Дар Тоҷикистон аз 1 то 10 апрели соли равон амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо» гузаронида мешавад, ки ба коҳиш додани шиддати пайомадҳои оқибатҳои садамаҳои роҳу нақлиёт ва баланд бардоштани дараҷаи истифодаи тасмаи бехатарӣ равона шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( РБДА ВКД ҶТ).
Тайи соли 2024, тибқи маълумоти ВКД, дар ҷумҳурӣ 1233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 122 ҳолат зиёд аст.Бар асари садамаҳо 552 нафар (соли 2023 519) ҳалок шуданд, 1353 нафари дигар осеби ҷисмонӣ бардоштанд.
Таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо ронандагон ва мусофирон ба тасмаи бехатарӣ беэътиноӣ мекунанд, ки ин хавфи ҷароҳатҳои вазнинро хеле зиёд менамояд. Аз ин рӯ, кормандони БДА ронандагонеро, ки қоидаҳои истифодаи тасмаи бехатариро нодида мегиранд, тафтиш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани роҳҳо чораҳои муассир андешида шаванд».
Мутобиқи супориши Сарвари давлат Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳияи лоиҳаи «стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2035» шурӯъ намуд, ки он ба тағйир додани рафтори иштирокчиени ҳаракат дар роҳ бо мақсади риояи бечунучарои меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани сатҳи муҳофизат аз садамаҳои нақлиётӣ ва оқибатҳои онҳо, аз ҷумла бо истифода аз тасмаи бехатарӣ, такмили шабакаи роҳу нақлиет, системаи идоракунии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва механизмҳои ташкилию ҳуқуқӣ равона карда мешавад.
Дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаи ин стратегия ва нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи он бо РБДА ВКД ҶТ ҳамкорӣ мекунад.
Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2023 дар Душанбе семинари машваратӣ дар мавзӯи «Бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таҷдиди истифодаи роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки онро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби татбиқи марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) ташкил намуд. Дар он намояндагони ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, КҲФ ва МГ- и назди Ҳукумати ҶТ, СУТ, БҶ, БАТР, БОР, JICA ширкат карданд.
Дар семинар зикр карда шуд, ки барои истифодаи дарозмуддат ва бемамониати роҳҳои автомобилгард бехатарии ҳаракат дар роҳ ва азнавсозию беҳдошти роҳҳо аҳамияти муҳим доранд. Аз ин рӯ, қисми дуюми семинар ба талаботи ислоҳот дар низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо мақсади такмили таҷрибаи нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои кишвар бахшида шуд.
Дар доираи марҳилаи 4-уми лоиҳаи БРАМОМ-4 моҳи апрели соли 2024 Вазорати нақлиети ҶТ бо ширкати машваратии бритониёии EASST Expertise LTD барои 18 моҳ шартнома баст. Мақсади имзои шартнома таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт, истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, гузаронидани маъракаи васеи иттилоотӣ дар бораи зарурат ва аҳамияти истифодаи тасмаи бехатарӣ ва татбиқи якҷояи ин раванди ҳифзи ронандагон ва мусофирон мебошад. 31 июли соли 2024 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L музокирот доир гардид ва ҷиҳати дастгирии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳори дохилии кишвар дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тадбтрoои амалии он барои солҳои 2024-2034 шартнома барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ба имзо расид. Хизматрасонии машваратӣ бояд бо сифати беҳтарин ва дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом дода шавад.
Арзиши хизматрасониҳои машваратӣ тақрибан 480 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳо дар давоми як соли баъди имзои шартнома анҷом дода мешаванд.