Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон аз 29 то 31 май Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.
Аз ин рӯ, тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз 29 то 31 май ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
***
Ёддошти тафоҳум байни маъмурияти «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон». 29 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин 4 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва маъмурияти «Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон» табодул карда шуд.
***
Муовини нави Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2025 №303, Бобоёрзода Бобоёр Тавар муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Қаблан Бобоёр Бобоёрзода роҳбари муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминобод ва аз 20 сентябри соли 2024 директори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буд.
***
Дар Душанбе назорати риояи қоидаҳои таваққуфгоҳ дар назди контейнерҳои партов ва даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматӣ сахттар шудааст, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе. Тибқи маълумоти идора, ҳар рӯз дар пойтахт ҳолатҳои нодуруст таваққуф кардани мошинҳо дар наздикии майдончаҳои партов сабт карда мешаванд, ки кори хадамоти коммуналӣ ва саривақт баровардани партовҳои маиширо хеле душвор мегардонад.
Барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо кормандони милитсия дар байни ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт тадбирҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ меандешанд. Илова бар ин, мунтазам рейдҳо ва санҷишҳо оид ба ошкор кардани вайронкунандагони тартибот ташкил карда мешаванд.
Мошинҳое, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда гузошта шудаанд ё ба кори техникаи махсус халал мерасонанд, ба таваққуфгоҳҳо интиқол дода шуда, соҳибони онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
***
Дар Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Ин тадбир аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.
Дар ҷараёни амалиёт дар 21 воситаи нақлиёти автомобилӣ бо тамғаҳои гуногун тадқиқоти таҳлилӣ гузаронида, миқдори моддаҳои ифлоскунанда, ки ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) ба атмосфера хориҷ мегарданд, муайян карда шуданд.
Нисбат ба ронандагон 6 воситаи нақлиёт, ки дар онҳо ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда (CO-газ) ба атмосфера аз меъёрҳои давлатӣ зиед ошкор гардид, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳо ба идораи шаҳрии БДА фиристода шуданд.
***
Хадамоти гумруки Тоҷикистон модули «Эъломияи мусофирбарӣ» - ро ба кор андохтааст. Аз моҳи майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Тоҷикистон модули нави функсионалии «Эъломияи мусофирбарӣ» маворди амал қарор дода шуд, ки қисми системаи иттилоотии глобалии автоматикунонии равандҳои гумрукӣ – ASYCUDA (Automated System for Customs Data) мебошад. Дар ин бора дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман хабар дод.
Ин модул дар доираи вазифаи стратегӣ ҷиҳати гузариши пурра ба формати электронии пешниҳоди эъломияҳои гумрукии мусофирбарӣ фаъол карда шуд.
Татбиқи он ба таъсиси пойгоҳи мутамарказ ва ҳифзшавандаи маълумот равона шудааст, ки имкон медиҳад ҳаракати шахсони воқеӣ тавассути сарҳади давлатии гумруки кишвар бо дақиқӣ ва самаранокии ҳаддалимкон сабт ва назорат карда шавад.
***
Бонки «Эсхата» пурра ба нақлиёти «сабз» мегузарад. Мувофиқи стратегияи рушди устувори худ (ESG) «Eskhata Bank» ба навсозии марҳила ба марҳилаи парки нақлиётӣ шурӯъ кард. Ба наздикӣ мошинҳои стандартии инкассатории бонк бо мошинҳои нави каммасрафи барқӣ, ки ба стандартҳои муосири экологӣ мувофиқанд, иваз карда мешаванд, гуфта мешавад дар иттилоияи бонк. Инкассатсия яке аз вазифаҳои асосии бонк мебошад, ки нақлиёти боэътимод, пурқувват ва мобилиро талаб мекунад. Аммо мошинҳои анъанавии инкассаторӣ сатҳи баланди сарфи сӯзишворӣ ва ихроҷи назарраси гази карбонро доранд.
Гузариш ба нақлиёти экологӣ имкон медиҳад, ки истифодаи сӯзишворӣ ва партовҳои гази карбон, умуман сарфу харҷи нақлиётӣ кам карда, самаранокии захираҳо баланд бардошта шавад.
***
Ба таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт! Аз 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ дар меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз 3750 то 5250 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ин тағйирот мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки аз ҷониби Парлумони кишвар моҳи декабри соли 2024 тасдиқ шудааст, ҷорӣ карда шудааст.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қирғизистон воридоти бордони мошинҳо барои шаш моҳ манъ карда мешавад. Қарори дахлдори Раиси Девони вазирони кишвар Одилбек Қосималиев аз 7 март дар рӯзномаи «Эркин-Тоо» нашр шудааст.
Тибқи ҳуҷҷат, воридоти бордон барои воситаҳои нақлиёти моторӣ (ТН ВЭД 8707 10 900 0) ба мӯҳлати шаш моҳ маҳдуд карда мешавад. Истисно барои чунин ширкатҳое, ки бо васлу насб ва истеҳсоли мошинҳо дар Қирғизистон машғуланд, дода шудааст: «ДТ Техник», «Шумкар», «Жису», «Шунфа», «Мурат Авто», «Киргиз унаа курулуш», «Меридиан Голд».
