Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ ДАР СОЛИ 2025. Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт диққати махсус дода мешавад

Санаи нашр: 04-06-2025 Просмотрено: 5186

4 – 5 июн дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) доир карда мешавад. Ҷарасаи навбатии Шурои сарони давлатҳои ИДМ 10 октябри соли равон дар пойтахти кишварамон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. 

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Чунин қарор 8 октябри соли 2024 дар ҳамоиши қаблии сарони давлатҳои Иттиҳод дар Маскав қабул шуда буд, хабар додааст Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 санаи 22 январи соли 2025 дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск муаррифӣ карда шуд.

«Идеяи навоваронаи раёсати Тоҷикистон оғоз намудани муҳокимаи масъалаи такмили фаъолияти ИДМ хоҳад буд. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроия бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор оид ба таҳияи пешниҳодҳо дар ин самт машваратҳои махсус гузаронида мешаванд. Ин ташаббус тибқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва дигар ҳуҷҷатҳои консептуалӣ амалӣ карда мешавад», - омадааст дар Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025. Ин ҳуҷҷати муҳим самтҳои асосӣ ва афзалиятноки раёсатро дарбар гинрифтааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар Консепсия соҳаи нақлиёт арзёбӣ шудааст. Дар ин самт кӯшишҳо ба такмили инфрасохтор: тарҳрезӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, бартараф кардани монеаҳо дар роҳи интиқоли транзити байналмилалӣ, инчунин ташкили сиёсати шаффофи нархгузорӣ равона карда хоҳанд шуд.

Дар ҳуҷҷат чунин тазаккур ёфтааст: «Мусоидат ба фаъолияти Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, Шӯрои ҳамоҳангсозии нақлиёт ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан дар соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан ва такмили шабакаи иншооти роҳҳо идома хоҳад ёфт».

Дар назар аст, ки талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои Иттиҳод ба ташаккули роҳҳои нави нақлиётӣ ва васеъ кардани қобилияти гузариши роҳҳои нақлиётии мавҷуда равона карда шаванд. Ин, ба гуфтаи коршиносон, шароити тиҷорати байналмилалиро беҳтар мекунад ва рақобатпазирии иқтисодҳои миллиро афзоиш медиҳад.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба мусоидат ба талошҳои умумӣ барои минбаъд бартараф кардани 5 монеа дар роҳи интиқоли транзити байналмилалӣ   равона карда мешавад.

Тавре дар Консепсия таъкид гардидааст, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва саноати вазнин кӯшишҳо ба мувофиқа ва қабули Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар рушди соҳаҳои мошинсозии вазнин аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳо равона карда мешаванд.

Тибқи Консепсия, ба мавзӯи зеҳни сунъӣ бо мақсади ошкор кардани иқтидори инноватсионии давлатҳои иштирокчии ИДМ диққат дода мешавад. Бо такя ба Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъии таъиноти шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 8 октябри соли 2024 қабул шудааст,  кӯшиши  давлатҳои иштирокчӣ оид ба таҳия ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ, табодули таҷриба ва  амалияи беҳтарин, эҷоди муносибати  умумӣ ба рушди инфрасохтори рақамӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Тавре мо қаблан хабар дода будем, тибқи муқаррароти Консепсия, кор оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз пазируфт. Ба ин раванд коршиносони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP UN; ЭСКАТО СММ), инчунин мутахассисони идораҳои нақлиётӣ ва гумрукии давлатҳои иштирокчии ИДМ  ҳамроҳ  шудаанд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин мулоқоти мавзӯии коршиносонро оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегия баргузор намуд. Мулоқот дар  ҳошияи Форуми байналмилалии операторони «бандарҳои хушк», хизматрасониҳои нақлиётии логистикӣ ва мультимодалӣ, ки  аз ҷониби  ЭСКАТО 26-27 марти соли 2025 дар пойтахти Таиланд шаҳри Бангкок баргузор шуд,  сурат гирифт.