Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 11-03-2025 Просмотрено: 4721

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешаванд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби истифодаи дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ» дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 1 декабри соли 2024 ба иҷро даромад, дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ» насб карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо истифода аз ин дастгоҳ аз назорати сарҳадӣ гузаранд. Истифодаи дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ»  ба таври зерин амалӣ карда мешавад:

Саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафарро ба тарҷҳизоти хонандаи шиноснома гузоред ва мувофиқи дастур қадамҳои  навбатиро иҷро кунед, ки дар экрани дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ» пайдо мешаванд;

Ба дохили дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ», ки ба таври худкор фаъол карда мешавад,  ворид шавед ва аз аксбардорӣ гузаред;

Баромадан аз дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ» пас аз анҷоми расмиёт;

Як мусофир дар як вақт як дастгоҳи техникии «Дарвозаи электронӣ» - ро истифода мебарад.

 ***

Ширкати «Сомон Эйр» шумораи парвозҳоро аз тариқи хатсайри «Душанбе-Теҳрон-Душанбе» зиёд кард. Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои ҳавопаймоиро аз тариқи хатсайри «Душанбе- -Теҳрон -Душанбе» дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва чоршанбе ба роҳ монд.

Афзоиши шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва барои сайёҳон қулай гарданд ва қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

ДАР МИНТАҚА

Раиси  Девони вазирони Қирғизистон Адилбек Қосималиев омодагии худро ҳамчун пайвандгари муассир барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) тасдиқ кард. Чунин изҳоротро Қосималиев, ки ҳамзамон роҳбарии дастгоҳи иҷроияи Президенти Қиғизистонро бар уҳда дорад, рӯзи 4-уми март дар мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории якрӯзаи худ ба Душанбе эълон кард,  иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон.

Зикр карда мешавад, ки зимни муколамаи созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуда, ба дурнамои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ диққати махсус доданд.

Тибқи маълумоти  Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши молҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2024 каме бештар аз 12 миллион долларро ташкил дод.

«Ҷонибҳо зарурати барқарор кардани алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳамчун омили муҳими фаъолсозии робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карданд», - таъкид шудааст дар хабар.

***

Дар Қирғизистон ронандагони таксӣ бояд иҷозатнома (литзензия) гиранд. Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров 20 феврал қонунеро имзо кард, ки тибқи он дар кишвар системаи иҷозатномадиҳии фаъолияти таксиҳои сабукрав ҷорӣ карда мешавад. Ин санад пас аз 6 моҳ эътибор пайдо мекунад, хабар дод агентии иттилоотии  «Фарғона» бо истинод ба хадамоти матбуоти Cарвари давлат.

Гуфта карда мешавад, ки ба ронандагон додани иҷозатномаи махсус барои интиқоли мусофирон бо мақсади баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷорӣ карда мешавад. Қонун инчунин маҳдудиятҳои мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро барои ронандагони таксӣ ва шаҳрвандоне, ки бо интиқоли байналмилалии бор тавассути нақлиёти автомобилӣ машғуланд, муқаррар мекунад.

Тавре хадамоти матбуоти президент менависад, санади дахлдор бо мақсади мутобиқ сохтани талаботи қонунҳо «Дар бораи нақлиёт» ва «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон», инчунин иҷрои фармони роҳбари кишвар «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» аз 7 декабри соли 2021 таҳия шудааст.

Парлумон тағйиротро ба қонунгузорӣ моҳи январи соли ҷорӣ тасдиқ кард. Ҳамон вақт намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ мушаххас карданд, ки барои гирифтани иҷозатнома ронандагони таксӣ бояд бастаи зерини ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд:

- ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият;

- шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт (ё боваринома);

- ҳуҷҷат дар бораи гузаштан аз санҷиши техникӣ;

- полиси суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ дар назди мусофирон;

- маълумотнома аз нарколог ва равоншинос;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

Ҳамзамон шаҳрванд бояд на камтар аз се сол собиқаи ронандагӣ дошта бошад.

***

Узбекистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои нақлиётӣ густариш медиҳанд. 12 феврал Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбой Шарипов бо директори генералии ташкилоти «Нақлиёти оянда» ("Транспорт будущего") - и ФР Юрий Козаренко ва директори генералии корхонаи мустақили ғайритиҷоратии «Маркази илмӣ-истеҳсолии БАС Самара» Константин Яшин мулоқот кард. Дар ин бора YUZ.UZ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин корманди Сафорати Русия дар Узбекистон Даря Янова, муовини аввали Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Шоҳрух Далиев ва дигар намояндагони вазорат иштирок карданд.

Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи технологияҳои пешрафтаи нақлиёт, системаҳои интеллектуалии нақлиёт ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баррасӣ карданд.

***

То соли 2027 Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ метавонанд Роҳи Бузурги Абрешимро бо назардошти рушди фаъоли иқтисодии минтақа эҳё кунанд. Осиёи Марказӣ дар марҳилаи рушди фаъоли иқтисодӣ қарор дорад: ММД дар минтақа хеле зуд меафзояд, менависад дар ин бора «Logistics News».

Пас аз соли 2022 ва тақсимоти глобалии ҷараёнҳои логистикӣ, қисми зиёди ҳаҷми боркашонӣ, ки қаблан ба қаламрави Федератсияи Русия рост меомад, ҳоло дар хатсайрҳои Осиёи Марказӣ  ба роҳ монда шудааст. Барои минтақа равзанаи хеле васеи имкониятҳо боз шудааст. Дар тӯли чанд сол Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ метавонанд Роҳи Бузурги Абрешимро эҳе кунанд. Дар ин бора ҳамраиси  IBC Global Станислав Ахмедзянов нақл кард.

ДАР ҶАҲОН

Алмаато нархи таваққуфгоҳҳоро боло мебарад ва вуруди мошинҳои ғайриэкологиро маҳдуд мекунад. Мақомоти  ин шаҳри Қазоқистон нақша доранд, ки  нархи таваққуфгоҳро ба таври назаррас баланд бардоранд ва барои  вуруди мошинҳое, ки ба стандартҳои муосири экологӣ ҷавобгӯ нестанд, пардохти иловагӣ муқаррар кунанд. Ин тадбирҳо ба паст кардани сатҳи ифлосшавии ҳаво дар шаҳр нигаронида шудаанд, гуфт ҳокими Алмаато Ерболат Досаев дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Медеу, хабар медиҳад inbusiness.kz.

Тибқи барномаи пешниҳодшуда барои солҳои 2025-2027, аллакай тобистони соли 2025 тарифҳо барои таваққуфгоҳ баланд карда мешаванд. Ба гуфтаи Досаев, ин имкон медиҳад, ки шумораи мошинҳо дар ноҳияҳои марказии шаҳр кам карда шавад.

Инчунин имконияти муайян сохтани минтақаҳое, ки ҳаракати нақлиёт бо сатҳи баланди партовҳо дар онҳо бояд маҳдуд карда шаванд, баррасӣ  мегарданд.

Айни замон, механизмҳои идоракунии ин тадбирҳо, аз ҷумла системаи пардохт ва истисноҳои эҳтимолӣ барои сокинони маҳаллӣ дар ҳоли муҳокима қарор доранд. 

Дар мавриди партохт барои вуруд, ҳоким тазаккур дод, ки ҷорӣ кардани он аз соли 2027 имконпазир аст. Аммо ин танҳо дар сурати ба итмом расидани ташаккули каркаси нақлиётии Алмаато рух медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибони мошинҳои барқӣ ва  аз ҷиҳати экологӣ тоза  метавонанд дар шаҳр ройгон ҳаракат кунанд.

***

Интиқоли бор тавассути сарҳади Русия: ҳаҷми рекордӣ дар соли 2024. Соли гузашта афзоиши назарраси ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳҳои автомобилӣ дар марзи Русия бо Гурҷистон ва Озарбойҷон мушоҳида шуд. Дар ин бора «Logistics News» хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия, ҳаҷми калонтарини борҳо тавассути қитъаи роҳи «Русия-Гурҷистон», аз нуқтаи гузаргоҳи байналмилалии автомобилӣ  «Верхний Ларс» интицол ёфтааст.  Аз рӯи натиҷаҳои солон  аз ин нуқтаи гузаргоҳ 4,8 миллион тонна бор гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаи  баландтарин дар байни ҳамаи  гузаргоҳҳои автомобилӣ дар сарҳади Русия мебошад.

