Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард

Санаи нашр: 25-03-2025 Просмотрено: 4052

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дирӯз бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон мулоқот кард.    

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ҷ-би Асад М. Хонро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли СҲИ табрик гуфт ва дар фаъолияташ дар симмати нав муваффақият хост.

Дар мулоқот зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави кишварҳои узви СҲИ, ки 10 кишвар ва тақрибан 8 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад, беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва ин созмон  шимолро бо ҷануб, шарқро бо ғарб, Осиёро бо Аврупо ва Авруосиёро бо Ҷаҳони араб мепайвандад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви СҲИ   ду сол қабл беш аз 2 триллион долларро ташкил дода буд ва дар ҳоли афзоиш аст.

«Давлатҳои узви СҲИ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Ба онҳо зиёда аз 35% тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии  кишвари мо рост меояд, - иброз дошт  Вазири нақлиёти ҶТ. -  Вале мо итминон дорем, ки имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳоямон асосан истифоданашуда боқӣ мемонанд. Давлатҳои узви СҲИ дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин иқтидорҳои бой дар ҳама соҳаҳо мебошанд.

Ба гуфтаи Вазир, истифодаи самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба беҳбудии некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат намояд. Дар робита ба ин, ӯ тааҳҳуд ва ҷонибдории Тоҷикистонро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили  долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати  баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва табдил додани он ба кишвари муносиби транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар  соҳаи нақлиёти мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати ҶТ ва дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ 64 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2,8 миллиард доллари ИМА амалӣ карда шуд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо аҳамияти минтақавӣ доранд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохторӣ, ки ба стандартҳо ва талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд, ба истифода дода шуданд ва феълан самаранок истифода бурда мешаванд.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёти кишвар 18 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 миллиард доллари ИМА дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳавзаи кишваҳои СҲИ ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбанда табдил меебад, дар ин ҷо шабакаҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ таъсис дода мешаванд, ки ҳамчун пайванд байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Марказӣ, ки ба минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шимолу Ғарбӣ, инчунин ба кишварҳои Шарқи Наздик мебароянд,  мусоидат мекунанд. Фаъолияти самараноки низоми нақлиётӣ на танҳо ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дар фазои СҲИ  боис мегардад, балки ҳамкории фаъолонаи байни халқҳоро таъмин мекунадва  миллионҳо нафар одамонро ба раванди фаъолияти бунёдкорона ҷалб месозад.

Дабири кулли СҲИ ба зарурати тақвияти робитаҳо байни давлатҳои узви созмон, ки роҳи мустақими баромад ба уқёнусро надоранд ва шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ  мароқ зоҳир кард. Вай аз ҷониби котиботи СЭС  фаъолона татбиқ гардидани иқдомоти гуногунро, ки ба дастгирии транзит ва савдо равона шудаанд, зикр  намуд.

Ҷ-би Асад Маҷид Хон саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои нақлиётии СҲИ баланд арзёбӣ карда, аз кишвар даъват ба амал овард, ки минбаъд низ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд.

Вай инчунин илова намуд, ки Котиботи СҲИ барои ошкор ва мустаҳкам кардани  долонҳои  нақлиётии минтақавӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳқиқот оғоз кардааст. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои беҳтар кардани тиҷорати фаромарзӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ асос шаванд.  

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

СҲИ  созмони минтақавии байниҳукуматӣ мебошад, ки соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия бо мақсади ҳавасмандгардонии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст.  

Соли 1992 СҲИ бо ба сафи он дохил шудани 7 узви нав - Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон васеъ шуд.

Мақсади созмон мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа тавассути ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар соҳаҳое, ба монанди иқтисод, савдо, нақлиёт, экология ва ҳамкории гуманитарӣ мебошад.

СҲИ-ро  Дабири кулл роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Шӯрои вазирони СҲИ ба мӯҳлати се сол бе ҳуқуқи тамдиди номзадҳои кишварҳои созмон интихоб ва таъин карда мешавад. Аз соли 2021 то 2024 намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Дабири кулли СҲИ буд. Аз моҳи августи соли 2024 вазифаи  Дабири кулли СҲИ-ро Асад Маҷид Хон (Покистон)  бар уҳда дорад.