Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилаии Корея мулоқот кард

Санаи нашр: 18-05-2025 Просмотрено: 3599

17 май Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилаии Ҷумҳурии Корея (KOICA) Хон Сок Хва  мулоқот кард. 

Дар мулоқот роҳбарони воҳидҳои сохтории далдори Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои тобеи он, инчунин Роҳбари Дафтари намояндагии  KOICA дар ҶТ низ ширкат намуданд.

Ҷонибҳо имкониятҳои рушди ҳамкории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкориҳои байналмилаии Кореяро баррасӣ намуданд. 

Дар рафти  мулоқот миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» ба имзо расонида шуд.

Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён» бо дастгирии молиявии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея амалӣ  карда мешавад.

Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба нақшаи тадбирҳои  барномаи нави Project Concept Paper масъалаи таҳияи лоиҳаи муфассали (detailed design) сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ –Панҷи Поён» шомил карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони роҳи оҳани  мазкур, ки дарозии он 51 километрро ташкил медиҳад,  аз ҷумлаи лоиҳаҳои муҳими минтақавие мебошад, ки барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамоянд.