Хабарҳо

Blog

Табрикоти вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамкасбони азиз, кормандони арҷманди маҷмааи нақлиёту роҳ!

Санаи нашр: 24-11-2021 Просмотрено: 191

Яке аз нишонаҳои муқаддаси давлатдорӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии ҳар як кишвар парчам аст, ки давлати муосир имрӯз тавассути парчами худ пеши ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардида, сарнавишти он аз ҳамин ҷаласаи таърихӣ, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, ибтидо мегирад.

 Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому садоқат 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва мо ҳамасола ин рӯзро бо шукуҳу шаҳомат ва эҳтироми бепоён ҷашн мегирем.  

Ҳозирини гиромӣ!

Аз ин хотир, ҳамаи Шуморо бо ҷашни фархундаи, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон дар ин рӯзи фирӯз сарбаландиву барои кор ва пирӯзиву комёрӣ дар фаъолиятатон таманно дорам.

Ҳамкасбони азиз!

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллии ҳар як тоҷикистонӣ нақши муҳиму сазовор доранд ва барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор ҳастанд.  Бахусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ѓояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва имрӯз ин манораи бузурги Парчами Тоҷикистон машҳури ҷаҳониён гардидааст. Парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус аз замонҳои қадим ба ҳайси суннатҳои асосии миллати сарбаландамон пазируфта шудааст.

Дӯстони азиз!

Аз сайри кутоҳи таърихӣ маълумамон мегардад, ки Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон будааст. Дар давраи Сосониён шаклаш таѓйир ёфта, дар қисми болои он акси паррандаи заррин - мурѓи Ҳумо – рамзи орзуву омоли неки миллат, ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардида буданд. дирафш, парчам аз замонҳои қадим то имрӯз барои миллати куҳанбунёдамон нишонаи муқаддаси давлатдории миллӣ, озодиву озодагӣ будааст ва фарзандони бузурги миллат барои ҳифзи ин рамзи муқаддас ҷоннисорӣ намудаанд. Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дирафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. 

Аввалин Парчами мо соли 1924 таъсис ёфт ва то соли 1929 Тоҷикистон бо ҳамин Парчам дар таркиби Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳамчун ҷумҳурии мухтор арзи вуҷуд дошт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт ва то қабули Парчами нав, яъне соли 1992 дар ҳамон шакл истифода мешуд.  

Ба Парчами давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон гуфтабуданд: “Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.”

 Бо ташаббусҳои созандаи Певои миллатамон имрӯз Парчами миллӣ бар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони Парчам бунёд гардиданд.

Чун имсол 30 – солагии соҳибистиқлолии кишварро ботантана таҷлил намудем, майдонҳои Парчам ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон, табдил ёфтаанд.

Мо аз он ифтихор дорем, ки дар фазои озоду осуда ҷашнҳои миллатамонро таҷлил мекунему Парчами давлатии мо чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар кишвар ва дигар ақсои олам дар ҷаласаҳо ва мусобиқаву мулоқотҳо парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. 

Бори дигар ҳамаи Шумо ҳамкорони муҳтарам ва тамоми тоҷикистониёнро бо ин рӯзи фараҳманд – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, таманно дорам, ки  Парчами мо ҳамеша ва дар дар ҳама ҷо дар баландиҳо парфишон бошаду озодиву истиқлол дар кишвари орому азизамон бардавом монад.

Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамкасбони азиз!