Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №911 аз 8 январи соли 2025 солҳои 2025-2030 дар мамлакат Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.
Мақолае, ки дар зер пешниҳод мешавад, аз ҷониби Раёсати низоми зеҳнии нақлиёти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.
«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд». Ин нукта дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар садо дод ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо сиёсати оқилонаи Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми давлатҳои дунё барои гузариш ба модели нави иқтисодӣ заминаҳо фароҳама оварда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо қадамҳои устувор мегузорад.
Иқтисоди рақамӣ омили муҳимми баланд бардоштани самаранокии тиҷорат ва сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб рафта, дар навбати худ чунин намуди иқтисодиётест, ки дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотиву платформаҳои рақамӣ рушд меёбад ва доираи фарохи соҳаҳои иқтисодиётро дарбар мегирад, истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва дигар фаъолияти иқтисодиро ба таври рақамӣ амалӣ менамояд.
Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушдёбӣ қарор дошта, яке аз ҳадафҳои муҳимми худро рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муайян намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи субот ва устувории рақобатпазириро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ дарк намуда, стратегияҳои технологияҳои волоро барои рушди иқтисодии кишвар таҳия месозад, ки меҳвари онҳоро индустрияи технологияҳои иттилоотӣ ташкил медиҳад.
Ба ин васила, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини фазои мусоид дар пешбурди сиёсати иқтисоди рақамӣ – Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, мавриди татбиқ қарор додааст.
Мувофиқи барномаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 кишвари мо бояд ба модели нави иқтисодӣ қадам гузорад ва асоси ин модел рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Бояд ба назар гирифт, ки рушди босуръати рақамикунонии тамоми ҷомеаи ҷаҳон ва пайдоиши шумораи афзояндаи маҳсулоти рақамӣ аз мутахассисони баҳисобгирии идоракунӣ тақозо менамояд, ки дорои донишу маклакаи иқтисодиёти рақамӣ бошанд, ки имрӯз ин омил дар навбати худ бартарии назарраси рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад.
Ин аст, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зеринро ба таври зайл баррасӣ намуданд: «Дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад».
Масъалаи мазкур водор месозад, ки тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллиро рӯйи кор оварем. Зеро сармояи инсонӣ бо усули омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо роҷеъ ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ вусъат ва таҳким меёбад.
Соддагардонии расмиёти савдо яке аз ҳадафҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ мебошад, ки он дар навбати худ яке аз ҳадафҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо низ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикситон бо ташаббуси созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 узви комилҳуқуқи созмони мазкур пазируфта шудааст. Узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои мардуми кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад ва ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки таҷриба ва қоидаҳои дар ҷаҳон эътирофшудаи савдои байналмилалиро татбиқ намояд ва иқтидори институтсионалии кишварро афзун созад.
Воридшавии Тоҷикистон ба чунин созмони бонуфузи байналмилалӣ яке аз дастоварди бузурги даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, боиси бознигарии куллӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт гардид. Яке аз шартҳои асосии устувор намудани мақоми худ дар ин созмон ба вуҷуд овардани шароити хуби рақобатпазирии мол ва соҳаҳои хизматрасонӣ мебошад.
Албатта дар замони муосир бе таҳкиму вусъати иқтисоди рақамӣ ва инноватсия рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ ғайриимкон буда, низоми мазкур ба тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёт низ таъсиррасон мебошад.
Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ як ҷанбаи муҳим мебошад. Хизматрасониҳои рақамӣ, «шаҳрҳои ҳушманд» ва низомҳои нави идоракунии маълумотҳо имкон медиҳанд, ки сифати хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардад, дастрасӣ ва шаффофияти онҳо афзоиш ёбад, ҳамзамон амалҳои коррупсиониро коҳиш ва эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ таҳким диҳад.
Имрӯзҳо, дар Тоҷикистон ҷиҳати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани равзанаи ягонаи маҷозӣ барои соддагардонии раванди дарёфти хизматрасониҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳукумати электронӣ низ ба як ҷузъи муҳимм табдил ёфта, корҳо дар ҷорӣ намудани низоми маҷозии ҳисоботи андоз, бақайдгирии соҳибкорӣ ва дигар хизматрасониҳои маъмурӣ идома доранд.
Марҳилаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон бо худ чандин истилоҳи навро пайдо намуд ва истилоҳи «логистикаи рақамӣ» низ аз ҷумлаи онҳост. Логистикаи рақамӣ – ин идоракунии равандҳои моддӣ, иттилоотӣ, молиявӣ ва инсонӣ бо мақсади муносибгардонии онҳо аз ҳисоби технологияҳои иттилоотии муосир мебошад.
Яке аз соҳаҳое, ки ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар Тоҷикистон бештар хизматрасониҳои худро ба тарзи рақамӣ ба роҳ монда истодааст, ин соҳаи логистика аст. Рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ ба баландбардории иқтидори рақобатпазирии ширкатҳои дар бозорҳои милливу байналмиллалӣ амалкунанда таъсири амиқи худро мегузорад. Технологияҳои рақамӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳо дар самти муносибгардонии хароҷот ва баландбардории сатҳи хизматрасониҳои логистикӣ шароити мусоид муҳайё месозад.
Бояд зикр намуд, ки дар низоми иқтисодӣ соҳаи нақлиёт яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, бидуни роҳу нақлиёт гардиши савдоро тассавур кардан ғайри имкон аст. Самараи гузариши соҳаи нақлиёт ба низоми рақамикунонӣ пеш аз ҳама имкон медиҳад, ки аз ҳисоби гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва ҷорӣ намудани низоми зеҳнии нақлиётӣ инфрасохтори сифатнок ва бехатарии роҳ таъмин гардида, ҳаҷми боркашонии автомобилӣ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои алоқаи байналмилалӣ меафзоянд.
Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рақамикунонии соҳаи нақлиёти кишвар қадамҳои устувор мегузорад.
Дар шаҳрҳoи Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ cурат гирифта, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад.
Мавриди зикр ва боиси хушнудист, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошад, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис ёфтааст.
Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда шавад.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» пеш аз ҳама бо ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва телематикӣ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хоҷагидории марбут ба соҳаи нақлиёт ва роҳ новобаста аз шакли моликият замина гузоштааст.
Ба ин тариқ, ташкили рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва роҳ ҷиҳати фарогирии пурраи нишондиҳандаҳои омории соҳа, истифодаи самараноки техника ва механизмҳои роҳдорӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетии ба соҳа равонагардида, назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбарии истифодаи умум, идоракунии ҳаракати роҳ, пардохти электронии хизматрасонии нақлиёт, иҷрои шиносномакунии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он шароит фароҳам меоварад.
Дар умум фаъолияти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» имкон медиҳад, ки тамоми хизматрасониҳои нақлиётӣ ба таври электронӣ ва шаффоф таъмин шуда, сатҳи амалҳои номатлуби коррупсиониву иқтисоди пинҳонӣ ба маротиб коҳиш ёбад. Аз 30 модули рақамикунонӣ, ки дар Вазорати нақлиёт муайян гардидааст, айни ҳол чанде аз онҳо, ба монанди муҷаҳҳазсозии техникаҳои роҳсозӣ бо GPS ва назорати фаъолияти самараноки онҳо, инчунин пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуҳои замонавии динамикӣ ва пайваст ба Марказ мавриди амал қарор доранд.
Ҳамзамон, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ҷиҳати беҳтарсозии кору хизматрасонӣ дар раванди гирифтани иҷозатнома, рухсатнома, роҳхату борхат, мавҷудияти бор ё талабот барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор, хизматрасонии тамос бо рақами кутоҳи 8808 –ро пешниҳод менамояд. Маркази тамос имкон медиҳад, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он фармоишҳо аз рӯи самтҳои боркашонӣ, мусофирбарӣ, гирифтани роҳхату борхат қабул гардида, саривақт иҷро шаванд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии соли 2024 оид ба сифати роҳҳо дар зинаи болотар мавқеъ гирифт, ки ин самара рушдёбии соҳаи нақлиёти кишварро таҷассум намуд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 зикр карда шуд: «Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».
