Хабарҳо

Blog

Вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон

Санаи нашр: 17-12-2021 Просмотрено: 2848

Санаи 17 декабри соли 2021 дар асоси дархости Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон – Такаюки Мияшита доир гардид.

         Зимни вохӯрӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон – Такаюки Мияшита аз ба охир расидани муҳлати кориашон дар Тоҷикистон хабар дода, аз ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт дар давраи дар Тоҷикистон будан изҳори хушнудӣ намуданд.

        Ҳамзамон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи нақлиёту роҳдории кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сафир ва Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо ва техникаву таҷҳизотҳои  роҳдорӣ, арзи сипос ва миннатдорӣ намуданд.

        Дар фарҷом, ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва роҳдорӣ минбаъд низ дар асоси муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва робитаҳои дӯстона густариш ёфта, барои дар сатҳи баланд анҷом додани лоиҳаҳои татбиқшудаистода бо кӯмаки Ҷопон, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳад гардид.