Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 28-03-2025 Просмотрено: 3880

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки осиёии рушд (БОР)  дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллар баррасӣ шуд. 19 марти соли 2025 дар таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Вазорати молия, Намояндагии БОР   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ муҳокимаи сеҷонибаи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, баргузор гардид.

Бояд  зикр кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии  БОР 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 1 миллиард доллари ИМА дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, обёрӣ, сайёҳӣ, экология ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

***

Дар шимоли Тоҷикистон роҳҳо бинобар сабаби ҳамоиши раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон муваққатан баста мешаванд.     Дар Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд – Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров – дар рӯзҳои баргузории саммити сеҷонибаи раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯз ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора БДА ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад .

Тавре қаблан хабар дода шуд, мулоқоти президентҳои  Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон 31 март дар Хуҷанд дар назар аст.  Сарварони се давлат ният доранд, ки созишномаро дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзҳои се ҷумҳурии ҳамсоя ба имзо расонанд. Ин як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад буд,  зикр шуда буд дар ҷараёни сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Қирғизистон.

29 март. Кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳҳое, ки ба шаҳраки Ғафуров ва шаҳри Гулистон мебаранд, инчунин шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», кӯчаҳои шаҳри Гулистон ва роҳи «Гулистон – Дадобой Холматов» баста мешаванд.

30 март. Маҳдудияти ҳаракат дар  кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», инчунин ҷодаҳои шаҳри Хуҷанд: кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Раҳмон Набиев, «25 – солагии Истиқлолият» ва ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ дар микрорайони 3-юми шаҳр.

31 март. Ҳаракат дар маркази Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон пурра баста мешавад. Маҳдудиятҳо дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Солеҳ Раҷабов, Раҳмон Набиев, Раҳим Ҷалил, Рифъат Хоҷиев ва «25-солагии Истиқлолият» дар iаҳри Хуҷанд, инчунин дар роҳи «Хуҷанд – Ғафуров» амал хоҳанд кард.

1 апрел. Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, дар шоҳроҳи «Хуҷанд – Ғафуров», инчунин дар шаҳри Бӯстон ва шаҳраки Шохқадамбулок дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Илова бар ин, то 31 март вуруди воситаҳои нақлиёт ба вилояти Суғд аз ҷониби Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истиқлол ва Ашт баста мешавад.

БДА аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки хатсайрҳоро пешакӣ ба нақша гиранд ва бе зарурати зиёд ба роҳ набароянд.

***

Бори аввал пас аз соли 2021 ҳавопаймои «Сомон Эйр» - и Тоҷикистон аз Душанбе ба Бишкек парвоз кард. Ҳавопаймо 14 марти соли 2025 соати 09:00 (07:00 мск) ба ҳаво хест: ин нахустин парвоз пас аз танаффуси чорсола аст. Дар ин бора ба расонаҳо сухангӯи ширкати ҳавопаймоӣ Тимур Бандишоев хабар дод.

Мувофиқа дар бораи барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар натиҷаи гуфтушунидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷапаров, ки 13 март дар Бишкек баргузор гардид, ба даст омад.

Парвози аввал тақрибан 100 нафар мусофиронро дарбар гирифт.Дар байни онҳо намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, соҳаи сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва блогерҳо буданд.

***

Аз Душанбе ба ноҳияи Ховалинг парвози ҳавопаймо оғоз ёфт. Ширкати «Tajik Air» нахустин парвози чартерии худро тариқи хатсайри «Душанбе – Ховалинг – Душанбе» анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат

Тибқи иттилои ширкат, ҳавопаймо 22 март соати 9:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз кардааст. Вақти сафар 27 дақиқаро ташкил дод. Дар дохили ҳавопаймо 17 мусофир буданд. Ҳамин қадар одамон бо парвози бозгашт ба пойтахт баргаштанд.

Парвозҳои мунтазам дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 9:30 ва аз Ховалинг соати 10: 30 ба нақша гирифта шудааст. Нархи чипта дар як самт 350 сомониро ташкил медиҳад. Оғози парвозҳо ба ин минтақаи кӯҳӣ ба беҳтар кардани дастрасии нақлиётӣ байни пойтахт ва минтақаҳои ҷанубии кишвар равона шудааст.

***

24-25 марти соли 2025 боришоти шадид сабаби  омадани сел дар минтақаҳои кӯҳии кишвар гардид. Аз ҷумла, 24 март, соати 21:55 дар километри 320-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе – Дарвоз– Хоруғ», ки аз байни деҳаҳои Хостав ва Зевари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози  ВМКБ мегузарад, сел фурӯ рехт. Дар натиҷа, ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан мушкил гардид.

