Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«THE INVESTOR» НАШРИ МАХСУСИ ХУДРО БА ТОҶИКИСТОН БАХШИДАНИСТ. Вазири нақлиёти ҶТ бо сардабири маҷаллаи мазкур мулоқот кард

Санаи нашр: 20-06-2025 Просмотрено: 5636

19 июн Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сардабири маҷаллаи байналмилалии «The Investor» Леандро Словински мулоқот кард. Ҷонибҳо имкони нашри  шумораи махсуси маҷалла дар бораи Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Дар мулоқот Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар бораи ислоҳоте, ки дар  кишвари мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт  роҳандозӣ шудааст, муфассал маълумот дод. Аз ҷумла, тадбирҳои андешидашуда оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтор, беҳдошти сифати роҳҳо, рақамикунонии соҳа,  барӯихатгирии дороиҳои роҳ,  гузариш ба нақлиёти барқӣ ва ғайра номбар карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар  раддабандии охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ  оид ба сифати роҳҳои автомобилгард Тоҷикистон дар байни 165 кишвари ҷаҳон  мақоми 44-умро ишғол намуда, мавқеи худро нисбат ба раддабандии қаблӣ 6 зина беҳтар кардааст.

Леандро Словински, дар навбати худ, дигаргуниҳои дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун рухдодаро, ки ҳаёти мардумро ба куллӣ тағйир доданд, баланд арзёбӣ  намуд. Ӯ изҳори омодагӣ кард, ки дар муаррифии  бештари Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешбурди кишвар дар бозори байналмилалӣ ҳамчун яке аз ҷолибтаринкишварҳо барои ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва сайеҳӣ саҳм гузорад.

Аз рӯи натиҷаҳои  мулоқот ҷонибҳо дар бораи табодули иттилоот дар мавзӯъҳои муайян ва  роҳандозии маъракаҳои PR, ки ба эҷоди  нуфузи мусбати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳанд шуд, инчунин дар бораи нашри шумораи махсуси маҷаллаи "The Investor" бахшида ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Сардабири «The Investor» бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишварамон як қатор  мулоқотҳо доир менамояд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Маҷаллаи «The Investor», ки ба таблиғу тапрвиҷи сармоягузорӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф бахшида шудааст, аз ҷониби «Beyond Investments Group» –  ширкати  бонуфузи машваратӣ ва нашриявии Фаронса нашр мешавад. Он ба тасмимгирандагони ҷаҳонӣ таҳлилҳои оид ба вазъи тиҷорат, ҳисоботҳои дақиқи иқтисодӣ ва маҳфили хусусии сармоягузорӣ пешниҳод мекунад. Ширкат дар истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти динамикии ҷаҳон кӯмак мерасонад. Аз соли 2007 инҷониб «Beyond Investments Group» шабакаи беш аз 165 000 сармоягузорро дар 48 кишвари ҷаҳон бо сармояи умумии беш аз 60 миллиард доллари ИМА таъсис додааст.

Тибқи маълумоти соли 2022,  маҷаллаи «The Investor» бо таъдоди 84 ҳазор нусхаро нашр мешавад. 76% хонандагони он вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.