Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ИТТИҲОДИ АВРУПО БА РУШДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД. Нақлиёт яке аз соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ шудааст

Санаи нашр: 09-04-2025 Просмотрено: 7998

Осиёи марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ барқарор созанд ва ба чаҳор соҳаи афзалиятнок – нақлиёт, металлҳои нодир, энергетика ва алоқа тамаркуз намоянд.Ин яке аз натиҷаҳои асосии саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» мебошад, ки 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд баргузор шуд.

«Тоҷикистон ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳоро дастгирӣ мекунад», – иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 апрел дар мулоқот бо Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Лайен, ки дар доираи саммит баргузор шуд. Ҷонибҳо аҳамияти Стратегияи ИА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббуси Global gateway («Дарвозаи глобалӣ») ва барномаҳои бисёрсолаи ҳамкориро  зикр карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ иттилоъ додааст.

Иттиҳоди Аврупо ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 миллиард евро сармоягузорӣ мекунад – маблағҳо ба соҳаҳои нақлиёт, энергетика, коркарди маъданҳо ва алоқаи моҳвораӣ равона карда мешаванд, гуфт Президенти  Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» дар Самарқанд 4 апрели соли 2025.

Ба гуфтаи вай, ба татбиқи лоиҳаҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глабалӣ» (Global Gateway)  маблағгузорӣ карда мешавад.

Маблағҳо саҳми кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро муттаҳид мекунанд ва асосан ба чор самт  равона карда мешаванд: тақрибан 3 миллиард евро барои рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ, 2,5 миллиард евро барои таҳқиқ ва коркарди маъданҳои муҳим, 6,4 миллиард евро барои лоиҳаҳо дар соҳаи иқлим ва  энергетика ва 100 миллион евро барои оғози интернети моҳворавӣ. Сармоягузорӣ на танҳо ба сохтмони инфрасохтор, балки ба ташкили заминаи технологӣ ва рушди сармояи инсонӣ низ нигаронида шудааст.

Президенти Комиссияи Аврупо ба рушди  долони нақлиётии Транскаспий, ки аз ҳудуди Чин, Қазоқистон, минтақаи обии баҳри Хазар, Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои Аврупо мегузарад, диққати алоҳида дод. Аз ин масир интиқоли контейнерҳои мултимодалӣ амалӣ карда мешавад. Сармоягузорӣ ба он аллакай аз 10 миллиард евро гузаштааст. Ин масир бояд мӯҳлати интиқоли бор байни Аврупо ва Осиёи Марказиро то 15 рӯз кам кунад. Мариди зикр аст, ки аз 10 то 12 июни соли 2025 дар Узбекистон Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хусусӣ ба лоиҳаи мазкур баргузор мегардад.

Тоҷикистон метавонад ба долони нақлиётии Транскаспий (Долони миёна/ТМТМ), ки яке аз шохаҳои хатсайри глобалии «Шимол – Ҷануб» мебошад, ҳамроҳ гардад ва ба бандарҳои байналмилалии Қазоқистон ва Озарбойҷон дастрасӣ пайдо кунад, ки ин имкон медиҳад содироти молҳои  Тоҷикистон ба бозорҳои ғарбӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин бора Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони Ислом: KazanForum 2024», ки аз 14 то 19 майи соли 2024 дар Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон (Федератсияи Русия) баргузор шуд, суханронӣ кард.

Тавре Вазир тазаккур дод, бо ин мақсад оид ба истифодаи самараноки долони мултимодалии «Чин - Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия – Аврупо» фаъолона кор бурда мешавад, ки бартарии он таъмини роҳи кӯтоҳтарин аз сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дар боло зикршуда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.

«Масири “Шимол-Ҷануб”, ки ба афзоиши робитаи кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, рушди ҳаракати бефосила, саривақтӣ ва самараноки молҳоро байни онҳо таъмин менамояд», — таъкид кард Азим Иброҳим. –  Тоҷикистон, ки аҳамияти ин хатсайрро дарк кардааст, соли 2004 тасмим гирифт, ки ба он ҳамроҳ шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масири "Шимол-Ҷануб" ба густариши иқтидори транзитии минтақа мусоидат мекунад».

Бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба раванди ҳамгироии низомҳои миллии нақлиёт бо долони байналмилалии Транскаспий, таъмини ҳаракати озоди одамон, молҳо ва хизматрасониҳо, Азим Иброҳим ба шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод намуд, ки имкониятҳои маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои кишвар, бахусус дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори роҳу нақлиёт дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ баррасӣ намоянд.

Ба гуфтаи Вазир, дар солҳои наздик дар асоси Барномаи давлатии рушди низоми логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар кишвар сохтмони якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои  бунёди ин иншоот лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 100 млн.613 ҳазору 800 доллари ИМА омода карда шудаанд.