Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ГУВОҲИНОМА ДОШТАН НИШОНАИ БОСАЛОҲИЯТ ВА БЕХАТАР БУДАН АСТ. Дар Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2024 баргузор гардид

Санаи нашр: 29-01-2025 Просмотрено: 2604

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти  №АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»,  имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2024 доир гардид. 

Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, муовинони ӯ, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат ва ҳузури 30 нафар хабарнигорон – намояндагони АМИТ «Ховар», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «СССР», «Фараж»,  хабаргузориҳои «Азия плюс», «Авеста», ТВ «Мир», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», Радиои «Озодӣ», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе» ва дигар ВАО баргузор шуд.

Дар нишасти матбуотӣ муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода ширкат намуд.

Дар оғози нишаст ба рӯзноманигорон  маълумотнома (пресс-релиз) дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар соли 2024 пешниҳод карда шуд.

Сипас Вазири нақлиёт ва намояндагони масъули вазорат ба суолҳои  хабарнигорон оид ба фаъолият дар самтҳои гуногуни соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла зарурияти таъсиси Фонди роҳ, сохтмони метро дар Душанбе, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, бунёди эстакадаҳо дар  пойтахт, тамбашавии воситаҳои нақлиёт, гирифтани рухсатномаҳо ҷиҳати ҳамлу нақли бор ба кишварҳои хориҷӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва ғайра  посухҳои мушаххас доданд. 

Зикр карда шуд, ки соли гузашта 134,4 млн. тонна бор бо гардиши 14,0 млрд. тонна/км ва 1020,0 млн. мусофир бо гардиши 13,5 млрд. мусофир/км интиқол дода шудааст. Ба ибораи дигар, нисбати соли 2023 боркашонӣ 11,5%, гардиши бор 15,7%, мусофирбарӣ 13,4% ва гардиши мусофирон 16,3% зиёд гардидааст.

Айни ҳол дар соҳа 2908 адад корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият ва 887 хатсайри мусофирбарӣ (181 шаҳрӣ, 507 наздишаҳрӣ, 168 байнишаҳрӣ ва 31 байналмилалӣ)   фаъолият мекунанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 666074 адад воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, 52362 боркаш, 16554 мусофирбар, 587074 сабукрав, 6013 адад воситаҳои нақлиёти махсус ва 4071 мотоқикл ба қайд гирифта шудаанд.

Интиқоли байналмилалии бор дар соли сипаришуда ба 8992,2 ҳазор тонна ва мусофирбарӣ ба 130,7 ҳазор нафар расид. Нисбат ба як соли пеш   ҳаҷми боркашонӣ 104,8% ва мусофирбарӣ 117,1%-ро ташкил  дод. Дар давраи ҳисоботӣ 5977 тонна борҳои транзитӣ кашонида шуд, ки нисбат ба як  соли   пеш 2912 тонна зиёд  аст.

Гуфта шуд, ки ҳамлу нақли 95,1% борҳо ва 99,8% мусофирон дар ҷумҳурӣ тавассути  нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ  бо нақлиёти автомобилӣ 127,7 млн. тонна бор ва 1018,5 млн. нафар мусофирон интиқол дода шуданд, ки ин нисбат ба соли 2023 мутаносибан 8,2% ва 11,4% зиёд мебошад.  Беш аз 30,3% (39,8 млн.тонна) ҳаҷми боркашонӣ ва 90,3% мусофирбарӣ (904,1 млн. мусофир) тавассути корхонаю муассисаҳои  системаи Вазорати нақлиёт интиқол дода шудааст.

Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 56,3%-ро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 1% кам аст.

Интиқоли байналмилалии бор бо нақлиёти автомобилӣ ба 2,7 млн. тонна бор (бо гардиши 7,8 млрд.тонна/км) ва 72,7 ҳазор нафар мусофир (бо гардиши  50,94 млн. нафар/км) баробар шуд, яъне нисбат ба соли 2023 боркашонӣ 109,6%, гардиши бор 113%, мусофирбарӣ 166,7% ва гардиши мусофирбарӣ 166,7% -ро ташкил намуд.

Ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 69,3 фоизи борҳои байналмилалӣ ба роҳи оҳан рост меояд. Дар ин давра 6 млн. 712 ҳазор тонна бор ва 456 ҳазор нафар мусофирон интиқол дода шуданд. 

Соли гузашта  бо истифода аз ҳамаи манбаҳои маблағузорӣ  1541,2 км роҳҳо,  202 адад пул бо дарозии 7764,5 метр ва 169 адад қубур бо дарозии 1816 метр аз таъмир бароварда шуда, дар 9998,5 км роҳу пулҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.   

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин давра 5508 маротиба санҷишу рейдҳо гузаронида, 74611 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст

Дар давраи ҳисоботӣ КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ба муассисаҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёт дар маҷмуъ 310446 адад гувоҳинома (сертификат) додааст, ки аз ин миқдор 709 адад сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, 10717 адад сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 299020 адад сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ  мебошанд. Нисбат ба соли 2023 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ 95,5%, сертификати салоҳиятнокии касбӣ 133% ва сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ 131,7%-ро ташкил додаанд. 

«Доштани сертификат ё гувоҳинома нишонаи аз ҷиҳати касбӣ босалоҳият ва аз ҷиҳати техникӣ бехатар будан аст», - иброз дошт Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва илова намуд, ки мутобиқи қонугузории ҷории кишвар воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт ҷавобгӯ бошанд. Воситаҳои нақлиёте, ки сертификатсия нашудаанд, ҳуқуқи истифода шуданро надоранд. Салоҳиятнокии касбии кормандони муассисаҳои нақлиётӣ бо доштани ҳуҷҷати таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии махсус тасдиқ карда мешавад. Ба ҷуз ин, онҳо бояд на камтар аз як маротиба дар панҷ сол курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро бо тартиби муайяннамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ гузаранд.

Ба гуфтаи Вазир, сертификате, ки аз тарафи нуқтаи баркашии вазни мошинҳои боркаш дода мешавад, бояд ба намунаи тасдиқшудаи сертификати байналмилалии боркашии воситаҳои нақлиёт мутобиқат кунад.