Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЖЕНЕВА ҶАЛАСАИ 87-УМИ КНД КИА СММ БАРГУЗОР ШУД. Дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард

Санаи нашр: 12-02-2025 Просмотрено: 5281

11 феврал дар Женева, пойтахти Конфедератсияи Швейтсария, ҷаласаи солонаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КНД КИА СММ) баргузор гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуд. 

Ҷаласаро, ки дар он 295 нафар ширкакунандагон - вазирони нақлиёт, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои нақлиётии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, олимони коршинос аз тамоми ҷаҳон ба ҳам омаданд, муовини Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КНД КИА СММ) Татяна Молчан ифтитоҳ намуд.   

«Пешрафту мушкилоти нақлиёти дохилӣ дар роҳ ба сӯи соли 2030» - чунин буд мавзӯи сегменти сатҳи баланди ҷаласа, ки ба гуфтаи  хонум Татяна Молчан, имкон хоҳад фароҳам овард, ки нақш ва саҳми долонҳои  байналмилалии нақлиётӣ дар рушди иқтисодиёти кишварҳо ба таҳлилу баррасӣ кашида шаванд.  

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим суханронии худро бо маълумот дар бораи панҷ ҳуҷҷате оғоз намуд, ки  дар Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар заминаи рушди соҳаи нақлиёт қабул шудаанд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи мақсадноки давлатии рушди маҷмааи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Давлатии рушди системаи логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 мебошанд.

«Имрӯз кишварҳои минтақаи мо ҷиҳати мусоидат ба ҳамлу нақли устувори минтақавӣ ва байниминтақавии дохилӣ тадбирҳои муштарак меандешанд. Маълум аст, ки муттаҳид сохтани иқтидорҳои нақлиётӣ ва логистикии кишварҳоямон барои ҳамаи халқҳое, ки дар минтақаи  КИА ва берун аз он зиндагӣ мекунанд, муфид аст», - гуфт ӯ. Дар доираи Тоҷикистон ин тадбирҳо татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими муштаракро бо шарикон дар бар мегиранд, ки дар байни ннҳо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо ном бурд:

 Якум – таъсиси низоми ягонаи иттилоотии «Осиё-Пермит» ҷиҳати мубодилаи электронии варақаҳои иҷозатномаҳо барои интиқоли борҳои байналмилалӣ. Моҳи июни соли 2023 дар Тошканд ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи ин низом баргузор гардид, ки дар ҷараёни он лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Узбекистон ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёти Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳия гардид.

Дуюм – рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Аврупо – Туркия Эрон – Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон – Чин». Бо дарназардошти аҳамияти лоиҳаи мазкур миени вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки татбиқи он, ба гуфтаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «барои осон кардани интиқоли байналмилалии автомобилӣ дар алоқаи дуҷониба ва бисёрҷониба шароити мусоид фароҳам меорад».

Сеюм – таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ (ММДН) дар шаҳри Душанбе. Вазири нгақлиёти ҶТ ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоъ дод, ки 12 июли соли 2023 дар Ню-Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ҳамоиши махсус баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси  чунин марказ дар пойтахти кишвари мо, ки аз ҷониби зиёда аз 40 давлати аъзои СММ дастгирӣ ёфтааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.

29 октябри соли 2024 Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман  ифтитоҳ гардид.

Чорум –  рушди заминаи ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиет дар Осиёи Марказӣ. Дар робита ба ин, тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоъ дод, моҳи сентябри соли 2023 дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар натиҷаи он Созишномаи панҷҷониба оид ба таҳкими  алоқаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.  Вазири нақлиёти ҶТ тазаккур дод, ки ин  санад бо ҷалби  коршиносони Кумисиони иқтисодию иҷтимомим Созмони Милали муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP; ЭСКАТО) таҳия шудааст.

Ва панҷум – рушди минбаъдаи ташаббуси Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  оид ба  долони мультимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТИТ)». Бо ин мақсад, соли 2023 дар Душанбе нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он масоили роҳу воситаҳои зиёд намудани ҳамлу нақли бор ва таҳкими алоқаи нақлиётӣ тавассути ин  долон баррасӣ гардид. Дар натиҷа Нақшаи мушаххаси амал таҳия ва тасдиқ гардид.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки то соли 2032 100% энергияи худро аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои «энергияи сабз» истеҳсол намуда, то соли 2037 партовҳои газҳои гулхонаиро ба ҳадди ақал кам намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар моҳи декабри соли гузашта изҳор доштанд, ки со соли 2037 Тоҷикистон ба «кишвари сабз»  табдил хоҳад ёфт.

«Мо хуб дарк мекунем, ки барои расидан ба ин ҳадаф маҳз муносибати систематикӣ ба инфрасохтори устувори нақлиёт бисёр муҳим аст», - изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар ҷаласа. Илова бар ин, Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037  ба фароҳам овардани муҳити зарурӣ барои наёлиёти барқӣ бо инфрасохтор, хизматрасонӣ, таъминоти барқ ва дигар шароитҳои мусоид ҷиҳати тадриҷан ҷорӣ намудани мошинҳои барқӣ даъват менамояд.

«Мо нақлиёти ҷамъиятиро дар тамоми шаҳрҳои кишвар пурра барқӣ мекунонем. Дар наздамон вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2037 55% тамоми воситаҳои нақлиёти кишварро барқӣ гардонем. Бо ин мақсад, имтиёзҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо барои воридоти мошинҳои барқӣ муқаррар карда  шудданд», - изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар иҷлосияи 87-уми КНД КИА СММ ва сармоягузорону шарикони манфиатдори рушдро барои иштирок дар татбиқи нақшаҳои эълоншуда, инчунин лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳ, бахусус дар долонҳои байналмилалии нақлиётии Тоҷикистон даъват намуд.