News

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёт бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Date: 23-05-2025 Просмотрено: 3419

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки  ҳамасола 23-юми май ба таври фарогир ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт. 

       Матни табрикот дар зер пешниҳод мешавад.

 

Ҷавонони азиз, насли ояндасози кишвар!

        Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавони Тоҷикистон, ки имсол дар кишвари азизамон маротибаи бисту ҳаштум ба таври фарогир ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

       Ин рӯз дар ҳаёти ҷавонони кишвар ва тамоми мардуми Тоҷикистон  нақши арзишманду таърихӣ дорад. Зеро маҳз дар ҳамин саннаи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намуданд.

       Инак, шуруъ аз соли 1997, ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони кишвар дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамасола  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

       Ҷавонон нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа  эътироф шудаанд.  Бинобар ин Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад. Тавре худи Сарвари давлат гуфтаанд: «Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем».

      Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида,  17 марти соли 1994  нахустин мулоқоти  расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавононро қабул намудааст. Дар заминаи он «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000»,  «Барномаи  давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон  барои  солҳои  2002-2005», «Барномаи  ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011»,  «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»,  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015, 2016 -2018 ва 2019-2022» қабул гардид. 

Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли  1998  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз 20 марти ҳамин сол Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавонон таъсис ёфт.

      Таваҷҷуҳи бевосита ва доимии давлату Ҳукумат ба насли ҷавон буд, ки соли 2017  Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдом боис  шуд, ки  масъулини  вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо тамоми қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли наврас, соҳибмаърифат ва боистеъдод сарф намуда, кӯшиш мекунанд дар тарбияи мутахассисони баландпоя баҳри пешрафту шукуфоии Ватан  саҳм гузоранд.

       Ҳоло нақш ва иштироки ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи рорҳу нақлиёт назаррас мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд. Хусусан, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва донишҷӯёни мактабҳои  олӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон  гардидани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ  далели ин гуфтаҳост.

       Фарзандони азиз,   бародарону хоҳарони арҷманд!

       Соли 2022 бо ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки пеш аз ҳама ба ҷавонону наврасони мо нигаронида шудааст. Мақсади ин санади муҳим, пеш аз ҳама, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дар замири шаҳрвандон аст. Чунин дастовард танҳо дар сурати тарбия намудани ҷавонону наврасон  дар оила, боғча, мактабу донишгоҳҳо ва идораю муассисаҳо дар руҳияи муносибатҳои ватандӯстона бо ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат амалӣ мешавад.

       Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 майи ҳамин сол дар Паёми шодбошиашон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зикр намуданд, вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

       «Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред,  – гуфтанд Сарвари давлат. –  Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед».

       Бо чунин суханони арзишманд ва ҳидоятгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти худро ба поён мебарам ва бори дигар ҳамаи шумо, ҷавонону наврасон, Пайравони сазовори Пешвои миллатро  бо ин рӯзи саид табрику таҳният мегӯям ва бароятон саломатию хушбахтӣ ва комгорӣ орзу менамоям!

       Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!