***

Дар Русия иҷозат доданд, ки мошинро бе полиси суғурта ба қайд гиранд. Полиси суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт (ОСАГО) аз 1 марти соли 2025 ҳангоми бақайдгирии нақлиёт аз рӯйхати ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ хориҷ карда шудааст. Дар ин бора ТАСС хабар  медиҳад.

Инчунин, акнун соҳибони мошинҳо метавонанд мошини фурӯхташударо дар Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) фавран,  бе интизории муҳдати 10-рӯза аз қайд бароранд. Ин аз талаботи қонуни дахлдор, ки соли 2024 қабул шудааст, бармеояд.

Тибқи қонун, полиси ОСАГО аз рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки соҳиби воситаи нақлиёт бояд ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани мошин пешниҳод кунад, хориҷ карда шудааст. Дар сурати иваз шудани соҳиби мошин, полиси андоз барои сабти номи мошин низ талаб карда намешавад. Қонунгузории  пештараи  Русия бақайдгирии воситаҳои нақлиётро, ки соҳибони онҳо полиси ОСАГО надоранд, манъ мекард.

Дар баробари ин, тағйирот дар қонунгузорӣ маънои онро надорад, ки суғурта умуман талаб карда намешавад. Полиси ОСАГО, мисли пештара, барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ зарур аст. Дар сурати набудани он ба ронанда 800 рубл ҷарима таҳдид мекунад ва ҳангоми дигарбора вайрон кардани ин қоида ҷарима аллакай 3-5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

***

Дар Русия бақайдгирии мошин бе пардохти боҷи истифодаи такрорӣ (утилизатситя ё нобудкунии воситаи нақлиёт) ғайриимкон гардид. Рӯйхати асосҳо барои рад кардани бақайдгирии воситаи нақлиёт дар Федератсияи Русия аз 1 март васеъ карда, ба он зарурати пардохти боҷи утилизатсионӣ илова карда шуд. Қонуни дахлдор эътибор пайдо кард,  хабар медиҳад ТАСС.

Ҳамин тавр, аз 1 март тибқи қонуни нав, асос барои рад кардани ба қайд гирифтани мошин, аз ҷумла дар робита ба иваз шудани соҳиби он, муроҷиат ба воҳиди бақайдгирии соҳиби воситаи нақлиёт буд, ки дар давоми мӯҳлати муқарраршуда ҳаққи истифодаи онро пардохт накардааст. Ин ба воситаи нақлиёте, ки шахси воқеӣ аз хориҷа ба Русия ворид кардааст, дахл дорад. Инчунин, барои аз қайд гирифтани мошин асосҳои нав пайдо мешаванд, масалан, агар мошин дар натиҷаи сӯхтор ё ҳодисаи дигар нобуд карда шуда бошад. Ин ба соҳибони мошинҳо имкон медиҳад, ки аз амалҳои иловагии андоз аз чунин мошинҳо канорагирӣ кунанд.

Аз 1 августи соли 2023  пардохти утилизатсионӣ барои мошинҳои сабукрави нав ва истифодашуда, LCV, мошинҳои боркаш ва автобусҳое, ки барои фурӯш ба Русия ворид карда мешаванд, индексатсия карда шуда буд. Ин тадбир ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар давоми сол фурӯши мошинҳои воридотиро пас аз 1 август ба нақша гирифтаанд, дахл дошт. Дар айни замон,  пардохти утилизатсионӣ ба шахсони воқеӣ, ки барои истифодаи шахсӣ мошинҳои дорои ҳаҷми муҳаррики то се литрро ворид мекунанд, дахл надошт. Онҳо пардохти маблағро бо нархи имтиёзнок идома доданд: 3,4 ҳазор рубл барои мошинҳои то сесола ва 5,2 ҳазор рубл барои мошинҳои аз се сола боло.

