Тайи се моҳи аввали соли равон ҳаҷми боркашонии транзитӣ аз қаламрави кишвар 8,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чанд маротиба зиёд аст. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ дода шуд.
Ҷаласа имрӯз дар толори вазорат бо иштироки Вазири нақдлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳайати мушовараи вазорат Азим Иброҳим, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои тобеи он, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳии иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода ширкат намуд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Вазорати нақлиёт ва дигар корхонаву муассисаҳои соҳаи роҳу нақлиёт дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳои онҳо барои давраи оянда баррасӣ гардиданд. Аз рӯи ин масъала муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода муфассал гузориш дод.
«Вазорати нақлиёт дар семоҳаи якуми соли 2025 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар нақшаҳои тарҳрезишуда корҳои муайянро ба анҷом расонид», – гуфт ӯ.
Бо забони далелу арқом
Ба маълумоти ҳозирин расонида шуд, ки ба ҳолати аввали моҳи апрел, 2831 корхона бо шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2694 корхонаи нақлиёти автомобилӣ ва хоҷагии роҳ, 137 корхонаи нақлиёти роҳи оҳан фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон 887 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла, 181 – шаҳрӣ, 507 – наздишаҳрӣ, 168 – байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли равон, тибқи маълумоти Агентии омор, тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 29 млн. тонна бор ва 252 млн. мусофир интиқол дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 12,3% ва мусофирбарӣ 8,3% зиёд гардид.
Дар ин давра 27,4 млн. тонна бор ва 251,7 млн. мусофир интиқол дода шуда, ҳаҷми боркашонӣ 12,3%, мусофирбарӣ 8,2% зиёд шудааст.
Ба миқдори 92,5% бор (27,4 млн. тонна) ва 99,8% мусофирон (251,7 млн. нафар) ба воситаи нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудаанд.
Зиёда аз 31,4% боркашонӣ (9 млн. 309,8 ҳазор тонна) ва 98% мусофирбарӣ (247 млн. 636,7 ҳазор нафар) тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт иҷро шудааст.
Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ 42,4% (720,6 ҳазор тонна) ва мусофирбарии байналмилалӣ 56,2% (13,89 ҳаз. нафар мусофир) зиёд иҷро гардид. Дар интиқоли байналмиллалии бор ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан назаррас буда, 71,8 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Дар баробари ин, ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамагӣ 53,9%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% кам аст. Яке аз сабабҳои асосии камшавии ин нишондиҳанда сари вақт дастрас нагардидани рухастномаҳо аз баъзе давлатҳо ва аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ истифода нашудани қисмате аз рухсатномаҳои дастрасшуда мебошад.
Дар ин давра 49700 адад рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, аз ин миқдор 24,5% (11785 адад) рухсатномаҳо истифода шуданд.
«Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст» – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ 28 декабри соли 2024.
Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат зикр гардид, ки Тоҷикистон ба самти ин ҳадафи стратегии худ бо қадамҳои боэътимод пеш меравад. Гуфта шуд, ки тайи се моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути ҳудуди кишварамон ба 8,7 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба ҳамин давораи соли гузашта ба чанд маротиб бештар аст – дар семоҳаи аввали соли 2024 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 129,8 тоннаро ташкил дода буд.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 млн доллари ИМА 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд.
Нақшаву вазифаҳои нав
«Соҳаи роҳу нақлиёт на танҳо яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, балки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба фаъолияти мураттаб ва босифати он вобаста мебошад, – гуфт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи ниҳод ва ташкилоту муассисаҳои тобеи он, – Бинобар ин ҳамаи мо бори масъулияти бузургеро бар дӯш дорем ва вазифадор ҳастем, ки онро бо иззат ва каромат, сарбаландона ва ифтихормандона пеш барем».
Дар зимн Вазир хотирнишон сохт, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» (49 километр) ва «Гулистон – Фархор» (29,6 километр) оғоз гардиданд.
Ҳамзамон имсол, тибқи 5 лоиҳаи дигар, 23 пули автомобилгард бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди «Роғун - Обигарм – Нуробод», «Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон», қитъаи роҳ аз шоҳроҳи «Душанбе – Рашт» то шаҳраки Роғун ва нақби «Истиқлол» ба истифода дода мешаванд.
«Корхонаву муассисаҳои дахлдор ва шахсони масъул бояд ба ифтитоҳи ин иншоот ба таври ҷиддӣ ва комилан омода шаванд», – гуфт Вазир.
Вай инчунин ба камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти соҳа ишора карда, дар назди сохторҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҷумла, дастур дод, ки МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2021 ғ 2025» тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳам дар қаламрави кишвар ва ҳам берун аз он, аз ҷумла дар бандари баҳрии Чобаҳори ҶИЭ ва шаҳри Қошғари ҶМЧ марказҳои логистикӣ боз намояд, кори агентҳо-экспедиторҳоро тақвият бахшанд, платформаи ягонаи иттилоотии маҷмааи логистикии кишварро таъсис диҳанд.
Илова бар ин, Вазири нақлиёт ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастур дод, ки идоракунии электронии раванди иҷозатномадииҳӣ ва сертификатсиякунониро ба роҳ монда, дастрас ва тақсим кардани рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалиро ба ифоқа орад, мунтазам амалиёти шартии «Роҳхат вам борхат» гузаронида, назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти нақлиёти мусофирбарро пурзӯр гардонад ва нуқтаҳои (тарозуҳои) вазнченкуниро ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст созад.
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»- ро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди парки роҳи оҳан, таъмин намудани содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакат иқдомоти муассир анҷом диҳад.
Вазири нақлиёт инчунин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба зурурияти баланд бардоштани суръату сифати корҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани зимистонгузаронии солҳои 2025-2026, таъмири техника, захира намудани сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва ба роҳ мондани тақсимоти онҳо тавассути картотека, кушодани суратҳисоби махсус ҷиҳати боло бурдани иқтидори муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.