Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БА ТАВАҶҶУҲИ ИНТИҚОЛДИҲАНДАГОН! Дар Русия маълумотро дар бораи мусофирон, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо ва ронандагони мошинҳо ҷамъ меоранд

Санаи нашр: 23-04-2025 Просмотрено: 5206

Аз 1 сентябри соли 2024 интиқолдиҳандагони ҳама намудҳои нақлиёт (ҳавоӣ, автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ ва дохилиобӣ) вазифадоранд маълумотро дар бораи мусофирон ва сарнишинону (экипаж) ронандагон ба пойгоҳи мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ пешниҳод кунанд. Чунин омадааст дар номаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия таҳти № 9-418 аз 6 марти соли 2025 ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.      

Тавре дар нома гуфта шудааст, тибқи муқаррароти қонунҳои федералии Федератсияи Русия «Дар бораи бехатарии нақлиёт» ва «Дар бораи маълумоти шахсӣ» субъекти инфрасохтори нақлиётӣ ё интиқолдиҳандаи давлати хориҷӣ - соҳиби воситаи нақлиёте, ки интиқоли байналмилалии мусофиронро ба Федератсияи Русия, аз Федератсияи Русия ва (ё) тавассути қаламрави Федератсияи Русия анҷом медиҳанд ё  воситаи нақлиётро дар дигар асосҳои қонунӣ истифода мебаранд, интиқоли маълумотро ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони воситаҳои нақлиёт таъмин мекунанд.

Дар робита ба ин, фармони дахлдори Вазорати нақлиёти Русия таҳти № 162 аз 2 майи соли 2024 дар бораи тасдиқи тартиби ташаккул ва пешбурди пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони (экипажи) воситаҳои нақлиёт, инчунин муҳлати нигоҳдорӣ ва тартиби пешниҳоди маълумоти дар онҳо мавҷудбуда содир гардид.

Ҳамин тавр, тибқи қонун, ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои сафар (чиптаҳо) ва ташкили  ҳайати идоракунандаи (экипажи) воситаҳои нақлиёт ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи марказонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони (экипажи) воситаҳои нақлиёт маълумоти зерин  пешниҳод карда  мешавад:

- ном, насаб, номи хонаводагӣ;

-  рӯз, моҳ ва соли таваллуд;

 - намуд ва рақами ҳуҷҷати нишондиҳандаи шахсият, ки тибқи он чиптаи сафар харидорӣ карда мешавад;

 - нуқтаи хурӯҷ, нуқтаи рафтан, намуди хатсайр (бетағйир, транзитӣ);

- санаи сафар;

- ҷинсият;

- шаҳрвандӣ.

Инчунин маълумоти зикршуда бояд ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони (экипажи) воситаҳои нақлиёт ҳангоми брон кардани ҳуҷҷатҳои сафар (чиптаҳо) пешниҳод карда мешавад.

Барои ҳайати идоракунандаи (экипажи) воситаҳои нақлиёт илова ба маълумоти дар боло зикршуда, маълумот дар бораи вазифаи дар экипажи воситаи нақлиёт ишғолшуда бояд ҳатман  пешниҳод карда шавад. Маълумот дар бораи ҳайати идоракунанда ва хизматрасони  (экипажи) воситаҳои нақлиёт ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ  пас аз ба итмом расидани ташаккули экипажҳои воситаҳои нақлиёт, аммо на дертар аз 24 соат пеш аз  ҳаракати воситаи нақлиёт интиқол дода мешавад. Дар сурати тағйир ёфтани (илова кардани) ҳайати экипажи воситаи нақлиёт маълумот дар бораи шахсони ба ҳайати экипаж дохилшуда  фавран, аммо на дертар аз лаҳзаи  ҳаракати воситаи нақлиёт интиқол дода мешавад.

Интиқоли маълумот ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони (экипажи) воситаҳои нақлиёт бо забони русӣ ва (ё) забоне сурат мегирад, ки бо он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият тартиб дода шуда, ҳангоми тартиб додан, брон кардани ҳуҷҷати сафар (чипта), ташаккули рӯйхати мусофирон ва   кормандони (экипажи) воситаи нақлиёт пешниҳод карда мешавад.

Инчунин зикр карда шудааст, ки интиқоли маълумот ба пойгоҳи автоматикунонидашудаи мутамаркази маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ва кормандони воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини ҳифзи объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои ғайриқонунии дахолати террористӣ амалӣ карда мешавад.

Барои иҷро накардани талаботи ҳатмӣ дар соҳаи бехатарии нақлиёт дар қонунгузории Федератсияи Русия чораҳои дахлдори масъулият пешбинӣ шудаанд.