***

На камтар аз 85% роҳҳои федералӣ ва 60% роҳҳои минтақавии Федератсияи Русия то охири соли 2030 дар мутобиқи ба меъёр хоҳанд буд. Чунин нишондиҳандаҳо дар шиносномаи лоиҳаи миллии «Инфрасохтор барои зиндагӣ», ки дар аввали соли 2025 тасдиқ шудааст, сабт шудаанд, хабар медиҳад сомонаи «РОСДОРНИИ».

Ин лоиҳаи миллӣ тибқи Фармони Президенти ФР Владимир Путин таҳти № 309 «Дар бораи ҳадафҳои миллии рушди Федератсияи Русия барои давраи то соли 2030 ва дурнамо барои то соли 2036» таҳия шудааст ва ба ҳалли як қатор вазифаҳо оид ба рушди маҷмааи роҳу нақлиёти кишвар равона карда мешавад.

***

Ҳукумати Алмаато мехоҳад то соли 2027 аз автобусҳои дизелӣ комилан даст кашад. Роҳбарияти Алмаато ният дорад, ки автобусҳои дизелиро то солҳои 2026-2027 пурра аз истифода барорад. Дар ин бора   «Курсив медиа» хабар дод.

Дар бораи зарурати пурра даст кашидан аз автобусҳои дизелӣ дар пойтахти ҷанубии кишвар соли аввал гуфта нашудааст, аммо мӯҳлатҳо ҳар дафъа иваз карда мешаванд. Ба гуфтаи роҳбари идораи ҳаракати шаҳрӣ Сагиндик Телибоев, мушкилоти асосӣ дар норасоии истгоҳҳои сӯзишвории газ аст. Агар дар Алмаато ҳафт адад истгоҳҳо  мавҷуд бошанд, пас берун аз он  умуман нест. Мақомот дар ин масъала якҷо бо сохторҳои вилоятӣ кор мекунанд.

***

Ҷопон хабар дод, ки бо ИМА дар бораи нархи мошинҳо  гуфтугӯ дорад. Ҳукумати Ҷопон бо Амрико дар тамос аст, ки оё боҷҳои  дарпешистодаи ИМА ба мошинҳои Ҷопон таъсир мерасонанд?  Дар ин бора ба хабарнигорон Дабири кулли  Девони вазирони Ҷопон Симаса Хаяси хабар дод,  иттилоъ медиҳад ТАСС.

«Мо аз изҳороти Президенти ИМА [Доналд] Трамп огоҳ ҳастем, - гуфт ӯ ба саволи хабарнигорон дар бораи изҳороти  роҳбари Кохи Сафед, ки  гуфта буд «тақрибан 2 апрел» ба мошинҳо боҷ ҷорӣ карданӣ аст. – Мо дар асоси арзёбии бодиққати мундариҷаи муфассали ин тадбирҳо, вақте онҳо маълум мешаванд ва нисбат ба таъсири онҳо ба кишвари мо чораҳои дахлдор меандешем».

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷопон, интиқоли мошинҳо ба ИМА тақрибан 28% тамоми содироти Ҷопон ба ин кишварро ташкил медиҳад.

Трамп қаблан гуфта буд, ки «тақрибан 2 апрел» ба мошинҳо боҷ ҷорӣ карданист. 31 январ ӯ изҳор дошт, ки ИМА ният доранд барои интиқоли чипҳо ва маҳсулоти марбут ба онҳо, инчунин нафт, газ, пӯлод, алюминий ва мис боҷ ҷорӣ кунанд. Президент он вақт мушаххас накард, ки кадом кишварҳо метавонанд аз чораҳои пешбинишуда зарар бинанд. Роҳбари Амрико қаблан дастур дода буд, ки барои тамоми интиқоли пӯлод ва алюминий аз хориҷа ба кишвар 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда шавад.

