Хабарҳо

Blog

Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёт

Санаи нашр: 16-11-2021 Просмотрено: 415

     Рўзи 16 ноябри соли равон бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он нахуст Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик гуфт.

Табрикоти Вазири нақлиёт

 

    Бо ифтихору самимияти бепоён Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо табрик гуфта, таманно мекунам, ки сулҳу суботу оромии кишвар, ки маҳз ба шарофати ин рўзи фирўз насиби мо гардидааст, ҳамеша пойдору, ҷовидон бошад.

Таҷлили Рӯзи Президент дар қатори дигар санаҳои таърихӣ барои мардуми кишвари мо муҳиму муқаддас мебошад. Зеро он рўз тақдири халқи Тоҷикистон ба шахсияти бузурге вобаст гардид, ки тавонист сулҳу осоиштагиро ба мардуми як кишвари қариб аз байнрафта ҳадя кунаду аз як кишвари ҷангзада Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро бунёд гузорад. Имрўз бо шарофати ин рўзи нек Тоҷикистонро дар арасаи ҷаҳон мешиносанду тоҷикистониён аз он мефахаранд.

Дўстони азиз!

Чун ба вазъи кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори мушкилотанд, менишгарем, рўзҳои сангини бар сари мардуми мо ҳам ома­да, пеши назар ҷилвагар мегарданд. Вале мо мардуми хушбахту хушиқбол будем, ки бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде, чун Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар сари қудрат омаду лаҷоми ҷангу хунрезиро саривақт гирифта, бо заҳмату талошҳои шабонарўзӣ осудагиро дар Вата­ни ҷангзада таъмин ва гуре­загонро ҷамъ овард.

    Маҳз бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин бо салоҳияту заҳматҳои  босамари Президент ба даст омаданд, дар қонунгузории кишварамон рўзи 16 ноябр - Рўзи Президент пазируфта шудааст.

   Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Аз ин хотир, мо Тоҷикистониён, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки ин санаи тақдирсоз, яъне 16 – уми ноябр барои мо чигуна муқаддас аст. 

Агар ба вазъи имрўза дар дигар кишварҳои олам на­зар андозем, беихтиёр аз ободиву осудагии кишвари худ, ки дар тўли 30 сол ба он шарафёб гардидем, ифтихор мекунем.

Бахусус, дастовардҳои соҳа, ки тавассути заҳмату дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар давоми Истиқлоли давлатӣ ба даст омаду хеле зиёданд, ки ҳар бор аз онҳо ном мебарем вале муҳим он аст, ки маҳз ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони мо тавассути роҳ ва пулҳои навсохташудаву эҳёгардида аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта ба кишварҳои ҷаҳон пайваст гардид.

       Мо бояд шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Ин маҳбубияти Президентамон буд, ки мардуми кишвар тақдирашонро танҳо ба ў бовар дошта, танҳо ўро Президанти интихоб карданд ва дар маросими савгандёдкуниашон боз аз садоқати худ ба халқу Ватан чунин баён доштанд: «Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам. Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад».

   Сарвари хирадмандамон аз рӯзҳои аввали роҳбарикунӣ таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.

    Тавассути талошҳои Пешвои миллат кишварамон ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.

      Бо назардошти хамаи корнамоиҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

      Бо ташаббуси Президенти маҳбубамон Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Роҳбари давлат аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Тоҷикистон дар  ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд. Ҳурмату эҳтиромашон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.

        Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Пешвои миллат намунаи олии ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан ва ҷомеа мебошад.

      Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунад. Ба монанди бузургони илму фарҳанг ва қаҳрамонҳои Тоҷикистон, ки имрўз аз онҳо бо ифтихор ҳарф мезанем. Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон абадан боқӣ хоҳад монд.

Ҳозирини гиромӣ!

Лоиқ Шералӣ  як байти машҳур дорад:

Тоҷанд ту бо гузаштагон менозӣ,

Бо Рўдакиву ба Саъдии Шерозӣ,

Вақт аст, к - аз сари минбари озоди сухан,

Хаёми дигар Ҳофизи дигар созӣ.

Мо бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ метавонем, гуфт Президенти кишвари мо тавонист ба мисли ин бузургон фарҳангу адабиёту ҳастии миллатро зинда нигоҳ дорад, тавонист ба мисли Исмоили Сомонӣ давлати Тоҷикистонро эҳё кунаду бопарҷо нигоҳ дорад. Пас чаро ин Рўзро муқаддас нашуморему аз сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон пайравӣ накунем? Мо бояд эҳтиромашро ба ҷо орем. 

Бори дигар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи бунёди давлатдории Тоҷикон ба ҳамаи  Шумо муборак бод, ҳамкасбони азиз!