Новости

slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёт ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол

Дата: 25-05-2025 Просмотрено: 5629

Имрӯз дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст,  ботантана таҷлил мегардад. «Барои ҳамаи мо, мардуми зафарманди Тоҷикистони азиз ин муҷиби ифтихор аст», – зикр намуд Вазири нацлиёти ҶТ   Азим Иброҳим дар Паёми шодбошии худ.

Матни табрикот дар зер пешниҳод мегардад.

Ҳамкорони азиз, ҳамдиёрони арҷманд, ҳаводорони футбол!

Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамаи шуморо самимона бо нахустин таҷлили  Рӯзи ҷаҳонии  футбол шодбош мегӯям!

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Ин барои ҳамаи мо, мардуми зафарманди Тогҷикистони азиз муҷиби ифтихору сарфарозист.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос  зоир карда  мешавад.

Дарвоқеъ, Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026, ки мавриди амал қарор дорад, барои дар мамлакат густариш додани футбол, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Тавре муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз миинбари бонуфузи СММ иброз намуданд, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъона ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид мувофиқ мебошанд.

Футболро «бозии миллионҳо» меноманд, зеро миллионҳо нафар одамон дар  зовияҳои гуногуни олам бо ин намуди варзиш шуғл меварзанд, онро дӯст медоранд, тарғибу ташвиқ мекунанд, ривоҷ мебахшанд.

Футбол аз қадимтарин ва оммавитарин навъи варзиш аст. Он бо ҷаззобияти худ, бо усулҳои техникию тактикии худ, бо эҳсоссот ва муташаккилияти ҳунарнамоии дастаҳо садҳо миллион мухлисон пайдо кардааст.

Футбол яке аз омилҳои расидан ба ваҳдати инсонҳост. Он на танҳо одамон, балки шаҳру деҳот, кишварҳо ва қитъаҳоро ба ҳам муттаҳид месозад.  Маҳз аз ҳамин лиҳоз футболро «қосиди сулҳ ва ҳамгироӣ» меноманд.

Дӯстони азиз!

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол зикр намуданд, футбол дар кишвари мо дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст.Тайи 15 соли охир се барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016, 2017 – 2021 ва 2021 – 2026  қабул карда шуданд, ки ба таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

«Ин намуди зебои варзиш ҳоло на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рушд ёфта, ҳамчун унсури муҳимми тарбияи ҷисмониву маънавӣ мавқеи хосса пайдо кардааст», –  изҳор  доштанд Сарвари давлат.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шудааст.Танҳо дар пойтахти мамлакат дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид.

Натиҷаҳои назаррасе, ки солҳои охир варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи  минтақавию ҷаҳонӣ ба даст оварданд, барҳақ  аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти варзиш мебошанд. Бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастаи миллии футболи кишварамон дар Ҷоми Осиё – 2023 ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё то марҳалаи нимниҳоӣ баромада, дар чемпионати ҷаҳон низ иштирок намуд.

Бо камоли итминон метавон гуфт, ки таъсис ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ба рушди минбаъдаи ин наммуди варзиш дар кишвари мо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Бори дигар Рӯзи ҷаҳонии футбол ба ҳамагон мубораку фархунда бод!