Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ЁДДОШТ БАРОИ РОНАНДАГОН! Дар Тоҷикистон меъёрҳои нави андоз аз воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда шуданд

Санаи нашр: 24-06-2025 Просмотрено: 5208

Аз 18 майи соли 2025 тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2025 қабул ва  15 апрели соли 2025 тасдиқ гардиданд, эътибор пайдо карданд. 

Ин дигаргунӣ ба тағйироти воридшуда ба моддаи 360 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (КА ҶТ) асос ёфтааст. Мувофиқи таҳрири нави КА ҶТ, меъёрҳои андоз аз нақлиёт аз рӯи фоиз нисбат ба нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ барои ҳамаи категорияҳои воситаҳои нақлиёт баланд карда шудаанд.

Акнун ҳангоми санҷиши давлатии техникӣ соҳибони мошинҳо, мотосиклҳо, автобусҳо, мошинҳои боркаш ва дигар  воситаҳои нақлиёт аз рӯи ҷадвали навшуда андоз месупоранд.

Меъёрҳои андози нақлиётӣ ба ҳисоби фоиз нисбати нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ чунин муқаррар карда шудаанд:

*Мотосиклҳо ва мотороллерҳо (барои ҳар як қувваи асп) — 2,5.

*Мошинҳои сабукрав (барои ҳар як қувваи асп) то 250 қувваи асп — 12, аз 250 то 350 қувваи асп — 15, зиёда аз 350 қувваи асп — 20.

*Автобусҳо —15.

*Мошинҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёт бо иқтидори борбардории то 40 тонна (барои ҳар як қувваи асп) —15, бо иқтидори борбардории зиёда аз 40 тонна (барои ҳар як қувваи асп)  —20.

*Тракторҳо, воситаҳои нақлиёти муҳаррикдор барои сохтмон, механизмҳои худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ба истиснои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда (барои ҳар як қувваи асп) — 4.

* Мошинҳои барфгард ва  чанаҳои муҳаррикдор (барои ҳар як қувваи асп) — 3,8.

* Локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда(барои ҳар як қувваи асп) — 2.

* Ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ (барои ҳар як килограмм фишори муҳаррики реактивӣ) — 15.

Ин фоизҳо бо маблағ чӣ гуна  ифода карда мешаванд? (Мавриди зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ дар Тоҷикистон ба 75 сомонӣ баробар аст).

Барои мошинҳои сабукрав бо муҳаррики то 250 қувваи асп — 9 сомонӣ барои ҳар як қувваи асп; аз 250 то 350 қ.а. — 11,25 сомонӣ; 350 қ. а. ва аз он бештар — 15 сомонӣ.

Инчунин бояд тазаккур дод, ки барои мошинҳои барқӣ андоз бо меъёри 50% кам аз меъёри муқаррарӣ барои ҳар 1 кВт қувваи барқ ситонида мешавад. Масалан, агар андоз барои 1 қувваи асп 9 сомонӣ бошад, пас барои мошини барқӣ он барои 1 кВт 4,5 сомонӣ хоҳад буд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд дар хотир дошта бошанд: напардохтани андози нақлиёт хилофи қонун аст, ки барои он ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки андози нақлиёт пардохти ҳатмии солона барои соҳибони мошинҳои сабукрав ва боркаши ба қайд гирифташуда мебошад. Меъёрҳои андоз тибқи қонун вобаста ба қувваи муҳаррик, кашиши муҳаррики реактивӣ ё иқтидори умумии воситаҳои нақлиёт, категорияи воситаҳои нақлиёт аз рӯи як қувваи аспи иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт, як килограмм қувваи кашиши муҳаррики реактивӣ, як адад воситаи нақлиет ё як воҳиди воситаи нақлиёт муқаррар карда мешаванд.

Низоми андозбандии нақлиёт тақрибан дар ҳама кишварҳои ҷаҳон бо номҳои гуногун  амал мекунад.