25 марти соли 2025 тақрибан соати 2 шаб дар километри 0,5 роҳи автомобилгарди «Душанб – Лабиҷар» дар маркази ноҳияи Сангвор борон боиси омадани сел шуд. Дар натиҷа, тӯдаи азими  сангу гил роҳи мошингардро   масдуд кард.

Ҳамчунин, 25 марти соли 2025, тақрибан соати 5-и субҳ, дар километри 203-юми роҳи мошингарди «Ваҳдат – Рашт – Лахш – Саритош», ки аз қаламрави шаҳраки Сурхаки ноҳияи Тоҷикбод мегузарад, обхезии сел ба амал омад. Дар натиҷа, ин қитъаи роҳ баста шуд.

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маҳалҳо бо техника ва қувваи корӣ оқибатҳои офатҳои табииро сари вақт бартараф карданд.

***

Дар Душанбе ҳангоми интиқоли борҳои донагӣ ва резанда вайронкунии қонун ба назар мерасад. Кормандони Шӯъбаи экология ва сайёҳии милитсияи пойтахт далелҳои вайронкунии интиқоли борҳои  зикршударо ошкор карданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар  шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷараёни санҷиш се ҳолати интиқоли маводи донагӣ ва резанда  дар шароити ғайрисанитарӣ ва бе пӯшиши муҳофизатӣ сабт карда шуд.     

Ронандагони мошинҳои боркаши тамғаи Shacman Ташрипов Амриддин, Егиев Тоир ва Нурмадов Фахриддин  ба нақзи қонун роҳ додаанд. Нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ аз рӯи моддаҳои 312 ва 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуданд. Ин моддаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли бор ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бо вайрон кардани меъёрҳои муқарраршуда масъулият пешбинӣ мекунанд.

Илова бар ин, Раёсати ВКД таъкид кард, ки ронандагоне, ки воситаҳои нақлиётро бе рақамҳои бақайдгирии давлатӣ идора мекунанд, бештар ҷиноят содир намуда, аз сабти қонуншиканиҳо бо камераҳои назорати видеоӣ ва аз ҷавобгарии маъмурӣ канорагирӣ мекунанд. Милитсия аз идомаи санҷишу рейдҳо оид ба ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи экология ва ҳаракати роҳ ҳушдор дода, ронандагонро даъват мекунад, ки қоидаҳои муқарраршударо риоя кунанд.

***

Дар Душанбе кормандони БДАронандаи мошини BMW-ро боздошт карданд, ки шабона садои шадид ба вуҷуд оварда, оромии сокинонро вайрон мекард. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.

Тибқи маълумоти Бозрасӣ, ронандаи мошини рақами давлатиаш 1608хх01 Хоҷиев Сироҷиддин барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд. Санҷиш нишон дод, ки ӯ ба воситаи нақлиёт ғайриқонунӣ таҷҳизоти махсуси садоӣ насб кардааст, ки боиси аз сатҳи иҷозатдодашуда зиед шудани садо  шудааст.

Нисбати ронанда протоколи маъмурӣ бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Ба ӯ ҷазо таъин карда, мошинаш ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ  бурда шуд.

***

Дар Душанбе ронандагон барои баромадан ба хатти муқобили ҳаракат боздошт шуданд. Кормандони милитсия ду ронандаро, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаанд, боздошт карданд. Дар ин бора дар  РВКД-и пойтахт хабар доданд.   

Тибқи маълумоти идора, вайронкунии қоида дар натиҷаи муроҷиати видеоии шаҳрвандон ба рақами 018-02-02-02  ба қайд гирифта шудааст. Дар  сабт дида мешавад, ки чӣ гуна ду мошини тамғаи Toyota бо рақамҳои давлатии 1010РХ02 ва 2010fb10 ба хатти муқобили ҳаракат баромада, вазъияти садамавӣ ба вуҷуд овардаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш муайян карда шуд, ки Сабуров Исмоил ва Шодмонов Мусаммир дар паси  чамбараки мошинҳо будаанд. Нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ бо моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода,  ҳарду мошин ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ  бурда шуданд.

Дар РКВД зикр намудаанд, ки иштироки шаҳрвандон дар таъмини амният дар роҳҳо нақши муҳим мебозад. Аз ҳамаи ронандагон даъват карда шудааст, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя  намоянд.

