Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рўзи 26 ноябр дар Вазорати нақлиёт бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. , Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо дар соҳа нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ, сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар оянда доираи ҳамкорӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои дигар низ ҳамкорӣ кунанд.
Сипас оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.