Мутобиқи Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 таҳти №250 тасдиқ шудааст, як қатор воҳидҳои сохтории вахзорат ва корхонаю муассисаҳои тобеи он барои саҳми муносибашон дар таҷлили ҷашни миллӣ ва байналмилалии Наврӯз – ташкили гӯшаи беҳтарин наврузӣ, иштирок дар барномаи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим 31 март зимни ҷаласаи умумӣ ба идораю муассисаҳои зерин сипосномаю дипломҳои Вазоратро эъто намуд:
Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Вазорат;
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»;
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо;
Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи «Душанбе – Чанок»;
Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН);
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» (МРСН);
Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомолбилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ( НАХЛ);
Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташаванда» (МКС).