Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони маҷмааи роҳу нақлиётро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мешавад.
Ҳамкасбони арҷманд, кормандони шарафманди маҷмааи роҳу нақлиёт!
Пас аз гирудори соли сипаришуда боз ба диёри биҳиштосоямон Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапай қадам мениҳад. Фарорасии ин ҷашни пурфайзи бостониро ба ҳамаи шумо ва дар симои шумо ба тамоми мардуми шарафманди кишварамон самимона табрик мегӯям. Дар ин рӯзи сайид - оғози сарсабзиву хуррамӣ ва дамидани нафаси гарми баҳор ба хонадони ҳар яки шумо тинҷиву амонӣ, хушбахтиву комронӣ ва дастархони пур аз файзу баракати наврӯзиро таманно мекунам.
Дӯстони азиз!
Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд, вале мо бо он иктифоъ мекунем, ки ин ҷашни бсотонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондааст, на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа ва ҳикмати зиёд ва арзиши гаронбаҳои илмӣ дорад ва мо бояд онро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯз ном гузоштани ин иди фараҳбахш аз ҳама ҷиҳат хеле рамзист. Тавре Умари Хайём дар «Наврӯзнома» нигоштааст, маҳз дар ҳамин айём (аз 20 то 22 март) баробарии шабу рӯз рух медиҳад, шабу рӯз баробар мешаванд. На танҳо дар кишварҳои форсизабон, балки дар тамоми рӯи олам. Ин хеле ҷолиб аст! Ба русӣ «День весеннего равноденствия» мегӯянд, ба англисӣ – Vernal equinox day.
Чанд рӯз пеш Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон кард, ки Наврӯз дар қаламрави Тоҷикистон имсол 20 март, соати 14:01:25 фаро мерасад. Яъне ҳамин рӯз, ҳами соат, ҳамин ҳоло!
Ҳамин тариқ, Умари Хайём на танҳо шоир ва файласуфи бузург, балки донишманди тавонои риёзишинос ва ситорашинос (астроном, астролог) низ буд ва асосгузори тақвими аҷдодии мо – тақвими шамсӣ шинохта шудааст. Ва бинобар шаҳодати олимон, ин тақвим нисбат ба тақвими григорианӣ (ё мелодӣ), ки дар асри 16 (чаҳорсад сол пас аз тақвими Хайём) аз ҷониби попи ҳамонвақтаи Рум Григорийи XIII кашф шудааст, якуним баробар дақиқтар аст.
Яъне тамоми ҷаҳон кайҳо бар ин назар аст, ки соли нав аслан маҳз 21 март фаро мерасад. Ин аст моҳияти илмии ҷашни Наврӯз!
Ҳамкорони арҷманд!
Барои ҳамаи кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва бахусус Тоҷикистони офтобӣ боиси фараҳмандист, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримодии башарият шомил карда шуд ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар буд.
Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи худ оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» зикр кардааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола тадбирҳо андешанд.
Ба қавли Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Инак, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз барои мо имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукуҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангӣ, аз нав эҳё гардонем ва ба оламиён собит намоем, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист».
Ҳамкасбони гиромӣ!
Ҳар сол вақте, ки ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунем, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин восита мардум яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз – офарандагӣ ва бунёдкорию созандагиро амалӣ месозанд.
Дӯстиву ҳамгироӣ ва бахшидани гуноҳҳо аз суннатҳои дигари инсондӯстонаи Наврӯз аст.
Басо рамзист, ки 13 марти ҳамин сол, дар оғози баҳор ва остонаи ҷашни Наврӯз бо ибтикори Сарвари сулҳҷӯ ва сулҳофари мо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳси сарҳадӣ бо ҷумҳурии ҳамсояамон Қирғизистон хотима ёфта, Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид ва ба дунболи он муносибатҳои деринаи ҳамкорию ҳамҷаворӣ ва дӯстии ду халқи ба ҳам наздик – тоҷику қирғиз аз нав эҳё хоҳанд гардид.
Қобили зикр аст, ки ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ Сарвари давлати моро роҳбарони кишварҳои зиёди олам, аз қабили Русия, Чин, Амрико, Бритониё, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаронса, Кувайт, Қатар, Туркия, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Ӯрдун ва ғайра, инчунин бисёр созмонҳои бонуфузи олам, ба мисли СММ, Созмонип Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигарон расман табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамкорони муҳтарам!
Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.
Ҳамасола омадани баҳору Наврӯзро ҳамагон, бахусус мо роҳдорону роҳсозон бесаброна интизор мешавем. Зеро бо дамидани нафаси гарми баҳор мушкилот паси сар мегарданд ва мо аз пайи ободсозии вайронаҳои фасли сармо мегардем. Яъне тараддуд ва масъулияти мо боз ҳам бештар мешавад.
Бояд зикр кард, ки аз Наврӯзи гузашта то ба Наврӯзи имсола роҳдорону роҳсозон, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.
Дастоварди арзандатарин барои ҳамаи мо - ин ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёт ва оғоз бахшидан ба фаъолияти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази байналмилалии минтақавии дипломатияи нақлиётӣ» ва озмоишгоҳи КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», инчунин ба истифода додани роҳи мошингарди «Бохтар – Левакант – Данғара» ва оғоз бахшидан ба бунёди роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» ва «Гулистон – Фархор» мебошанд.
Боварии комил дорам, ки Наврӯзи имсола низ барои мо пайки хурсандӣ меорад ва дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, чуноне Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, «бо азму дурусту саъйи комил» тамоми вазифаҳои ба зимаамон гузошташударо бо сари баланд иҷро менамоем.
Бо ҳамин таманниёти самимӣ бори дигар ҳамаи шумо –кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт ва кулли ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни миллӣ ва байналмилалии Наврӯз табрик мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу саодатмандӣ, рӯзгори ободу шукуфон ва муваффақияту пирӯзҳо хоҳонам.
Ҳар рӯзатон наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!
20.03.2025