Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ОЯНДАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ дар Женева нишасти вазирон доир гардид

Санаи нашр: 11-02-2025 Просмотрено: 4213

10 феврал дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи иҷлосияи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), бо ташаббуси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мулоқоти вазирони кишварҳои штирокчии СПЕКА дар мавзӯи «Ояндаи нақлиёт» баргузор гардид. Дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ширкат намуд.

 

Дар нишаст масъалаҳо вобаста ба таҳкими соҳаи нақлиёти ҷаҳонӣ, ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳо ва муайян намудани мушкилот, имкониятҳо ва роҳандозии чораҳои калидӣ ҷиҳати ноил шудан ба дурнамои устувор ва самараноки соҳа мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуд.

Ширкаткунандагон роҷеъ ба он, ки то соли 2050 дар соҳаи нақлиёт чӣ тағйитрот ба амал хоҳад омад, изҳори назар намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷаҳон хеле зуд тағйир меёбад, бинобар ин бояд ҳамқадами замон буд. Технологияҳои нав ба вуҷуд меоянд, раванди рақамикунонӣ торафт суръати бештар пайдо мекунад – аз ин пешрафтҳо бояд бархӯрдор буд ва онҳоро ба нафъи рӯзгори  инсонҳо истифода бурд. Технологияҳои нав ба мо имкон фароҳам меоранд, ки худро беҳтар кунем ва зиндагии беҳтар дошта бошем.

Рақамикунонӣ ҳамчун раванди глобалӣ дар соҳаи нақлиёт ба таври бебозгашт пеш меравад. Нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатару бароҳаттар мешавад. Ояндаи нақлиёт ба мошинҳои барқӣ ва бесарнишин мансуб хоҳад буд.

Аҳли нишаст ба хулоса омаданд, ки аз руйдоҳои ҷаҳон пайваста бохабар бояд буд, барои фаҳмидан ва дарк кардани нозукиҳои рушди илм ва технология мақолаҳои илмиро бештар  мутолаа бояд кард.