Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 181295 бех ниҳол шинонда шуд

Санаи нашр: 07-04-2025 Просмотрено: 3151

Дар тӯли роҳҳои автомобилгард «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад – дар се моҳи аввали соли 2025 идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶТ дар канори роҳҳо зиёда аз 181295  бех ниҳол шинонданд.

Аз ҷумла, муассисаҳои давлатии хоҷагии роҳҳои минтақаи Ҳисор 47348 бех, минтакаи Рашт – 11515 бех, минтакаи Кулоб – 46820 бех, минтакаи Бохтар – 48291 бех,  вилояти Сугд –26321 бех ниҳол шинонданд. 

29 марти соли ҷорӣ дар доираи маъракаи  дастаҷамъона оид ба ниҳолшинонӣ, ки дар қитъаи роҳи автомобилгарди «Душанбе–Хоруғ», аз маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Шуғнон баргузор гардид, беш аз 600 дарахти сӯзанбарг шинонда шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар маҷмуъ, дар доираи Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солщои 2023-2027, ки дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гашта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 тасдиқ карда шудааст, дар канори роҳҳои автомобилгарди мамлакат 6 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат, коҷ (санавбар) ва дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешаванд.

Барномаи мазбур дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум солҳои 2023 – 2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026 – 2027-ро дарбар мегирад. Аллакай дар марҳилаи аввал бояд дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонда шавад.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 28 июни соли 2024 боз як санади муҳим – Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намуд. Тибқи он  дар муддати 15 соли оянда  дар  ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонда мешавад.   

Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати такмил додани стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», кабудизоркунии роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.