Вазорати иқтисод ва тиҷорат ва Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар бораи тадбирҳои андешидашуда ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар диҳанд. Хадамоти гумрук ва сарҳад бояд бар зидди воридоти ғайриқонунии бордони мошинҳо табриҳо андешад.
***
Аз 1 июни соли 2025 дар Узбекистон Қоидаҳои нави ҳаракат дар роҳ эътибор пайдо мекунанд. Мувофиқи қарори Девони вазирони мамлакат аз 15 майи соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои фароҳам овардани шароити иловагӣ барои аҳолӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт», шуруъ аз 1 июн дар кишвар, аз ҷумла, чунин қоидаҳо амал мекунанд:
Манъи сабти аксҳо ва видеоҳои вайронкуниҳои марбут ба риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи аломатгузории қисми роҳ, ба истиснои вайрон кардани хатти таваққуф (stop line).
Манъи таъмири роҳҳои автомобилгард ё гузоштани аломатҳои роҳ аз соати 07: 00 то 21: 00 (ба истиснои рӯзҳои истироҳат ва ҳолатҳои махсуси таъхирнопазир).
Иҷозат барои ҳаракат дар хатти барои нақлиети ҷамъиятӣ ҷудошуда аз соати 23:00 то 06:00.
Иҷозат барои ҳаракат бо суръати умумии иҷозатдодашуда дар роҳҳои назди мактабҳо ва ташкилотҳои таҳсилоти томактабӣ дар рӯзҳои истироҳат, таътил ва аз соати 19:00 то 07:00.
Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии қонунгузории мамлакат нашр шудааст.
ДАР ҶАҲОН
Мошинҳои парвозкунанда дар Словакия ба фурӯш бароварда мешаванд. Мошини парвозкунандаи AirCar ширкати «Klein Vision»-и Словакия 500 парвози озмоишӣ анҷом дод ва ҳамаи сертификатҳои заруриро ба даст овард.
Мӯъҷизаи техникӣ расман дар аввали соли 2026 бо нархи тақрибан 800 000 доллар ба фурӯш мебарояд. Дар ин бора TopGear хабар дод.
***
Аз 1 июни соли 2025 дар Молдова қоидаҳои нави гузаронидани санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт амал мекунанд. Қарор дар бораи ҷорӣ кардани ин тағйирот аз ҷониби ҳукумати кишвар 18 декабри соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Тибқи ҳуҷҷат, ба нақша гирифта шудааст, ки санҷиши қатъии ҳолати техникии мошинҳо ҷорӣ карда шавад ва арзиши гузаронидани санҷиш 15-20% боло бурда шавад. Мақомот зарурати ислоҳотро бо сатҳи пасти ошкор кардани камбудиҳои техникӣ дар Ҷумҳурии Молдова дар муқоиса бо дигар кишварҳо шарҳ медиҳанд, ки самаранокии системаи кунуниро зери шубҳа мегузорад.
Тағйироти асосӣ:
Барои мошинҳои сабукрави то 10-сола санҷиши техникӣ дар ду сол як маротиба (ба ҷои санҷиши солона) гузаронида мешавад.
Барои автобусҳо, таксиҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошинҳои боркаши хатарнок ва мошинҳои омӯзишӣ, ки синнашон аз 10 сол камтар аст, санҷиш дар як сол як маротиба (ба ҷои як маротиба дар 6 моҳ) гузаронида мешавад.
Тадбирҳои иловагӣ низ ҷорӣ карда мешаванд:
- таснифи камбудиҳои техникӣ аз рӯи дараҷаи вазнинии онҳо;
- соддагардонии муайян кардани воситаҳои нақлиёт ва соҳибони онҳо тавассути ҳамгироӣ бо системаи Autotest.
Мақсади ин навовариҳо маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти ғайри қобили истифода, навсозии парки автомобилӣ, инчунин коҳиш додани шумораи садамаҳои нақлиётӣ мебошад.
***
Аз 1 майи соли 2025 дар Русия ҳаҷми ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд карда шуданд. Ҳамин тавр, барои гузаштан дар чароғаки сурх акнун ронанда 2500 рубл (ба ҷои 1000 рубли пешина) ҷарима месупорад. Барои ба хатти муқобил баромадан 7000 рубл ҷарима ва дар баъзе ҳолатҳо то шаш моҳ маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ пешбинӣ шудааст. Минбаъд таваққуф дар гузаргоҳи пиёдагард бо ҷарима ба маблағи 3000 рубл ҷазо дода мешавад.
Илова бар ин, барои рондани такрорӣ бе полиси суғурта (ОСАГО) аз 3000 то 5000 рубл ҷарима ҷорӣ карда шуд. Боздошти аввал мисли пештара 800 рубл ҷаримаро дарбар мегирад, аммо барои дубора вайрон кардани қоида ҷазо сахттар мешавад.