Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2009, яъне 16 сол муқаддам, 8-уми март дар ҷумҳурӣ Рӯзи Модар эълон карда шуд. Дирӯз ба ин муносибат дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис роҳбарият, кормандони масъули Вазорат ва бонувони фаъоли соҳаи роҳу нақлиёт ширкат намуданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт ва зикр намуд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дошту дорад, вале мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмору идоракунии давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, ба туфайли кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат воқеан боло рафт. Фармони таърихии Сарвари давлат аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» далели ин гуфтаҳо мебошад.
Гуфта шуд, ки моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои баробари мардону занонро кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои узви ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1998), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1998)-ро эътироф намуд. Аз соли 1999 Протоколи иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Ғайр аз ин Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад ва Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз ҷониби Тоҷикистон соли 2000 ба имзо расонида шудааст.
«Басо рамзист, ки Рӯзи Модар ба оғози фасли баҳор, айёми зиндашавӣ ва зебоиҳои табиат рост омадааст, зеро Зан-Модар худ сарчашмаи ҳаёт, олиҳаи меҳру муҳаббат, намоди сарсабзию хуррамии инсонҳо ва рушду нумӯи ҷомеа аст, - изор дошт Вазири нақлиёт ва барои тақвияти ин фикр суханони Сарвари давлатро мисол овард, ки дар яке суханрониҳои худ гуфтаанд: «Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарвоӣ зоҳир мекунад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Ба гуфтаи Вазири нақлиёт, маҳз эҳтирому самимияти беандозаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба Зан-Модар буд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз кулли иштирокчиён даъват карданд, ки модарону хоҳарони худро аёдат кунанд, аз ҳолу аҳволашон хабар гиранд, ба онҳо дасти мадад дароз кунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тинату матонати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанўз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Вазири нақлиёт хотирнишон сохт, ки ҳоло дар вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он 1639 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда 65 нафар занону бонувон фаъолият мекунанд, ки натиҷаҳои корашон аз мардон кам нест. Имрӯз занону бонувон на танҳо сари фармони автомобил мешинанд, балки дар самтҳои дигар ва мушкилтари соҳаи роҳу нақлиёт низ қобилият нишон медиҳанд.
«Мо минбаъд низ барои ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба кор ва барояшон фароҳам овардани шароити хуби корӣ аз тамоми имконот истифода хоҳем кард», - иброз дошт Вазири нақлиёт ва изҳори итминон намуд, ки занону бонувони арҷманди мо минбаъд низ дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла пайравӣ ба сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, инчунин тарбия ва ба камол расонидани фарзандони аз ҳар ҷиҳат солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватани азизамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар маҷлис ҳамчунин муовини Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи дастгоҳи марказии вазорат Эгамбердӣ Амонзода, кормандони КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Забарҷад Асхӯҷаева ва Фарзона Худойдодова ба сухан баромада, ҳозиринро бо Рӯзи Модар шодбош гуфтанд.
Дар охир Вазири нақлиёт ба занону бонувони фаъоли соҳа Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.