***

Дар Дубай (АМА) автобуси ояндаро муаррифӣ карданд. Тибқи иттилои Идораи роҳҳо ва нақлиёти Дубай (RTА), ба зудӣ дар аморат намуди инноватсионии нақлиёти ҷамъиятӣ – автобуси релсӣ пайдо мешавад, ки пурра бо усули 3D аз маводи коркардшаванда сохта шудааст.

Системаи мустақил, ки бо энергияи офтоб  кор мекунад, ҳанӯз дар ҳоли таҳия аст, аммо интизор меравад, ки ҷодаҳои шаҳри Дубай инқилоб ба амал орад.

Модели автобуси оянда дар Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳои соли 2025 дар Madinat Jumeirah намоиш дода шуд. Автобуси зарҳалӣ-сиеҳранг бо ду қатор курсиҳои норанҷӣ ва ҷойҳо барои одамони дорои талаботи махсус муҷаҳҳаз аст. Ҳар як вагон 22 ҷойи нишаст дорад ва метавонад то 40 мусофирро интиқол диҳад.

Лоиҳа ба амбитсяи (шӯҳратхоҳии) Дубай барои ноил шудан ба мақоми шаҳри ҳушмандтарин дар ҷаҳон мувофиқат мекунад ва ба стратегияҳои асосии миллӣ, аз ҷумла стратегияи партовҳои баробар ба сифр то соли 2050 ва стратегияи нақлиёти мухтори Дубай то соли 2030  мутобиқ аст.

***

Чин соли 2024 шумораи рекордии мошинҳои истифодашударо содир кард.  Ҷумҳурии Мардумии  Чин дар соли сипаришуда тақрибан 400 ҳазор адад мошини истифодашударо содир кард, ки нисбат ба як соли пеш  45% зиёд аст.

Ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи чунин  содирот буд, хабар медиҳад рӯзномаи бонуфузи иқтисодии Ҷопон Nikkei, ки маълумоти сохторҳои тиҷоратии дахлдорро ҷамъбаст кардааст.

Тибқи маълумоти нашрия, таваҷҷӯҳи бештар ба мошинҳои чинӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, ба Қирғизистон, Руссия ва Узбекистон тақрибан 50% тамоми интиқоли мошинҳои истифодашуда аз Чин рост меояд.

Рӯзнома хотиррасон мекунад, ки соли 2023 Чин аз рӯи ҳаҷми содироти мошинҳои нав дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор гирифт ва аз Ҷопон  аз рӯи ин нишондиҳанда пеш гузашт. Дар маҷмӯъ, он вақт 4,91 миллион мошин ба хориҷа интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи  57,9%  бештар аст. Ба гуфтаи Nikkei, афзоиши маъруфияти мошинҳои нави чинӣ ҳоло ба мошинҳои истифодашуда низ паҳн мешавад.

***

Фурӯши ҷаҳонии мошинҳои барқӣ ва гибридҳои барқгиранда дар моҳи январ 18% афзоиш ефтааст. Тавре Reuters зикр  мекунад, омори январии Rho Motion нишон дод, ки дар бозори мошинҳои барқӣ ва гибридҳои пайвастшаванда тағйироти пешсаф нишон дода шудааст.

Дар муқоисаи солона, фурӯши мошинҳои барқӣ ва гибридҳои моҳи январ дар Чин то ҳол 11,8% афзоиш ёфта, ба 700 ҳазор адад расид. Аврупо афзоиши баробар ба  21% - ро  ба ҳадди  250 ҳазор адад мошин намоиш дод. Бозори Олмон 40% афзоиш ёфт, аммо фурӯши мошинҳои Фаронса аз сабаби ҷорӣ кардани андоз аз гибридҳои барқгиранда 52%  кам шуд.

ИМА ва Канада афзоиши фурӯши гибридҳо ва мошинҳои барқгирандаро 22,1% ба ҳадди то 130 ҳазор адад нишон доданд. Дар тамоми боқимондаи ҷаҳон фурӯш 50% афзоиш ёфтааст, аммо омори ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ аз афзоиши ҳаҷми фурӯш ба андозаи 18% ба ҳадди то 1,26 миллион адад мошин шаҳодат медиҳад.