11 феврал дар Женева Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири роҳ ва рушди шаҳрдории Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ мулоқот доир намуд. Вазирони ҳарду кишвар ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эронро дар ҷаласаи солонаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КНД КИА СММ), ки аз 11 то 14 феврал дар пойтахти Швейтсария доир мегардад, роҳбарӣ мекунанд.
Ҷонибҳо дар оғози мулоқот аз тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус дар самти нақлиёту логистика изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вазири роҳ ва рушди шаҳрдории Ҷумҳурии Исломии Эрон аз истиқболи гарму самимона ҳангоми ташрифашон ба Тоҷикистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуд Пизишкиён дар моҳи январи соли ҷорӣ ёдовар гардида, бори дигар изҳори сипос кард.
Хотиррасон мешавем, ки 16 январи соли 2024 Азим Иброҳим ва хонум Фарзона Содиқ дар Душанбе, дар ҳузури сарони ҳарду давлат, Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳорро ба имзо расонида буданд.
Зимни мулоқоти худ дар Женева роҳбарони мақомоти ваколатдори роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва Эрон суҳбатро аз ҷараёни иҷрои ҳамин барнома оғоз намуданд. Ҷониби Эрон изҳор дошт, ки омода аст барои эҷоди маркази нақлиётиву логистикии Тоҷикистон дар бандари Чобаҳор, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии ин кишвар, замин ҷудо кунад ва ҳоло мунтазири ҳайатҳои расмию соҳибкории Тоҷикистон аст.
Гуфта шуд, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тариқи ситемаи TIR Carnet (ҳуҷҷат барои боркашонии байналмилалӣ), ки Тоҷикистон ва Эрон аз он истифода мебаранд, зарурати гирифтани раводид барои ронандагони ҳарду кишвар аз байн меравад.
Хонуми Фарзона Содиқ ҳайати Тоҷикистонро ба ҷаласаи навбатии ТРАСЕКА, ки анқариб дар Эрон баргузор мегардад, даъват намуд ва хабар дод, ки дар ин ҷаласа, дар қатори дигар санадҳо, лоиҳаи созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба баррасӣ кашида мешавад. «Зарур мешуморем, ки барои истифодаи транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистон ин ҳуҷҷатро сеҷониба ба имзо расонем, - зикр кард ӯ, - ин ба манфиати ҳарсе кишвар хоҳад буд. Фикр мекунем барои расидан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар замони муосир яке аз тавлидкунандагони асосии молу маҳсулот, таҷҳизоту мошинҳо ва технологияҳо дар дунё ба шумор меравад, роҳ тариқи Тоҷикистон муносиб ва қобили эътимод хоҳад буд».
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим пешниҳодоти ҷониби Эрон, аз ҷумла роҷеъ ба роҳандозии ҳамлу нақли автомобилӣ байни Тоҷикистону Эрон тариқи Афғонистон, барои чанд моҳ тамдид намудани рухсатномаҳои аз соли пешин боқимонда ҷиҳати ҳамлу нақли бор ва содда гардонидани равуои мусофирон ба хотири рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистону Эронро қобили қабул ва баррасии минбаъда бо мақомоти зиддахл шуморид.
Азим Иброҳим оид ба истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои транзит ҷиҳати пайвастан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори назар кард ва гуфт: «Мо ба ҳалли масъалаи мазкур манфиатдор ҳастем, зеро онро ҳадафи стратегии худ қарор додаем».
Зикр гардид, ки 29-30 майи соли 2024 дар Душанбе таҳти унвони «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон» конфронси байнулмилалӣ доир гардид, ки дар он масоили таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуданд. Конфронс аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Комиссияи иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) созмон дода, ба 10-солагии имзои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бахшида шуд. Дар кори Конфронс тақрибан 350 намояндаи мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аъзои СҲШ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили ТРАСЕКА, ЭСКАТО, ИДМ ва ғайра ширкат варзиданд.Дар чаҳорчӯби кори Конфронс вохӯрии кории вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, гуфтушуниди вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ + Чин баргузор шуд. Яке аз мавзӯъҳои муҳим барои Тоҷикистон, ки дар доираи конфронс баррасӣ шуд, масъалаи марбут ба таҳвили бор тариқи роҳи байналмилалии автомобилгарди «Душанбе - Қулма - сарҳади Чин» ва тариқи долони мултимодалии буд.
Дар идома маълумот дода шуд, ки барои фаъолсозии долони мултимодалии мазкур корҳои азнавсозӣ дар қитъаҳои гуногуни он, аз ҷумла дар нақби «Истиқлол», бо маром идома доранд ва соли ҷорӣ қисмате аз онҳо ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Аз ин лиҳоз, Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҷониби Эронро барои истифода аз долони мазкур даъват намуда ва изҳори умеду итминон кард, ки ҳамкории ду кишвари дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаи роҳу нақлиёт боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.
Дар мулоқот, ки дар Қароргоҳи СММ дар Женева дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сафири Фавқулода ва Мухторп Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ва Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ваа хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ Раҳмиддин Саломзода ширкат намуданд.