ДАР МИНТАҚА

Пекин аввалин хатсайри боркашонии роҳи оҳанро ба Осиёи Марказӣ  ба кор даровард. Поезди боркаш, ки озими пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд гардид, 19 март тақрибан соати 10:00 аз Пекин бадар шуд, ки ин оғози расмии аввалин хатсайри боркашонии роҳи оҳан байни пойтахти Чин ва Осиёи Марказиро арзёбӣ мешавад. Дар ин бора  рӯзномаи расмии  «Жэньминь жибао» бо истинод ба хабаргузории давлатии  «Синьхуа»  иттилоъ дод.

Тавре манбаъҳо дар  Раёмати Корпоратсияи давлатии роҳи оҳани Чин (China Railway) дар Пекин хабар доданд, қатораи иборат аз 90 контейнери стандартӣ, ки ба онҳо қисмҳои автомобилӣ, доруворӣ ва дигар молҳо аз минтақаи Пекин-Тянтзин-Хэбэй бор карда шудаанд, қаламрави Чинро тавассути гузаргоҳи Хоргос дар Ноҳияи Мухтори Синтзян-Ӯйғур тарк намуд ва  тақрибан пас аз 14 рӯз ба пойтахти Узбекистон мерасад.

Ба гуфтаи манобеъ, роҳандозии хатсайри нави боркашонии роҳи оҳан ба Пекин ҳамчун нуқтаи нави такягоҳ барои ҳамгироии минбаъда ба пешбурди баландсифат ва ҳамоҳангшудаи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» имконият медиҳад.

***

Дар Афғонистон сохтмони терминали нақлиётии Арғанӣ ба маблағи 18 миллион доллар оғоз меёбад. Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, муовини сарвазири Афғонистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, 23 марти соли 2025  расман оғози корҳои сохтмониро оид ба лоиҳаи терминали нақлиётии Арғанӣ дар ноҳияи Пағмони вилояти Кобул ифтитоҳ кард. Дар ин бора агентии «DARYO» (УзАПИ, Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди  Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон) хабар медиҳад.

Лоиҳа, ки арзиши тахминии он 1,285 миллиард афғонӣ (18 миллион доллари ИМА) - ро ташкил медиҳад, аз Буҷети миллии рушди Афғонистон маблағгузорӣ шуда, масоҳати тақрибан 1,8 миллион метри мураббаъро фаро мегирад.

Ширкати сохтмонии «Ҳарирӯд», яке аз ширкатҳои бахши хусусии Афғонистон, масъулияти татбиқи лоиҳаро ба дӯш гирифт, ки интизор меравад дар давоми ду сол ба анҷом расад ва ба истифода дода шавад.

***

Вазири нақлиёт дастур дод, ки сохтмони роҳ дар Чолпон-Ота то оғози мавсими тобистон ба анҷом расад.  Вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттар Сиргабаев бо сафари корӣ ба вилояти Иссиқкӯл рафт. Дар доираи сафар ӯ рафти корҳои роҳсозӣ  ва иҷрои лоиҳаҳои инфрасохториро санҷид. Дар ин бора 24 март conomist.kg бо истинод ба вазорат хабар дод.

Дар Чолпон-Ота вазир роҳеро, ки дар он корҳои таъмирӣ идома доранд,  аз назар гузаронд ва супориш дод, ки асфалтпӯшкунии роҳро то оғози мавсими тобистонаи сайёҳӣ ба анҷом расонад. Вай аҳамияти саривақт анҷом додани корҳоро бо риояи тамоми талаботи сифат таъкид кард.

***

Дар Узбекистон истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ  ба таври назаррас коҳиш ёфт.Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Узбекистон, дар давраи аз январ то феврали соли 2025 дар кишвар 189,4 ҳазор тонна бензини автомобилӣ истеҳсол шудааст.Ин  нишондиҳанда нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 21,4%  кам аст.

Дар истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ коҳиши аз ин ҳам бештар ба назар мерасад. Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои ватанӣ танҳо 74,5 ҳазор тонна дизел истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли гузашта 39,5% кам аст. 

Инчунин коҳиши истихроҷи нафт то 105,8 ҳазор тонна (10,7%) ва гази табиӣ то 7,4 миллиард метри мукааб  (4%) ба қайд гирифта шудааст. Илова бар ин, истеҳсоли конденсати газӣ низ  кам шудааст.

Ягона истисно аз тамоюли умумӣ афзоиши истихроҷи ангишт аст. Истеҳсоли он 11,4% афзуда, ба 733,8 ҳазор тонна расидааст.

