Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ТОҶИКИСТОН ФОНДИ РОҲ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД. Дар кишвар ислоҳоти фарогир дар соҳаи роҳу нақлиёт ҷараён дорад

Санаи нашр: 27-01-2025 Просмотрено: 3354

Бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад. Дар ин бора қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2024  ба имзо расид.

 

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 669, ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки якҷоя бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати то се моҳ бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ пешниҳодҳо манзур намояд.

Бояд зикр кард, ки фонди роҳ дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият мекунад. То оғози солҳои 1990-ум чунин фонд дар кишварҳои ИДМ низ вуҷуд дошт, аммо баъдан он барҳам дода шуд. Солҳои охир фонди роҳ дар ин кишварҳо низ аз нав таъсис дода шуданд.

Ҳамин тариқ, барқарорсозии Фонди роҳи Тоҷикистон ҳамчун низоми  маблағгузории устувор ва доимии буҷетии бунёду нигоҳдории роҳу пулҳо қадами навбатӣ дар роҳи  дигаргунсозии ҷиддии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон хоҳад гардид, ислоҳоте, ки 4 сол пеш оғоз гардида буд.   

Мавриди зикр аст, ки 23 декабри соли 2020 дар ҳамоише дар мавзӯи «Системаи ягонаи нақлиётӣ-логистикӣ» дар Вазорати нақлиёт қарор қабул карда шуд, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ ва коркарди рақамии варақаҳои роҳ ва борҳо ба роҳ монда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамон сол ба низоми «равзанаи ягона»-и тартиб додани амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ гузашт.

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2022 таҳти № 617 дар назди Вазорати нақлиёти кишвар КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд. 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёт ташриф  оварданд ва Сарвари давлат расман Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт, инчунин Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва озмоишгоҳи наву муосири КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Моҳи сентябри соли 2023 дар кишвар бори аввал дар таърих  барӯихатгирии дороиҳои роҳ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи роҳҳои автомобилгард оғоз пазируфт. Барои иҷрои ин кор Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд системаи  муосири ROMDAS-ро, ки аз ҷониби ширкати Data Collection Limited (DCL) - и Зеландияи нав таҳия ва истеҳсол шудааст,ба даст овард.

Маъракаи мазкур аз роҳи автомобилгарди байналмилалии дорои аҳамияти стратегӣ «Душанбе – Кулма» оғоз ёфт, ки дарозии он ба 1008 км баробар аст.

Ба ҳолати то охири моҳи октябри соли 2024, аз 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ қарор доранд, маълумот дар бораи дороиҳои 5261,7 км роҳҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 94,5% - ро ташкил медиҳад.

Системаи электронии Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт  бо равзанаи   Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шуда, барои содда гардонидани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад.

«Дар радабандии охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба сифати роҳҳо дар соли 2024 Тоҷикистон дар байни 165 кишвари ҷаҳон дар ҷои 44-ум қарор гирифт», - гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабр зимни ироаи Паёми худ ба Парлумон кишвар. Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҷумҳурӣ мавқеи худро дар муқоиса бо  радабандии қаблӣ шаш мавқеъ беҳтар кардааст.

То имрӯз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи ҳамаи 45 санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба танзими фаъолият дар самтҳои гуногуни  соҳа, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда буданд, ба анҷом расонид ва ин санадҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  ва мавриди амал қарор дода шуданд. Ба қатори  ин санадҳо Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум; Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум; Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум; Тартиби пешбурди номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ; Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявб; Меъёри солонаи иаблағгузорӣ барои таъмир ва нигоҳдории як километр роҳҳои автомобилгард вобаста ба категория ва макони ҷойгиршавии онҳо; Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард; Номгӯи нишондиҳандаи омории ҳаракат дар роҳ ва ғайра дохил мешаванд.  

Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Маскав чунин изҳор дошта буданд: «Дар шароити савдо ва бартараф намудани монеаҳо дар роҳи ҳаракати озоди молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ дар самти суръат, эътимоднокӣ ва сифати ҳамлу нақл низ боло меравад. Бо ин мақсад, мо дар соҳаи нақлиёт ба ислоҳоти ҷиддии фарогир шуруъ кардаем».