Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳавои гарм шудааст. Аз ин рӯ роҳсозонро мебояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.Дар ин бора рӯзи душанбе Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои дахлдори соҳа таъкид намуд.
Дар бораи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла обшавии пиряхҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Арктика, Антарктида, Гренландия ва ғайра дар муддати 20 соли охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ ва ватанӣ ҳушдор дода, сабаби чунин ҳолатро гармшавии глобалӣ номидаанд.
Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO – муассисаи байниҳукуматии умаиҷаҳонии СММ), дар панҷ соли оянда дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гармии ҳаво боз ҳам бештар хоҳад шуд.
«Оқибатҳои гармшавии глобалӣ ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёт низ таъсир мерасонанд,- гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратии рӯзи душанбеи 9 июн. - Ҳам ихтилол дар логистика, таъхир ва болоравии арзиши интиқоли бор ва ҳам зарар ба инфрасохтори соҳа ба вуҷуд меояд».
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавои гарм қабати болоии роҳҳо метавонад зудтар вайрон шавад, зеро ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси тағйири шакли (деформатсияи) он мегардад. Аз ин рӯ, роҳсозон бояд ҳолати пӯшиши роҳро пайваста назорат кунанд, то аз вайроншавии он бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.
«Мувофиқи стандартҳои мавҷуда, мӯҳлати кафолати қабати болоии пӯшиши роҳи автомобилгард вобаста ба шиддати ҳаракат дар он аз 2 то 8 солро ташкил медиҳад, - гуфт Вазири нақлиёт, - мутаассифона, қисматҳои алоҳидаи роҳҳои мо хеле зуд аз кор мебароянд».
Дар ин замина, Вазир сифати сохтмон ва таъмири роҳҳоро яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа номид.
«Мустаҳкамии пӯшиши роҳ бевосита аз масъулияти мо, аз сифати кори мову шумо, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои ҷудошуда вобаста аст», - зикр намуд Вазир ва илова кард, ки ҳангоми кӯшиши коҳиш додани хароҷот ва сарфа кардани чизе ба хатогӣ роҳ додан мумкин аст, ки дар ниҳоят ба хароҷоти бештар аз нақша оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт дар назди муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, инчунин корхонаю муассисаҳои соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, гуфта шуд:
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт:
– назорати қатъии вазну андозаи воситаҳои нақлиётро ба роҳ монад, зеро феълан маҳдудиятҳои мавсимӣ барои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ амал мекунанд ва ҳаракати мошинҳои вазнин, ки зиёда аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ аст;
Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо:
– стандартҳои амалкунанда ва технологияҳои пешрафтаро, ки талабот ба лоиҳаи истеҳсоли корҳоро ҳангоми сохтмон, таҷдид, таъмири асосӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгард муқаррар намудаанд, риоя намоянд;
– таҷҳизот, иншоот, маҳсулот ва маводро ба иншоот дар шакли комил (комплектӣ) таҳвил диҳанд;
– ҳангоми мумфарш намудани роҳ мавод ва иловаҳо, аз ҷумла қири (битуми) босифатро истифода баранд, омехтаҳои асфалтеро, ки махсус барои истифода дар шароити гарм пешбинӣ шудаанд, интихоб кунанд;
– риояи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо:
– дар тӯли тамоми роҳҳои автомобилгард дар давоми сол (бо назардошти мавсим) маҷмӯи корҳо, аз ҷумла муоинаи мунтазам, даврӣ ва мавсимиро оид ба нигоҳубини роҳҳо ва инфрасохтори онҳо, пешгирӣ ва рафъи хисороти хурд, ташкил ва таъмини бехатарии ҳаракат, инчунин кабудизоркунии роҳҳо доир намоянд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеии вазорат инчунин супориш дода шуд, ки ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар чунин таъкид дошта буданд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад».