26 феврали соли 2025 дар шоҳроҳи «Душанбе-Чанак», дар мавзеи Зимарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаи фоҷиабор рух дод: мошини тамғаи Mercedes Benz (Sprinter), ки дар он як нафар нишаста буд, зери тарма монд. Мутаассифона, ронандаи 34-сола Шуҳрат Муминов, сокини деҳаи Дурманбулоки ноҳияи Варзоб, ҳалок гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, танҳо дар бадали ду рӯз (2 ва 3 март) дар роҳи мошингарди «Душанбе – Чанак» 13 ҳодисаи тармафароӣ (бо андозаи гуногун) ба қайд гирифта шудааст, ки боиси маҳдудияти муваққатии ҳаракат дар ин ин шоҳроҳи байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 3 март соати 15:00 дар километри 68-уми ин шоҳроҳ тарма фаромад. Дар лаҳзаи ҳодиса ду мошини мусофирбар ба самти пойтахт ҳаракат мекарданд. Наҷотдиҳандагон зуд ба ҷои ҳодиса расиданд ва ҳафт нафарро аз зери барф берун оварданд.
Ҳавошиносон хабар медиҳанд, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ, дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанак» (62-74 км), дар ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзҳои оянда низ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Тибқи пешгӯии Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳафзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои сард бо боришот дар шакли борон ва барф пешгӯӣ мешавад, ки ин метавонад боиси фаромадани тарма гардад. Ба гуфтаи ҳавошиносон, борон ба афзоиши сарборӣ ба нишебии пурбарф мусоидат мекунад ва сабаби ҳаракати тарма мегардад.
Бинобар нн Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои маҳаллии нигоҳдории роҳҳо супориш додаст, ки вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард пайгирӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ фавран ба тоза кардани роҳҳо шурӯъ намоянд.
Ҳамзамон Вазорати нақлиёти ҶТ ба ронандагон чунин тавсия медиҳад:
- Беҳтар аст, ки аз сафар дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳо бидуни зарурати шадид худдорӣ намоед ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ чораҳои эҳтиётиро қатъиян риоя кунед;
- Пеш аз баромадан ба роҳ ҳатман дар бораи обу ҳаво, ҳолати роҳҳо ва хатари фаромадани тарма маълумот гирифтан лозим аст;
- Ҳангоми ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ ё дар қитъаи хатарноки роҳ бояд фосилаи байни мошинҳо, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар кардаанд, қатъиян риоя карда шавад;
- Ба аломатҳои огоҳкунандае, ки аз ҷониби муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар ҷойҳои эҳтимолии тармафароӣ ва фурӯпошии барф гузошта шудаанд, диққат диҳед;
- Агар дар пеш аз сабаби хавфи фаромадани тарма эҳтимоли баста шудани роҳ бошад, ин огоҳиро нодида нагиред. Беҳтар аст, ки то боз шудани роҳ дар наздикии маҳалли аҳолинишин, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё ягон ҷои дигари нисбатан гарму бароҳат мунтазир шавед;
- Агар тӯдаи барф дар назди мошин ба роҳ афтад, шумо набояд кӯшиши «рахна» сохтани онро кунед. Беҳтар аст, ки таваққуф намоед ва нишебиҳои кӯҳро аз назар гузаронед. Агар заррае хатари фаромадани тармаро эҳсос кардед, бояд пас гардед ва ба ҷои амн равед;
- Агар барф рӯи мошин фурӯ резад ва онро пурра пӯшонад, бояд фавран муҳаррикро хомӯш кунед. Инчунин то ҷое имкон ҳаст, бояд дарро кушоед, то «ҷайби» ҳавоӣ фароҳам созед, ки ба шумо имкон медиҳад нафас кашед ва аз зери барф берун шуда тавонед;
- Агар барф болои мошин рехта, вале онро пурра напӯшондааст, шумо бояд мусофиронро ба ҷои амн баред. Сипас, ба хадамоти кӯмак занг занед ва кӯшиш кунед, ки мошинро аз «асирӣ» озод намоед.