Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Маросими имзои Ёддошти тафоҳум 4 апрел дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор шуд. Дар зери ҳуҷҷат Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин ва ноиби президенти БСА Кириякос Какурис имзо гузоштанд.
Лоиҳаи санад тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глобалӣ» ("Global Gateway") таҳия гардидааст. Он ба рушди робитаҳои устувори алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, аз ҷумла тавассути навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст.
Зикр карда шуд, ки Ёддошти тафоҳум барои ҷалби сармоягузории дарозмуддат ба бахши нақлиёти кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад, ки дар навбати худ ба ҳамгироии минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Мутобиқи санади имзошуда, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳое, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои алоқаи устувори нақлиётӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо мусодат менамоянд, Бонки сармоягузории Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати нақлиёти кишвар 100 миллион евро ҷудо мекунад.
Ноиби президенти БСА таъкид кард, ки бонк омода аст дар дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди устувори гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудаанд, фаъолона иштирок кунад.
Саммити якуми «Осиёи Марказӣ – ИА» барои муҳокимаи масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, энергетика, таҳаввули рақамӣ ва экология майдони муҳим гардид. Саммит инчунин иштироки афзояндаи Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) - ро дар минтақа тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ «Дарвозаи Глобалӣ», ки 29-30 январи соли 2024 дар Брюссел (пойтахти Белгия) баргузор гардид, ширкат варзида буд. Вай дар ҷаласаи умумӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётии аз ҷиҳати иқлим устувори Тоҷикистон», ки дар доираи ин форум баргузор шуд, суханронӣ ва бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот кард.
Вазири нақлиёти ҶТ таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбати худ ва дигар иштирокчиёни форумро ба аҳамияти густариши робитаҳо бо кишварҳое, ки роҳи баромадан ба баҳрро надоранд, рушди шабакаҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бо мақсади таъмини хатсайрҳои муассир ва боэътимод барои савдо ва ҳаракати одамон ҷалб намуд. Вай зарурати сармоягузорӣ барои беҳтар кардани инфрасохтор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла сохтани хатҳои иловагӣ, долонҳои сабз, муҷаҳҳаз кардани онҳо сканнерҳо, ҷорӣ кардани унсурҳои рақамисозӣ ва ғайраро таъкид намуд.
Вазир ҳамчунин илова намуд, ки Тоҷикистон ба талошҳои Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глобалӣ» бо таваҷҷӯҳ ба дигаргунсозии рақамӣ, робитаҳои нақлиётӣ ва лоиҳаҳои рушди «сабз» баҳои баланд медиҳад.