***

Бухоро ба парвоз омода мешавад: фурудгоҳи нави шаҳр соли 2026  ифтитоҳ меёбад. Дар охири соли  оянда дар Бухоро анҷоми сохтмони фурудгоҳи нави байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, гуфт раиси ширкати Uzbekistan Airports Ҷавлонбек Умархоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа аллакай таҳия шудааст, аммо дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад. Тибқи қонунгузорӣ, ду вазорат бояд ҳуҷҷатро баррасӣ ва тасдиқ кунанд. Интизор меравад, ки ин   дар аввали моҳи май рух диҳад.

Бо вуҷуди раванди мувофиқа, корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати ҷанубии Бухоро аллакай идома доранд. Дар охири соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмон ба анҷом расад ва фурудгоҳи нав ба истифода дода шавад.

Сохтмони фурудгоҳи нав соли гузашта ҳангоми сафари президенти кишвар ба вилояти Бухоро оғоз ёфта буд. Дар доираи лоиҳае, ки дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ карда мешавад, инфрасохтори мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъсис дода мешавад. Фурудгоҳ метавонад дар як соат то ба 1,2 ҳазор мусофир хизмат расонад,  ки ин имкон медиҳад ширкатҳои нави ҳавопаймоии байналмилалӣ ҷалб ва сифати хизматрасонӣ беҳтар карда  шавад.

***

Шартномаи муштарак дар бораи пайвастани нуқтаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон қарор аст рӯзи 31 март ба имзо расад. Имзои  шартномаи  сеҷониба дар доираи  таҷлили Иди  байналмилалии Наврӯз дар маркази маъмурии Вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора дар Изҳороти иатбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон, ки 13 марти соли равон дар Бишкек ҳангоми сафари давлатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон баргузор гардиданд, зикр шудааст.

«Бо имзои  созишнома дар бораи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ман ва Садир Нургожоевич ба мувофиқа расидем, ки ба зудӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ шартнома бандем. Мо ният дорем, ки ин санадро дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд имзо кунем», -  гуфтанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.  

***

Чин ба Қирғизистон пешниҳод кард, ки роҳи оҳани нав бунёд кунад. Суҳбат дар ин бора 14 март дар ҷараёни мулоқоти муовини Сарвазири Қирғизистон Бакит Торобаев бо ҳайати музофоти Оқсуи Ноҳияи Мухтори Синтзян-Ӯйгури Чин бо сарварии волӣ Одили Алӣ сурат гирифт,  хабар медиҳал АИ 24.kg.

Тибқи иттилои агентӣ, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нуқтаи гузаргоҳи Бедел, беҳтар кардани дастрасии нақлиётӣ ва логистикии ин нуқтаи сарҳадӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои сайёҳӣ диққати махсус дода шуд.

Бакит Торобаев манфиати минтақаҳои Қирғизистонро дар густариши ҳамкорӣ бо музофоти Оқсу дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн  зикр кард.

Дар навбати худ, Одили Алӣ тазаккур дод, ки ҷониби Чин ба тавсеа додани  ҳамкорӣ бо Қирғизистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва бо ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Оқсу —  Бедел — Баликчи баромад кард.

Моҳи сентябри соли 2024 дар сарҳади Қирғизистон ва Чин нуқтаи нави гузаргоҳи Бедел кушода шуд. Тавре Бакит Торобаев дар ин бора изҳор дошт,  долони нави нақлиётӣ сеюмин дарвозаи калон ва пул хоҳад буд, ки ду кишварро дар баробари нуқтаҳои гузаргоҳи Иркештам  ва Торугарт  бо ҳам мепайвандад.

ДАР ҶАҲОН

Мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи: «Нақлиёти устувор: интиқоли байналмилалии автомобилӣ дар Авруосие» баргузор шуд. 27 марти соли 2025 дар Маскав, дар майдони Комиссияи иқтисодии Авруосиё мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи: «Нақлиёти устувор: интиқоли байналмилалии автомобилӣ дар Авруосиё», ки ба Даҳсолаи эълоншудаи Ассамблеяи Генералии СММ бахшида ба нақлиёти устувор бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои байналмилалӣ, ҷомеаи коршиносон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) ва Кумитаи Иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Ҳамоишро узви Коллегия (Вазири) оид ба энергетика ва инфрасохтори  КИАО Арызбек Кожошев  ифтитоҳ намуд.

Директор Департаменти ҳамкории иқтисодии  Кумитаи иҷроияи ИДМ   Михаил Мыскин бо маърӯза баромад карда, иштирокчиёни “мизи мудаввар”-ро дар бораи самтҳои асосии кори Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин соҳа огоҳ намуд ва аҳамияти баланд бардоштани устувории системаи нақлиёти минтақавиро зикр сохт.

