Хабарҳо

slider_img
slider_img

КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА БУНЁДИ АВВАЛИН «ДОЛОНИ САБЗ» - И НАМУНАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ МЕЁБАНД. Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd»-и ҶМЧ бо ҳам қарордод бастанд

Санаи нашр: 26-02-2025 Просмотрено: 5418

Қитъаи роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи намоишии «Долони сабз» азнавсозӣ карда мешавад. Қарордод барои иҷрои корҳои сохтмонӣ байни фармоишгари лоиҳа – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин 24 феврали соли 2025 дар Душанбе ба имзо расид.

Зери қарордод Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори ширкати «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.» дар Тоҷикистон Мяо Хао имзо гузоштанд. Дар маросими имзои ҳуҷҷат инчунин Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛ ТР) Нурали Арабзода ва мутахассисони ин марказ иштирок карданд.

Лоиҳа босозии шоҳроҳи мавҷудаи фарсудашудаи «Данғара – Гулистон» бо дарозии 49 км – ро пешбинӣ мекунад.     

Ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани шабакаи миллии роҳҳо бо роҳи бунёди  нахустин «долони сабз» - и намоишӣ (намунавӣ) дар кишвар Бонки Осиёии рушд моҳи ноябри соли гузашта маблағи грантиро дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 23 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд  ба маблағи 40 миллион доллар қарз медиҳад.

Тибқи лоиҳа, роҳи «Данғара – Гулистон», ки дар солҳои 1930-ум сохта,  солҳои 1970-ум таҷдид шудааст, аввалин роҳи автомобилгарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дарбар мегирад. Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ карда,  ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд. Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар карда, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд. Дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол утоқҳои ҷудогона  месозанд, нақлиёти ҷамъиятӣ дорои нишастгоҳҳои имтиёзнок барои  шахсони қобилияташон маҳдуд хоҳад буд.

Азбаски норасоии истгоҳҳои барқпуркунӣ барои электромобилҳо дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи барқпуркунии озмоишӣ сохта мешаванд ва  барномаи сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар рушди ин бахш таҳия  ва пешниҳод мегардад.

Барои беҳтар кардани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил мекунад.

Аллакай моҳи марти соли равон корҳои омодагӣ оид ба татбиқи лоиҳа оғоз мегардад. Лоиҳа бояд то соли 2030 (се сол муҳлати сохтмон ва  ду сол муҳлати кафолатӣ) пурра ба анҷом расад.

Мавриди зикр аст, ки чунин роҳҳо тибқи Дастури БОР ҷиҳати бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.

Дастгирии молиявӣ ба муҳандисон, тарроҳон, тасмимгирандагон ва мутахассисон дар мувозинати ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ барои сабз кардани роҳҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кӯмак хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон»-ро дар қатори дигар иншооти роҳу нақлиёти сохташаванда яке аз роҳҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавии кишвари мо номиданд.