Сифати кор ҷавобгўи талабот бошад
(аз мулоқоти вазир бо кормандони КВД «ПЛИН»)
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар вохўрии бо кормандони КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», ҳафтаи гузашта доиршуда, нахуст директори Пажуҳишгоҳ Валиҷон Махсумро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ҳайати Мушовараи Вазорати нақлиёт таъин гардид, табрик гуфта, изҳор дошт, ки ин масъулияти баланд аст ва ба ин боварӣ бояд сазовор буд.
Дар ҷаласа инчунин Вазири нақлиёт бо натиҷаи фаъолияти Пажуҳишгоҳ ва ҳар як шўъбаи он аз наздик шинос шуда, оид ба сатҳу сифати кор дар лоиҳаҳо, корҳои имконсанҷиву лоиҳакашӣ дар иншооти сохтмонии соҳаи нақлиёту роҳ, ки ба КВД «ПЛИН» вобастаанд аз масъулин пурсон шуда, онҳо дар бораи кор ва нақшаҳои минбаъда мухтасар маълумот доданд.
Вазири нақлиёт, қайд кард, ки фаъолияти Пажуҳишгоҳ нисбат ба солҳои пеш хеле пеш рафтааст. Шумораи коргарон зиёд ва маошашон баланд гардид. Ҳаҷми корҳо зиёд шуда, аз 6 миллиони соли гузашта ба 12 миллион расид, ки ки ин иқдоми хеле хуб аст. Вале ҳанўз ҳам камбудиву норасоиҳо назаррасанд. Имконияти зиёд намудан ҳаҷми кор вуҷуд дорад, аммо онро бояд дуруст истифода кард. Аз ин хотир фаъолиятро боз ҳам беҳтар кардан лозим.
Азим Иброҳим ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки гарчанде КВД «ПЛИН» як корхонаи пешбарандаи фаъолияти соҳа буда, корҳои лоиҳакашиву имконсанҷии лоиҳаи сохтмони иншооти соҳа аз лоиҳакшиву корҳои муҳавндисӣ вобастаанд, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба кашолкориву беаҳамиятӣ ҳангоми иҷрои корҳои саҳроиву ҷустуҷўӣ ва имконсанҷӣ роҳ дода мешавад.
Дар ин иртибот ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ба ҳозирин дастур дод, ки дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ фаъолиятро ба роҳ монда, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, ки шумораашон дар Пажуҳишгоҳ кам нест, корро ҷоннок гардонанд. Ба ҳар як мутахассиси таҷрибадор, бо усули «устод - шогирд» ду нафар мутахассиси ҷавон вобаст намуда, дар корҳои лоиҳакашиву имконсанҷӣ корро хубтар ташкил кунанд.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масоили баррасигардида, ба масъулин супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби бештари лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар корҳои муҳандисиву сохтмонӣ ва имконсанҷӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон аз тамоми имконот истифода карда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар даҳрўза маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.