Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН РОБИТАҲОИ НАҚЛИЁТИИ БАЙНИ КИШВАРҲОРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД. Дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масоили рақамисозӣ ва рушди устувори логистикаро баррасӣ карданд

Санаи нашр: 26-05-2025 Просмотрено: 10252

Имрӯз дар Душанбе таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи соддагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказии Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон(GIZ)  ва СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ; Economic Cooperation Organization, ECO) ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТЭТ) + Чин»  доир гардид.

Дар ҷаласа, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви СҲИ: Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон иштирок карданд.

Ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди  долони  байналмилалии транзитии  фавқуззикр бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.

Дар  ҳамоиш масъалаҳои тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо баррасӣ шуданд. Дар ин замина омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт мавриди гуфтугӯи ширкаткунандагон қарор гирифтанд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ифтитоҳи  ҷласа гуфт: «Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳкими нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа талош меварзад».

Вазир изҳори итминон намуд, ки ривоҷи долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт.

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади осон кардани  ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст.

Дар ин замина, Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида шаванд, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ «хатҳои сабз»-И TIR-EPD таъсис дода шаванд. Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки  бар Конвенсияи СММ асос ёфтааст таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.

Фардо ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия (ТУТИТ) + Чин» ба кори худ идома мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи корӣ низ дар Душанбе, 21 сентябри соли 2023 баргузор шуда буд.

Мавриди зикр аст,ки Ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" (ТУТИТ) тибқи тавсияҳои Эъломияи Анқара, ки  аз рӯи ҷаласаи 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) 2 феврали соли 2022 қабул шудааст, инчунин дар асоси қарорҳои ҷаласаи 33-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии  СҲИ таъсис дода шудааст.        

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шудааст.  Соли 1992 ба он ҳафт кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳамроҳ шуданд. Аз моҳи августи соли 2024 вазифаи  Мудири кулли СҲИ-ро Асад Маҷидхон (Покистон)  иҷро мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ 33 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 18% афзоиш ёфтааст.