17 июни соли 2025 дар Остона Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин иштирок карданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 июн бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард». Зикр гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Чинро баланд арзёбӣ мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта баргузор шуд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим баланд арзёбӣ намуда, Сарвари давлати моро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.
Ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва кишоварзӣ диққати калон дода шуд.
Сарони ду давлат оғози парвозҳои мустақими ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Пекинро, ки 16 июни соли равон дар остонаи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Чин» воқеъ гаордид, як рӯйдоди муҳим номиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони ду давлат як қатор санадҳои нав, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин то соли 2030, Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи давлатии рушди ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расиданд.
Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» 17 июн дар Қасри Истиқлоли Остона баргузор шуд.
Зимни суханронии худ дар саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар доираи ин формат метавонад дар расидан ба ҳамаи ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир бозад.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, ҳамкории иқтисодӣ, бешубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои наздики байни кишварҳои мост. «Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисерҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо равона шудаанд, аҳамияти махсус медиҳем»,-изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар баробари энергетикаи «сабз», соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои фоиданок Сарвари давлат соҳаи нақлиётро аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд.
«Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар минтақа, содда кардани расмиёти интиқоли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони қавӣ мебахшад», - менависад Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ.
Илова бар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокчии саммитро ба масъалаҳои рушди рақамисозӣ бо назардошти ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили ҳавасмандгардонии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд.
Дар охири суханронӣ Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш муваффақ ва самарабахш хоҳанд буд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ, иштирокчиёни ҳамоиш Эъломияи Остона ва Паймони ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро имзо карданд. Ин ҳуҷҷатҳо хоҳиши тарафҳоро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба, ки ба принсипҳои эҳтироми тарафайн, эътимод ва масъулияти муштарак асос ефтаанд, тасдиқ мекунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш як қатор ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла се ёддошти тафоҳум вобаста ба соҳаи нақлиёт ба имзо расиданд:
- Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ оид ба экспрессҳои роҳи оҳани «Чин – Осиёи Марказӣ – Аврупо»;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти соддагардонии додугирифти иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Осиёи Марказӣ ва Чин;
- Ёддошти тафоҳум байни мақомоти нақлиётии Осиёи Марказӣ ва Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ оид ба табодули гуманитарӣ дар соҳаи нақлиёти устувор.
Бо истифода аз маводҳои www.president.tj