Дар баробари ин, Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Ҳамзамон, дар баробари вазифаҳои болозикр, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 ҷиҳати андешидани чораҳои бетаъхир барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ масъалагузорӣ намуданд.
Рақамикунонии нақлиёти барқӣ – ин раванди ворид кардани технологияҳои рақамии муосир ба соҳаи нақлиёти барқӣ аст, ки мақсади он беҳтарсозии самаранокии истифодабарӣ, осон намудани истифода ва ҳамгироӣ бо низоми нақлиёти зеҳнӣ мебошад. Рақамикунонӣ ба истифодаи технологияҳои ҳушманд, зеҳни сунъӣ, махзани маълумотҳо, технологияҳои абрӣ ва дигар ҳалли пешқадам барои муносибгардонии коркард ва истифодаи нақлиёти барқӣ, нуқтаҳои барқигирӣ ва инфрасохтори марбут ба он ишора мекунад.
Рақамикунонии нақлиёти барқӣ ҳадафи стратегиест барои рушди устувори инфрасохтори нақлиёт дар соҳаи нақлиёти экологии кишвар, ки ҳамчун васила дар самти ташаккули «иқтисоди сабз» метавонад нақши босазоро гузорад.
Дар ин масир, ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои «Барномаи рушди нақлиёти автомобилии барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №532 аз 31 октябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, ҳамзамон бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҷрибаи давлатҳои пешрафта, бо дастури роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бахшҳои нақлиёти барқӣ ва логистикаи рақамӣ таъсис ёфтанд.
Таъсисёбии бахшҳои болозикр метавонанд нақши муҳимро дар амалисозии инноватсияҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёти барқӣ дошта бошанд. Дар навбати худ, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»–ро зарур меояд, ки кӯшишро барои мувофиқ ва муосир нигоҳ доштани тамоми хидматҳои рақамӣ дар рушди муносибатҳо бо муштариёну ҳамкорон ба таври самаранок амал намояд.
Дар доираи масъалаҳои ташвиқ кардани истифодаи нақлиёти барқӣ ва паст кардани таъсири манфии нақлиёти анъанавӣ ба муҳити зист, чорабиниҳои зерин ба монанди – ба роҳ мондани тадбирҳои ҷалби бахши хусусӣ бо пешниҳоди имтиёзҳо ба истеҳсол ва хизматрасониҳо барои нақлиёти барқӣ, инчунин иншооти инфрасохтори барқгирӣ ва хизматрасонӣ; расонидани ёрии машваратӣ ва дастгирӣ дар ташкил ва танзими истеҳсоли аккамуляторҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи табиат; тарғиби афзалияти истифодаи нақлиёти барқӣ дар шабакаҳои иҷтимоиву васоити ахбори омма дар радифи дигар тадбирҳо, мувофиқи мақсад мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои барномаҳову стратегияҳову дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлатӣ ва инчунин барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №911 аз 8 январи соли 2025 «Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025– 2030», мақсаду ҳадафҳои мушаххаси фаъолияти минбаъдаи худро муайян карда, корбариро барои таҳия, баррасӣ ва тасдиқи «Нақшаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030» ба роҳ мондааст, ки албатта амалӣ гардонии масъалаҳову ҳадафҳои он маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусиро тақозо менамояд.
Хулоса, имрӯз рақамикунонии босуръат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири амиқи худро расонида истодааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи гузариш ба модели рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ интихоб намуда, онро бо қадамҳои устувор ва бомаром пеш мабарад. Дар назар аст, ки дар оянда бо таҳким, рушд ва вусъатёбии иқтисоди рақамӣ мо ба беҳтаршавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалӣ, дастрасии аҳолӣ ва хоҷагиҳо ба интернети фарохмавҷу мобилӣ, болоравии сифати хизматрасонии рақамӣ, афзоиши ҳиссаи хизматрасонӣ дар шакли рақамӣ, миқдори ҷойҳои нави кории дар бахши рақамӣ таъсисдодашуда ва инчунин ба маҷмӯи дигар нишондиҳандаҳои мақсаднок хоҳем расид.
Раёсати низоми зеҳнии нақлиёти КВД
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»–и
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон