Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САММИТИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ИТАЛИЯ». Президенти Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи коммуникатсия ва инфрасохтори нақлиётӣ яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номиданд

Санаи нашр: 02-06-2025 Просмотрено: 6815

30 майи соли 2025 дар «Қасри истиқлолият» - и шаҳри Остона нахустин саммити «Осиёи Марказӣ + Италия» бо иштироки роҳбарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Италия баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ – Эъломияи муштарак қабул гардид, ки иродаи сиёсии тарафҳо, ҳадафҳои умумӣ ва хоҳиши рушди устуворро ифода мекунад.  

Дар кори саммит Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони  ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, иқтисоди «сабз», сармоягузорӣ, инноватсия, илму маориф баррасӣ гардид.

Зимни суханронӣ дар саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар муносибатҳои байни кишварҳо  мавқеи муҳимро иш-ол мекунанд», навиштааст Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат роҷеъ ба  имкониятҳои Тоҷикистон дар пешбурди робитаҳои бисёрҷониба изҳори назар намуда, зарур донистанд, ки барои истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда бояст тадбирҳои  муассир андешида шаванд.

«Татбиқи лоиҳаҳои рушди коммуникатсия ва инфрасохтори  нақлиётии минтақавӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд», – омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки натиҷаҳои ҳамоиш боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо Италия дар ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳор намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои саммити якуми «Осиёи Марказӣ+Италия» Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия қабул карда шуд, ки беш аз  20 бандро дарбар мегирад. Банди алоҳидаи (18-ум) эъломия ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт бахшида шудааст. Дар он гуфта мешавад:

«Онҳо (иштирокчиёни саммит. –  Ред.) дар бораи дастгирии ҳамкорӣ ва рушди Хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий (TMTM) ҳамчун долони боэътимод ва самараноки мултимодалӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо ба мувофиқа расиданд ва ширкатҳои роҳи оҳан ва логистикии Италияро даъват  намуданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба нақлиёт, инфрасохтор ва консалтинг (машварат) иштирок кунанд. Роҳбарон аҳамияти беҳтар кардани робитаҳои роҳи оҳанро дар минтақа таъкид намуданд, ки он афзалиятҳои умумии пешбининамудаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо «Дарвозаи ҷаҳонӣ» низ муврфиқат мекунад».

30 май дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи саммити якуми «Осиёи Марказӣ + Италия» бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот карданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки татбиқи созишномаҳое, ки як сол пеш дар шаҳри  Рум ба даст оварда шуда буданд, омили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия сафари расмӣ анҷом доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он сафар бо Президенти Ҷумҳурии Италия Сердҷо Маттарелла ва Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот карда буданд.

23 апрел дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон ва Сарвазири Италия   7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

24 май дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия Созишнома дар бораи интиқоли байналмилалии мусофирон ва борҳо ба имзо расид. Созишномаро аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, аз Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Италия муовини Вазири инфрасохтор ва нақлиёти  ин кишвар Эдуардо Рикси имзо карданд.

Ҳуҷҷати мазкур ба густариши ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила афзоиш додани иқтидори ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва транзитӣ  бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати раҳо ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ равона гардидааст.