Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СЕЛ, ТАРМА, САНГРЕЗИШ, ТӮФОНИ МАГНИТӢ. Вазорати нақлиёт ронандагонро даъват мекунад, ки дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд

Санаи нашр: 15-04-2025 Просмотрено: 4345

Аз сабаби гармшавии ҳаво дар моҳи апрел эҳтимоли омадани сел, фаромадни тарма ва сар задани сангрезиш, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, вуҷуд дорад. Дар ин бора Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор медиҳад.

Субҳи 9 апрел дар ҳудуди деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел омад ва қитъаи воқеъ дар километри 492-юми роҳи автомобилгарди «Душанбе –  Ванҷ –  Рушон –  Хоруғ» - ро масдуд кард.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ қувваи корӣ ва техникаи махсуси муассисаи давлатии маҳаллӣ оид ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶТ ҷалб карда, худи ҳамон рӯз ин қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.

Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво то охири моҳи апрел дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари офатҳои табиӣ боқӣ мемонад, ки бисёре аз онҳо бо тағйиреёбии иқлим вобастаанд. Ба ақидаи онҳо, гармшавии глобалӣ боиси обшавии шадиди пиряхҳо ва  воридшавии ҳавои намнок ба кӯҳҳо ва пешкӯҳҳо мегардад. Ин дар навбати худ ба афзоиши шиддати боришоти атмосфера оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он селу тарма ва сангрезиш ба амал меоянд.

Олимон бар ин назаранд, ки сабаби асосии вайроншавии қабати сангҳо тағирёбии шадиди ҳарорати ҳаво дар шабонарӯз аст. Ин ба пайдоиши тарқишҳои сершумор дар санг ва майдашавии он боис мешавад.

Илова бар ин, тавре АМИТ «Ховар» 11 апрел бо истинод ба  расонаҳои хориҷӣ иттилоъ дод, тӯфони магнитӣ, ки муддати тӯлонӣ идома дорад, даст аз Замин барнамедорад. Тибқи хабари РИА «Новости», интизор меравад то охири апрели соли 2025 якчанд  ҳолатҳои ин падидаи геофизикӣ  бо иқтидори гуногун рух диҳад.

Қаблан астрофизики маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Кохирова дар сӯҳбат бо  АМИТ «Ховар» изҳор дошта буд, ки «дар ин падида ҳеҷ чизи ғайритабиӣ вуҷуд надорад: ин як  ҳодисаи маъмулии геофизикӣ аст, ки дар як моҳ аз 10 то 15 маротиба рух медиҳад». Аммо дар баробари ин ӯ ҳушдор дода буд, ки «тӯфонҳои магнитӣ метавонанд ба одамоне, ки саломатиашон ба вазъи обу ҳаво вобаста аст, инчунин ба пиронсолон, онҳое, ки аз бемориҳои музмин ва дилу рагҳо азият мекашанд, таъсир расонанд. Ин қабил одамон бояд дар ин давра ба саломатии худ бештар диққат диҳанд».

Ба ибораи дигар, тӯфонҳои магнитӣ метавонанд мӯҷиби ихтилоли гуногуни ҷисмонӣ ва равонӣ шаванд, ки ба қобилияти ронандагии онҳо  бетаъсир намемонад.

Бино ба як таҳлили РБДА ВКД ҶТ дар бораи садамаҳои солҳои охир дар роҳҳои ҷумҳурӣ, сарнагуншавии воситаҳои нақлиёт ё бархӯрди онҳо бо монеаҳо бе ягон таҳдиди воқеӣ ва сабабҳои объективӣ аксаран дар натиҷаи ҳолатҳои зикршуда рух додааст.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин муроҷиат мекунад:

- Бидуни зарурати фаврӣ ба паси чамбари мошин нашинед;

- Дар шароити обу ҳавои номусоид ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созед;

- Суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунед, аломатҳо ва нишонаҳои роҳро  нодида нагиред, масофаи байни мошинҳо ва дигар қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоед;

- Агар шумо ҳангоми рондани мошин хаста ё асабонӣ шавед, мошинро муддате манъ карда, дам гиред;

- Агар худро парешон ҳис намоед, аз рондани мошин худдорӣ кунед;

- Пеш аз рондани мошин аз вазъи  обу ҳаво ва тӯфонҳои магнитӣ бохабар шавед ва чораҳои дахлдор андешед.