Хабарҳо

slider_img
slider_img

ПРЕЗИДЕНТҲО ПРОТОКОЛИ САРҲАДИ УМУМИРО ИМЗО КАРДАНД. Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳҳои автомобилгарди умумиро сохта, якҷоя истифода мебаранд

Санаи нашр: 01-04-2025 Просмотрено: 3573

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров 31 март санади таърихӣ – Протоколи табодули санадҳои тасдиқкунандаро имзо карданд, ки Шартномаи байни ду кишварро оид ба сарҳади давлатӣ таъйид мекунанд.

Рӯзи душанбе, 31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои мулоқот ва гуфтушунидҳои сеҷонибаи сарони Давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд омад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба нишони муносибатҳои ҳамсоягии нек ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ меҳмони олиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  истиқбол гирифтанд.

«Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид» - омадааст дар хабари Хадамоти матбуот Президенти ҶТ.     

Табодули ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда таъйид мекунад, ки ҳуҷҷатҳои зикршуда эътибори қонунӣ пайдо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин се санади таърихӣ 18 марти соли 2025 дар Бишкек дар натиҷаи музокироти байни сарони ду давлат дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ба имзо расидаанд. Ҳамон рӯз дар вилояти Баткени Қирғизистон маросими ифтитоҳи нуқтаҳои гузаргоҳи «Қайрагач» ва «Қизил-Бел» баргузор шуда буд, ки дар он тариқи маҷозӣ президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров иштирок карданд.

Мавриди зикр аст, ки Созишнома «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» сохтмони ду шоҳроҳи умумиро пешбинӣ мекунад:

– «Дача – Капчигай» (аз Ҷониби Тоҷикистон «Хоҷаи Аъло – Ворух»)  аз канори шарқии маҳаллаи аҳолинишини Капчигай мегузарад ва ҷониби Тоҷикистон истифода бурда мешавад;

– «Мин-Орук – Самарқандек» (Аз ҷониби Тоҷикистон «Ориёно – Шӯристон») аз канори қисми шимолии деҳаи «Сурх» мегузарад ва аз ҷониби Қирғизистон истифода бурда мешавад.

Инчунин, ободонӣ ва истифодаи муштараки чорроҳаи «Ӯш – Раззоқов» ва «Исфара – Ворух» пешбинӣ шудааст.