Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Тоҷикистон ва Корея натиҷаҳои фаъолияти якҷояро қабл аз шурӯи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони метро муаррифӣ намуданд

Санаи нашр: 07-05-2025 Просмотрено: 5396

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Мудири кулли ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ли Сеонг Ҳай мулоқот кард. Дар Душанбе рӯнамоии натиҷаҳои фаъолияти якҷояи ҷонибҳо қабл аз оғози асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи роҳу нақлиёт дар доираи сиёсати «дарҳои кушод» дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 62 лоиҳаи давлатии сармоягузориро бо маблағи умумии 2,56 млр доллари ИМА амалӣ намудааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2762 км роҳҳо, 274 пул, 6 нақб, 219 км роҳи оҳан  ва дар пойтахт 4 эстакада сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт дар соҳа 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,079 млрд доллари ИМА  мавриди татбиқ қарор доранд.

5 май Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Мудири кулли ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» (Korea National Railway, KNR) Ли Сеонг Ҳай мулоқот кард.

Дар мулоқот натиҷаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соли 2024 ва дурнамои рушди муносибатҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баҳои хуб дода, изҳор доштанд, ки  ҳамкории ду кишвар солҳои охир ба таври назаррас густариш меёбад. Ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҶТ, тайи 4 соли охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар ҳама самтҳо, хусусан дар самти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёт тамоюли рӯ ба афзоишро доранд. Вазири нақлиёти кишвар  натиҷаҳои ҳамкории  вазоратро  бо Бонки содироту воридоти (KEXIM) Корея, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (КОICА) ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» дар соли 2024  мусбат  арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ вобата ба таъмини сокинони пойтахт бо хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятии муосир  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2021 гуфтушунидро бо Бонки содироту воридоти (Эксимбонк, KEXIM)     Корея ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» баҳри татбиқи лоиҳаи сохтмони метро оғоз намуд.

6 майи соли равон дар меҳмонхонаи «Кангурт»-и пойтахт муаррифии натиҷаҳои фаъолияти муштараки тадқиқотӣ пеш аз оғози асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик,  Мудири кулли ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ли Сеонг Ҳай, муовини Раиси шаҳри Душанбе Рахмиддин Саломзода, роҳбари намояндагии «Эскимбанка»-и Корея дар Осиёи Марказӣ Канг Сонг Чин ва ноиби президенти ширкати «Deahan Consultants Co. Ltd».Ли Ҳеонг Ҷон иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки айни замон Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи нақлиёт 4 лоиҳаи хурдро амалӣ  мекунанд, ки яке аз онҳо таҳқиқоти пешакии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расид ва тибқи ин санад соли 2023 ҷонибҳо марҳилаи омӯзишии лоиҳаро ба анҷом расониданд. Моҳи сентябри соли 2024 марҳилаи пеш аз асосноккунии касбии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт, ки онро   ширкати кореяи «Deahan Consultants Co. Ltd» пеш мебарад.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур аз    лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа буда,  вобаста ба татбиқи марҳилаи асосии он гуфтушунидҳо идома доранд.

Ба гуфтаи Вазир, ҷониби Тоҷикистон бо Бунёди рушди ҳамкориҳои иқтисодии (EDCF) Корея ва Бонки содироту воридоти ин кишвар дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе гуфтушунид оғоз кардааст. Ин масъала дар ҷараёни сафари намояндагони   Эксимбонки Корея ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли равон баргузор шуд, баррасӣ гардид. Ба гуфтаи намояндаи KEXIM, ҷониби Корея онро ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок дохил кард ва мӯҳлати татбиқи марҳилаи аввали сохтмони метроро, ки тибқи нақша солҳои 2028-2033 пешбинӣ кардааст, ба таъхир  нахоҳад гузошт.

Мудири кулли ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ли Сеонг Хай изҳор дошт, ки ширкати KNR низ ба татбиқи лоиҳа манфиатдор буда, омода аст дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи он иштирок кунад.

Ёдовар мешавем, ки «Роҳи оҳани миллии Корея» (KNR) ширкати давлатӣ   буда, моҳи январи соли 2004 бо мақсади идоракунии инфрасохтори миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея таъсис ёфтааст ва барои банақшагирӣ, тарҳрезӣ, идоракунии сохтмон, озмоиш ва назорати инфрасохтори роҳи оҳан ва магистралҳои роҳи оҳани баландсуръат  масъул аст.

Бонки содироту воридоти Корея (KEXIM)  агентии расмии содироту қарздиҳии ин кишвар буда, соли 1976 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии он дастгирии молиявии иқтисодиёти содиротӣ бо роҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар мебошад.

Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) соли 1991 ба сифати муассисаи давлатӣ таъсис дода шуда, мақсади он баланд бардоштани самаранокии барномаҳои Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати расонидани кумаки  молиявии бебозгашт ва дастгирии тахникӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад.