Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи КИА СММ мулоқоти дуҷониба доир намуд

Санаи нашр: 10-02-2025 Просмотрено: 4863

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар доираи сафари кории худ ба Швейтсария имрӯз дар қароргоҳи СММ дар Женева («Қасри миллатҳо») бо Котиби иҷроияи Кумисиони иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ; UNECE) Татьяна Молчан мулоқоти дуҷониба доир намуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Кумиссиони иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирӣ дар баргузор намудани семинари омузишӣ оид ба рақамикунонии боркашонӣ дар Осиёи Марказӣ аз 26 то 27 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати  содда кардани алоқаи нақлиётӣ, инчунин барои таҳияи Нақшаи миллии амал оид ба рақамикунонии  соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли гузашта  анҷом дода шуд, изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ба «Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии бор» (КИББ) аз 19.05.1956 ҳамроҳ шуд. Илова бар ин, соли 2019 ҷумҳурӣ  протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии борро, ки ба интиқоли электронии e-CMR дахл дорад, ба тасвиб расонид.

Дар баробари ин, моҳи ноябри соли 2020,  вақте ки се мошини боркаш бо нӯшокиҳои ғайриспиртӣ аз Тоҷикистон баромада, тавассути Узбекистон ба макони ниҳоии худ дар Қазоқистон расиданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолияти системаи рақамии TIR-EPD (Transports Internationaux Routiers;  Международные Дорожные Перевозки) оғоз бахшид. Дар доираи ин интиқол дар Тоҷикистон бори аввал системаи пешниҳоди пешакии иттилооти электронӣ ба мақомоти гумрук мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо дарназардошти он, ки то ҳол на ҳамаи кишварҳо ба бисёре аз ин ҳуҷҷатҳо ҳамроҳ шудаанд, масъалаи нақши долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ дар таъмини ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади рушди устувор ва татбиқи пурраи ҳуҷҷатҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии бор то ҳол барои Тоҷикистон мушкили асосӣ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, Вазири нақлиёти ҶТ аз ҳамсӯҳбати худ хоҳиш кард, ки барои ҳарчӣ зудтар насб кардани нармафзор дар ин самтҳо мусоидат кунад.

Вазир ёдовар шуд, ки соли 2022 дар назди Вазорати нақлиет КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд, ки барои ҷорӣ кардани системаҳои рақамии назорат, ки ба танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳатто дар минтақаҳои дурдаст имкон медиҳанд, пешбинӣ гардидааст .Илова бар ин, 12 июли соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ҳамоиши махсус баргузор гардид, ки дар он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ (ММДН) дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби зиёда аз 40 давлати аъзои СММ дастгирӣ ёфт.

29 октябри соли 2024 ин ду марказ дар Вазорати нақлиёт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҶТ  муҳтарам Руситами Эмомалӣ расман  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни  суҳбат бо Котиби иҷроияи  КИА СММ Татяна Молчан Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии минбаъдаи техникии Маркази минтақавии дипломатия ва ҳамгироии он бо платформаи LearnITC КБЭ СММ ва  Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт бо Обсерваторияи байналмилалии инфрасохтори нақлиётӣ (International Transport Infrastructure Observatory) изҳори умед кард.

«Инчунин хоҳиш менамоем, ки дар таҳияи «Стратегияи нақлиёт, логистика ва хатсайрҳои алтернативии байналмилалӣ» ба мо  кумаки техникӣ расонед, -  изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, - Тавре медонед, Тоҷикистон кишвари хоси кӯҳистон буда, бо кишварҳои дорои хусусияту ақидаҳои сиёсии худ ҳамсарҳад аст. Аз ин рӯ барои мо ҳамеша хатсайрҳои алтернативӣ хеле муҳим мебошанд».

Дар навбати худ, хонум Татьяна Молчан ба муҳокимаи минбаъдаи ин пешниҳодҳо ва таҳияи барномаи муштараки амал изҳори омодагӣ кард.         

«Шумо дар минтақа модел ва намунаи ибрат ҳастед», - зикр кард Котиби иҷроияи КИА СММ дар ҷараёни арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт. 

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ва Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода иштирок намуданд.