Дар доираи кори ҳамоиш чунин сессияҳои мавзӯъӣ гузаронида шуданд: «Устувории занҷирҳои таъминоти молҳо ва хидматҳо дар Авруосиё, тамоюлҳо ва мушкилот ҳангоми татбиқи қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ»; «Ҳалли инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии интиқоли молҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои Авруосиё равона шудааст».

Аз рӯи  натиҷаҳои «мизи мудаввар» - и байналмилалӣ Қатънома қабул карда шуд.

***

Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод кардааст, ки пиёдагардон дар роҳравҳо ва пиёдагардҳо ба  самокату скутерҳо роҳ надиҳанд. Вазорат ба Коидаҳои ҳаракат дар роҳ ислоҳот омода кардааст.

Тибқи ин тағйирот, ронандаи скутер ронандаи воситаи нақлиёт ҳисобида мешавад. Минбаъд ба онҳо манъ карда мешавад дар пиёдагарду роҳравҳо ҳаракат карда, аз пиёдагардон, аз ҷумла бо сигнали садоӣ, талаб кунанд, ки ба онҳо роҳ диҳанд,.Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Илова бар ин, суръати ҳаракати воситаҳои ҳаракати инфтродӣ (ВҲИ) пешниҳод карда мешавад, ки ҳангоми наздик шудан ба пиедагардон то 10 км/соат маҳдуд карда шавад. Ҳаракати скутерҳо дар ҷойҳои серодам,    инчунин дар ҷойҳое, ки онҳо ногаҳон пайдо мешаванд -  масалан дар кунҷи  биноҳои истиқоматӣ сахттар назорат карда мешавад.

Вазорати нақлиёт хотиррасон кардааст, ки қоидаҳои ҳаракати  ВҲИ  аз 1 марти соли 2023 амал мекунанд. Он вақт маҳдудиятҳо дар суръати ҳаракат то 25 км/соат ҷорӣ карда, инчунин афзалияти пиёдагардро аз корбари  ВҲИ ҳангоми ҳаракат муқаррар карда буданд.

***

Дар Қазоқистон роҳи нави автомобилгард аз Остона ба ҷониби Аркалиқ ва Иргиз сохта мешавад. Ҳукумати кишвар вазифадор карда шудааст, ки аз Остона тавассути Аркалиқ ,Турғай ва Иргиз бо баромади мустақим ба хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий  шоҳроҳ созад.

Дар ин бора Президенти ҶТ Қасим-Жомарт Токаев 14 март, зимни суханронӣ дар ҷаласаи IV Қурултои миллӣ (маҷлиси умумихалқӣ), хабар дод.

***

Рӯзи чоршанбеи 12 март дар Висла, шаҳри ҷануби Лаҳистон,  кунгураи чордаҳуми байналмилалии роҳи оҳан ва интермодалӣ баргузор шуд.  Ҳамоиши мазкур аз ҷониби ширкатҳои  OLTIS Polska ва PrvniSignálni дар ҳамкорӣ бо ХазинаиProKolej ташкил карда шуд.  

Имсол баҳсҳо ба тағйироти динамикии геополитикӣ, тағирёбии энергетика, меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо ва раванди пуршиддати рақамикунонии роҳи оҳан ва интермодалӣ бахшида шуданд.

Ташкилкунандагон аҳамияти ҳамкории фаромарзӣ, алахусус байни Лаҳистон, Чехия ва Словакияро таъкид карданд.

***

Бандари  Чабаҳори Эрон гардиши борро 30% афзоиш дод, хабар медиҳад Эрон.ру. Дар даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ (аз 20 марти соли 2024 то 19 январи соли 2025) боркунӣ ва борфарории молу маҳсулот дар бандари Чабаҳор дар вилояти ҷанубу шарқии Систон-Белуҷистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз афзудааст. Дар ин бора Раиси Раёсати  бандарҳо ва нақлиёти баҳрии Систон ва Белуҷистон Қосимм Аскарӣ хабар дод. 

Гуфта мешавад ки дар ин давра боркунӣ ва борфарории молҳои асосӣ дар ин бандар 10% афзоиш ёфтааст.

Ҳамчун ягона бандари уқёнусии Эрон дар халиҷи Умон, бандари Чабаҳор барои кишвар ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. Кишвар барои рушди ин бандар барои беҳтар кардани тиҷорати баҳрӣ чораҳои ҷиддӣ андешид.