Хабарҳо

Blog

Вохурии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Украина дар шаҳри Душанбе.

Санаи нашр: 15-11-2021 Просмотрено: 394

    Рӯзи 15 ноябри соли 2021 вохурии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо Сафири фавқуллода ва мухтори Украина дар шаҳри Душанбе Серватюк Василий Николаевич баргузор гардид.

   Сафирро мушовири Сафир Кизима Игор ва Директори ҶДММ “Запоржский механический завод” Олег Речук ҳамроҳӣ намуданд.

    Дар рафти вохурӣ масъалаҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти роҳи оҳан муҳокима ва баррасӣ гардиданд. 

   Вазири нақлиёт ба Сафир оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёт маълумоти муфассал баён намуда қайд кард, ки ҳамкориҳо дар асоси санадҳои баимзорасида ва Протоеколи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.

    Ҳамзамон қайд гардид, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳаҷми боркашонӣ бо Украина 2 972 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 37 фоиз (2 170 тонна бор) зиёд гардидааст. Инчунин дар самти нақлиёти роҳи оҳан бошад, ҳаҷми боркашонӣ дар ин давра 10 215 тоннаро ташкил намуд.

    Сипас аз ҷониби Директори ҶДММ “Запоржский механический завод”  оид ба таъмир намудани вагонҳои боркашу мусофирбарӣ ва таъмин намудани қисмҳои эҳтиётӣ таклифу пешниҳодҳо ироа гардида, аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” идомаи ҳамкориҳо дастгирӣ ёфтанд.

     Дар маҷмуъ вохурии мазкур дар фазоӣ корӣ ва дӯстона баргузор гардид.