуфтаанд: «Мо яроқи ҳастаӣ надорем. Яроқи ҳастаии мову шумо дар ваҳдати миллӣ аст, дар сарҷамъии миллат аст!».
Дар охир Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии осоишта, саодату комронӣ ва садоқати бепоён ба Ватан ва давлату миллати хешро таманно мекунам.
Рӯзи ваҳддати миллӣ муборак!