Хабарҳо

Blog

Вохурии Вазири нақлиёт бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.

Санаи нашр: 18-11-2021 Просмотрено: 347

        Рӯзи  18 ноябри соли 2021 Вазири нақлиёти кишвар бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муҳокимаи масъалаи вобаста ба  «Баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон дар бахши нақлиёт» вохурӣ доир намуд.

       Дар вохӯрӣ масъалаи «Баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон дар бахши нақлиёт» дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, қитъаи 2 таъкид гардид, ки занони  дар ҳудуди лоиҳаи мазкур истиқоматкунанда ба курсҳои омӯзишии соҳибкорӣ фаро гирифта мешаванд ва мушовир оид ба идоракунии лоиҳа барои амалишавии  он мусоидат мекунад.

      Инчунин дар даҳрӯзаи сеюми моҳи ноябри соли равон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба масъалаи мазкур вохӯрӣ дар назар аст.