Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувор ва динамикаи мусбат нишон дод. Тавре АМИТ «Ховар» навиштааст, дар ин бора рақамҳое, ки дар гузориши Агентии омори назди Президенти ҶТ «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли 2025» дарҷ шудаанд, шаҳодат медиҳанд.
«Ҳаҷми ҳам боркашонӣ ва ҳам мусофиркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзудааст», – менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Ин нишондиҳандаҳо инъикоси равшани таҳкими иқтисодиёт, тавсеаи фаъолияти тиҷоратию саноатӣ ва афзоиши ҳаракат ва рафтуои аҳолӣ мебошанд».
Зикр гардидааст, ки ҳамагӣ дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳамаи намудҳои нақлиёт 53,4 миллион тонна бор интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 8,9 фоиз зиёд аст. Ҳиссаи калон – 94,2% аз ҳаҷми умумӣ ё 50,3 миллион тонна – ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд, ки нақши калидии онро дар таъмини ҷараёни логистикии кишвар таъкид мекунад.
«Рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳбуди вазъи роҳҳои автомобилгард, баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ба рушди баробар дар тамоми минтақаҳо мусоидат мекунад», — омадааст дар мақолаи таҳлилии «Ховар», ки рӯзи душанбеи 23 июн нашр шудааст.
Нишондиҳандаҳои баландтарин дар вилояти Хатлон — 17,99 млн тонна (вазни хос - 35,8 %), вилояти Суғд — 17,41 млн тонна (34,6 %) ба қайд гирифта шуданд, дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда 6,9 млн тонна (13,7 %), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ (НТҶ) — 7,57 млн тонна (15 %) ва дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон – 462,3 ҳазор тонна (0,9 %)-ро ташкил додааст.
«Дар таъмини ҳамлу нақли устувор нақлиёти роҳи оҳан, ки интиқоли каммасрафи борҳои калонҳаҷмро таъмин мекунад, нақши муҳим мебозад», — менависад муаллифи мақолаи таҳлилӣ, рӯзноманигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоири. — Дар моҳҳои январ-майи соли 2025 тавассути роҳи оҳан 3,11 миллион тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,9% зиёд аст. Ин нишондиҳандаи назаррас аст, хусусан дар шароити афзоиши ҳаҷми интиқоли транзитӣ ва васеъшавии содирот».
Гуфта мешавад, ки таҳкими робитаҳои роҳи оҳан бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон барои тиҷорати Тоҷикистон уфуқҳои нави логистикӣ боз менамояд.
«Гардиши умумии боркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ин давра 5569,5 миллион тонна-километрро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 20,1% зиёд аст. Ин на танҳо аз афзоиши ҳаҷми борҳои интиқолшаванда, балки ба масофаи дур бурдани онҳо низ дарак медиҳад, ки нишондиҳандаи муҳими фаъолият дар тиҷорати байниминтақавӣ ва иқтисодии хориҷӣ мебошад», — менависад муаллиф бо такя ба маълумоти оморӣ.
Дар баробари афзоиши боркашонӣ рушди интиқоли мусофирон низ мусбат арзёбӣ мешавад. Аз моҳи январ то майи соли ҷорӣ 416,9 миллион мусофир бо тамоми намудҳои нақлиёти мусофирбар интиқол дода шудаанд — афзоиш 5,9% - ро ташкил додааст. Ин аз зиёдшавии ҳаракат ва равуои шаҳрвандон, беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ва дастрасии хатсайрҳо шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, аксарияти комили боркашонӣ (99,9 %) ба навъҳои хушкигарди нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ рост меояд – онҳо 404,4 миллион нафар мусофиронро интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 6,1% зиёд аст.
«Соҳаи нақлиёти Тоҷикистон тағйироти мусбат, рушди устувор ва имконоти пешрафти минбаъдаро нишон медиҳад. Рушди инфрасохтори логистикӣ, навсозии васоили техникии ҳамлу нақл, рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва тақвияти робитаҳои байниминтақавӣ – ҳамаи ин барномаи боэътимодеро барои шукуфоии ояндаи кишвар фароҳам меорад», — хулоса кардааст муаллифи мақола.