Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандони соҳаи роҳу нақлиёт баргузор гардид, ки дар он ҷанбаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар оғози маҷлис Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим Паёми сарвари давлатро яке аз рӯйдодҳои калидии ҷомъиятиву сиёсӣ дар ҳаёти кишвар номид.
«Паём ҳуҷҷати барномавӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ буда, дар он назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои стратегии рушди кишвар дар ояндаи наздик ифода меёбад. Дар робита ба ин, бодиққат омӯхтану дарк намудани ин ҳуҷҷат, пайваста ба он муроҷиат кардан ва ба таври васеъ шарҳ додани нуктаҳои асосии он дар байни аҳолӣ бисёр муҳим ва муфид аст», - гуфт Вазир.
Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки дар маҷлис иштирок ва суханронӣ кард, бо хушнудӣ тазаккур дод, ки бино ба Паёми Президент дар бисёр соҳаҳо пешрафти чашмрас ба даст омадаст. Дар айни замон Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад ва дар татбиқи стратегияу барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад.
Маликшо Неъматзода бо ишора ба Паёми Сарвари давлат рақамҳои зеринро ёдовар шуд: соли 2024 бори аввал ҳаҷми умумии ММД-и кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид ва суръати воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 4 баробар ва дар маҷмӯъ 100 фоиз зиёд карда шудааст. Дар тӯли ин солҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, сармоягузории дохиливу хориҷӣ барои рушди Тоҷикистон беш аз 197 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ – аз шифохонаву ва кӯдакистонҳо то роҳу пулҳои автомобилгарди замонавӣ ва эстакадаҳои сеқабата бунёд гардиданд.
Дар ин замина, муовини аввали Раиси ҲХДТ иншооти азими энергетикии сохташаванда – НБО Роғунро махсус зикр карда, онро «офаридаи» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид. Маҳз Сарвари давлат ҳашт сол муқаддам ба ин амали бузургу таърихӣ даст заданд ва ба сохтмони ин бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшиданд. Тавре Президенти мамлакат дар Паёми худ изҳор доштанд, то имрӯз қариб 50 фоизи корҳои сохтмони он ба анҷом расидаанд.
Сарвари давлат дар ҷараёни ироаи Паёмашон хабари хуш расониданд: шуруъ аз моҳи майи соли 2027, аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф карда мешавад ва Тоҷикистон ба истиқлолияти мутлақи энергетикӣ ноил мегардад.
Маликшо Неъматзода ба вазифаҳои муҳими дарпешистода низ, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр шуданд, тамаркуз кард: соли 2025 бояст оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Дар иртибот ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 таҳти № 911 низ ба имзо расид.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷамъбасти маҷлис изҳор дошт, ки ҳадафи тамоми фаъолиятҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, қабули стратегияҳо, нақшаҳо ва барномаҳо, имзои қарорҳо ва фармонҳо, сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти зарурӣ, гузариш ба «иқтисоди сабз», рақамикунонии соҳаҳо, рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа, муқовимат ба коррупсия, ҷалби сайёҳон ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар маҷмуъ як чиз аст: таҳкими сулҳу субот дар тамоми сайёра, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо давлатҳои дигари дунё, рушди кишвари мо ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон.
«Пешвои миллат дар Паёми худ инро ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд», - хулоса кард Вазири нақлиёт.
Дар поёни ҷамъомад муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода ба Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим медали ҷашнии «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро эъто намуд.